Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон, ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни тадбир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ - Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, асъори миллӣ - сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳон дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар 15 давлати хориҷӣ сафоратхонаҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагии 30 ташкилоти байналмилалӣ, 9 намояндагии муассисаву ташкилотҳои СММ фаъолият доранд.

Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ - «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардида буд. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сӯи мустақилияти комил буд.

Бо вуҷуди он ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, бо вуҷуди ин андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва боигариҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.

Ҳамин тариқ, Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.

Баъд аз ин, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шурои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд.

Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонун «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.

Солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми давлати абарқудрати шуравӣ ҷунбише барои дигаргунии сиёсӣ ба вуҷуд омада буд, ки ин ҷунбиши сиёсӣ тақдири бисёр халқҳоро ба таври худ ҳал намуд. Декабри соли 1990 Анҷумани чоруми Шуроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани раъйпурсии умумииттифоқӣ оид ба нигоҳ доштани Иттиҳоди Шуравӣ қарор қабул кард. 71,3%-и аҳолӣ тарафдори нигоҳ доштани Иттиҳоди Шуравӣ овоз дода буданд.

19 августи соли 1991 дар Москва Кумитаи давлатии фавқулода таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда, ҷумҳуриҳои Эстония, Украина, Белоруссия, Озарбойҷон, Узбекистон ва якчанд ҷумҳуриҳои дигар худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравиро дошт.

Ин ҷумҳуриҳо 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск дар бораи Иттиҳоди давлатҳои мустақил созишнома бастанд. Сарони 11 ҷумҳурӣ дар Алмаато ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардиданд. 25-уми декабр Президенти ИҶШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абарқудрати Шуравӣ аз байн рафт.

Дар Тоҷикистон истиқлолиятхоҳӣ аз воқеаҳои февралии соли 1990 сар шуд. 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шуравии таҷдидёфта қабул намуд.

Дар моддаи 4-уми Эъломия дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ акс ёфтааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад».

Дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ҶШС Тоҷикистон «ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад. Ҳамин тавр, соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон хусусияти хоси худро дошта, аз рӯи нақшаю барномаи муайяне амалӣ нагардидааст.

35 сол қабл аз ин дар Тоҷикистон нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода буд. Акнун ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба эҳёи беҳтарин анъанаҳои гузашта, афзун гардонидани ҳамаи сарватҳои моддию маънавӣ ва баланд бардоштани менталитети миллӣ кӯшиш намуда, ваҳдати миллиро арҷгузорӣ намояд ва ба пояндагии он бо меҳнату фаъолияти ҳаррӯзаи худ саҳмгузор бошад.

 

Қутбия ҲОМИДОВА,

н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ