ПАЁМ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, як воқеияти муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, ба воситаи ин на танҳо хулосаи фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли гузашта, балки стратегияи рушди ояндаи кишвар низ муайян мегардад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлил ва арзёбии вазъи кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар таҳия шуда, мақсади аслии он пешниҳоди идеяҳо, лоиҳаҳо ва нақшаҳо барои беҳтар кардани ҳаёти мардум ва рушд додани кишвар мебошад.
Мазмуни Паём одатан ба масъалаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, таъмини амният, рушди иҷтимоӣ ва фарҳанг, таҳкими демократия ва ҳуқуқи инсон, инчунин, ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст. Президенти кишвар дар Паём ба дастовардҳои солҳои гузашта ишора мекунанд ва барои рафъи мушкилот ва идомаи рушди устувор нишонҳо ва роҳҳои нави ҳалли онҳоро пешниҳод мекунанд.
Ваҳдати миллӣ ва таҳкими якпорчагии кишвар, яке аз мавзуъҳои муҳими Паёми Президент ба ҳисоб рафта, он ба аҳамияти ҳамкории ҳамаҷониба миёни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, миллатҳо ва фарҳангҳо равона гардидааст ва меъёрҳои таҳкими сулҳ ва амниятро дар ҷомеа ташвиқ менамояд.
Таъкид ба рушди иқтисоди миллӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, дар Паём хеле муҳим арзёбӣ мегардад ва Президенти кишвар барои рушди соҳаҳои стратегӣ, ба монанди кишоварзӣ, саноат ва хизматрасонӣ чораҳои махсус пешниҳод менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми шаҳрвандони кишвар ва кормандони давлатӣ ҳамчун роҳнамо ва стратегия барои рушди оянда хизмат мекунад ва он ба шаҳрвандон итминон медиҳад, ки давлат ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ диққати махсус медиҳад ва барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум тадбирҳо меандешад. Ин Паём имкон медиҳад, ки миллат дар роҳи рушди устувор ва пешрафт қарор гирад.
Дар Паёми Президенти кишвар ба аҳамияти рушди иқтисодиёти устувор, ташаккули шароити мусоид барои истеҳсолот ва инчунин, ба нақши саноати сабук, кишоварзӣ ва туризм ҳамчун соҳаҳои асосии рушди иқтисодӣ ишора карда шуд.
Ҳамчунин, дар Паём қайд гардид, ки доир ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Масъалаи меҳварии Паём ин таваҷҷуҳи Роҳбари кишвар пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб мерафт, қайд гардид, ки ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ як қатор корҳоро дар ин самт анҷом додан мумкин аст. Ин тадбирҳо тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Ҳамчунин, дар баробари ин, Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», инчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар Паём иброз гардид, ки бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ вазифаи шахсони мутасаддӣ бояд бошад, чунки бо таъмин намудани интернет рушди тамоми соҳаҳои ба иқтисодиёти рақамӣ гузаштаистода таъмин карда мешавад.
Инчунин, дар ин Паём аҳамияти бештар ба таълим ва илм ҳамчун асоси тараққиёти кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд ва барои рушди соҳаи илм, таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва ҷалби ҷавонон ба илм ва технологияҳои нав тавсия гардид.
Паёми Президент ҳамчун санади муҳиме дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки ба сӯи тараққиёт, ваҳдат ва ободӣ роҳнамоӣ мекунад. Ин Паём на танҳо ҳолати кунунии кишварро инъикос мекунад, балки ҳамчун барномаи амалӣ барои Ҳукумат ва ҷомеа барои оянда арзёбӣ мешавад. Барои амалӣ кардани ин Паём, ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҳукумат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон зарур аст.
Исматилло АҲАДОВ,
устоди кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng