Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.

Таърих гувоҳ аст, ки занон-модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.

Ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллии тоҷикона, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, барои ҳар як зан-бонуи тоҷик шарт ва зарур аст. Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Занону духтарони атласу адрас ва чаканпӯши зебои тоҷик бо тасвиру рангҳои дилкаши либоси худ, анъанаҳои фарҳанги миллии моро пеши назарамон ҷилвагар менамояд. Анъанаҳои фарҳанги миллии мо зиёд буда, онҳо бо хусусияту моҳияти хоси худ, таърихи офариниш ва ривоҷу равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.

Либоси миллии дигари халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас истеҳсол шуда, бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳо либоси миллӣ медӯзанд. Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад.

Халқи тоҷик, воқеан ҳам, либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина, моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба занҳои тоҷик хитоб намуда, таъкид карданд, ки ба бегонапарастию тақлидкорӣ роҳ надиҳед, зеро бегонапарастӣ аввалан либоси миллиро аз байн мебаранд, дуввумин забон бо ҳамин тарз давлатро. Инчунин, Роҳбари давлат борҳо ба занҳои тоҷик муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: “Як бор ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, ки чӣ хел сару либос мепӯшиданд, чӣ хел рӯмолҳои сафеди докагинро ба сар мебастанд, хело зебо ва шинам”. Пас моро мебояд, ки дар пайравӣ аз суханони Пешвои миллат ба бегонапарастию хурофотпарастӣ роҳ надода, либоси тоҷиконаи худамонро ба бар кунем.

Мо бояд кӯшиш намоем, ки либоси миллии мо машҳуру маъмул шавад ва бо фахр бигӯем: “Мо тоҷикем!”

 

Миҷгона ШАРИПОВА,

ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ