ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ПОЯГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву таърихӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Ин рӯз рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, он фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири тоҷикон.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бояд таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини кишвар ва қадршиносӣ аз хизматҳои роҳбарияти давлат дар марҳилаҳои тақдирсози таърихи миллат мебошад. Зеро таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бидуни баррасии нақши роҳбарияти сиёсии кишвар дар давраи ташаккули давлатдории навин тасаввур кардан душвор аст.
Ҳамаи мо хуб медонем, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик давраи ниҳоят вазнин ва пурфоҷиа буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифтор намуда, хатари парокандашавии давлат ва халалдор гардидани ваҳдати миллиро ба миён оварда буд. Дар он рӯзҳои сарнавиштсоз, ки мардум бо мушкилоти зиёди зиндагӣ рӯ ба рӯ буданд, масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таъмини сулҳу субот ба вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеа табдил ёфт.
Маҳз дар чунин шароити мураккаби таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, барои наҷоти давлат, сарҷамъ намудани миллат ва барқарорсозии сулҳу субот талошҳои пайгирона анҷом доданд. Бо иродаи сиёсӣ, ҷасорат, масъулиятшиносӣ ва эътимод ба ояндаи миллат раванди мураккаби барқарорсозии давлатдорӣ ва музокироти сулҳ оғоз гардид.
Сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар барои расидан ба ризоияти миллӣ заминаи воқеии барқарорсозии суботи сиёсӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ ва рушди минбаъдаи давлатро фароҳам оварданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар он рӯзҳои сангин Пешвои миллат бо азму иродаи устувор ва эътимоди комил ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон барои расидан ба сулҳу оромӣ талош мекарданд. Имрӯз натиҷаи он талошҳо дар фазои орому осуда, ваҳдати миллӣ, фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ ва имкониятҳои васеи рушди мамлакат таҷассум меёбад.
Яке аз дастовардҳои муҳимми ин марҳилаи таърихӣ бозгардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан мебошад. Бо талошҳои роҳбарияти кишвар садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тарки манзилу диёри худ намуда буданд, ба сарзамини аҷдодӣ баргаштанд. Барои онҳо шароити бозгашт, зиндагии осоишта ва аз нав бунёд намудани манзил фароҳам оварда шуд. Ин раванд дар таърихи муосири тоҷикон ҳамчун яке аз саҳифаҳои муҳимми сулҳофарӣ ва эҳёи муносибатҳои ҷамъиятӣ боқӣ мондааст.
Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби тамаддуни куҳан, фарҳанги воло, хиради созанда ва анъанаҳои пурғановати давлатдорӣ мебошад. Мо ҳамчун ворисони арзандаи ниёгони бузургамон бояд аз таърихи пурифтихори худ сабақ гирифта, арзишҳои миллӣ ва мероси давлатдории аҷдодиро гиромӣ дорем. Номҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Деваштич, Муқаннаъ ва Спитамен дар саҳифаҳои таърих ҳамчун рамзи ҷасорат, озодихоҳӣ, давлатсозӣ ва мубориза барои ҳифзи арзишҳои миллӣ сабт гардидаанд.
Ҳамзамон, хизматҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо шахсиятҳои дигари таърихӣ дар эҳёи худшиносии миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими давлатдории тоҷикон аҳаммияти бузург доранд.
Имрӯз ҳифзи ин мероси гаронбаҳои таърихӣ, идомаи анъанаҳои давлатдорӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Маҳз бо талошҳои роҳбарияти кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда, бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.
Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Ба андешаи ман, ҳар як фарди ҷомеа, новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоӣ, бояд дарк намояд, ки истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳо буда, ҳифзу таҳкими онҳо масъулияти умумимиллӣ мебошад. Мо бояд ин арзишҳоро на танҳо бо сухан, балки бо амал, меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳифз намоем.
Боиси ифтихор аст, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин давра барои рушди инфрасохтори мамлакат, бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар баробари ин, соҳаҳои тандурустӣ, иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва сохтмон низ марҳила ба марҳила рушд карда истодаанд.
Ин равандҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд. Дар ин замина, идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти махсус доранд.
Пойтахти маҳбуби кишвар - шаҳри Душанбе низ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гардидааст. Имрӯз Душанбе бо симои муосири меъморӣ, хиёбону кӯчаҳои обод, биноҳои муҳташам, муассисаҳои замонавӣ, боғу гулгаштҳои зебо ва инфрасохтори рушдёбанда ба яке аз шаҳрҳои зебои минтақа табдил ёфтааст.
Пойтахти азизамон на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки макони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, маркази рушди илму фарҳанг ва муаррифгари шоистаи тамаддуну фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бинобар ин, мо, сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, низ ифтихор дорем, ки дар раванди созандагиву ободкорӣ саҳми худро мегузорем. Зеро ободии ҳар як маҳалла, кӯча, муассисаи таълимӣ ва иншооти иҷтимоӣ дар маҷмӯъ ба пешрафти пойтахт ва таҳкими нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки сиёсати давлатии кишвар танҳо ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ маҳдуд намегардад. Тарбияи насли худогоҳу худшинос, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва забони давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби фарҳанги сулҳ низ аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат саҳми фаъол дошта бошем. Бо меҳнати содиқона, риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият метавонем барои наслҳои оянда Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.
Мо бояд на танҳо рӯзи 16 ноябр, балки ҳар рӯзи зиндагии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ сипарӣ намоем. Зеро эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои таърихӣ пеш аз ҳама бояд дар фаъолияти созанда, муносибати самимӣ ба Ватан ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа таҷассум ёбад.
Ҳамчун шаҳрвандони ин сарзамини соҳибистиқлол, мо бояд дар ҳар гӯшаи олам, ки бошем, бо ифтихор аз Тоҷикистони азиз, таъриху тамаддуни пурғановати он ва дастовардҳои даврони истиқлолият ёд намоем. Зеро ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба давлату миллат аз муҳимтарин рукнҳои худшиносии ҳар як инсон ба шумор мераванд.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, дар симои шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо умри дароз, саломатии бардавом, саодати рӯзгор, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидона, пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ ва ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, умри дароз ва муваффақиятҳои нав дар роҳи хизмат ба халқу Ватан таманно дорам.
Гулрухсор ҲАБИБОВА,
ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng