Сарзамино, бин, замину осмон моро шинохт,

Мо ҷаҳон бишнохтему ин ҷаҳон моро шинохт,

Шуд парешон хасм, ҷамъи дӯстон моро шинохт,

Парфишон сад парчами рангинкамон моро шинохт.

Низом Қосим

Дар шароите, ки ҷаҳон рӯз то рӯз бо низоъҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ рӯ ба рӯст, масъалаи сулҳ ба арзиши олии тамаддуни инсонӣ табдил ёфтааст. Имрӯз сулҳ низоми мукаммали муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад, ки дар заминаи адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ташаккул меёбад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки арзиши сулҳро на аз китобҳои таърих, балки аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ омӯхтааст. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ боис гардида, ки сиёсати давлатӣ ба ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва густариши фарҳанги муколама асос ёбад. Имрӯз Тоҷикистон ташаббускори сиёсати сулҳпарварона дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Дар таърихи афкори сиёсӣ ва фалсафа сулҳ ҳамеша ҳамчун арзиши олӣ арзёбӣ шудааст. Афлотун ҷомеаи одилонаро заминаи сулҳ медонист. Арасту сулҳро шарти рушди давлат меҳисобид. Иммануил Кант бошад, нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо дар асоси ҳуқуқ, адолат ва ҳамкории байни давлатҳо таъмин мегардад.

Ба андешаи ман, таҷрибаи ҷумҳуриамо ин андешаҳои классикиро бо воқеияти сиёсӣ пайваст намуд. Ҳамин тавр, дар давлати мо сулҳ фалсафаи давлатдорӣ гардид. Мақсад ин ки дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат маҳсули муколама, бахшиш, созиш ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ гардид. Маҳз ҳамин хусусият ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон арзиши нодири сиёсиву фарҳангӣ мебахшад.

Дар марҳилаи бисёр ҳассоси таърихи кишвар, вақте ки ҷомеа бо буҳрони амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, масъалаи асосӣ барқарор намудани сохтори давлатдории миллӣ ва эҳёи эътимоди мардум ба давлат буд.

Дар ин доира, суханони таърихии пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба шумо сулҳ меорам...» баёнгару таҷассумгари масъулияти таърихӣ, иродаи сиёсӣ ва бовар ба ояндаи миллат гардид.

Аз нигоҳи фалсафа, роҳбарӣ дар шароити буҳрон, пеш аз ҳама маънои масъулиятро дорад. Пешвои миллат маҳз ҳамин масъулиятро ба зимма гирифта, сиёсати давлатро ба сӯи оштии миллӣ, муколама ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ равона намуданд.

Дар натиҷа, давлатдории миллӣ аз хатари аз байн рафтан ҳифз гардид, низоми идоракунии давлатӣ барқарор шуд, садҳо ҳазор гуреза ба Ватан баргаштанд, фазои эътимод байни ҷомеа ва давлат эҳё гардид, инчунин, ваҳдати миллӣ ба меҳвари рушди ҷомеа мубаддал шуд.

Ин таҷриба нишон дод, ки дар фалсафаи давлатдорӣ қудрати воқеӣ дар эътимоди мардум, адолат ва масъулияти сиёсӣ таҷассум меёбад.

Фалсафаи давлатдорӣ собит месозад, ки сулҳ бидуни ваҳдат устувор буда наметавонад. Агар сулҳ ҷангро хотима диҳад, ваҳдат рушди ҷомеаро таъмин мекунад.

Маҳз баъди барқарор гардидани ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро оғоз намояд.

Дар ин давра, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфт, сохторҳои давлатӣ мустаҳкам гардиданд, иқтисоди миллӣ рушд кард, инфрасохтори кишвар навсозӣ шуд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг густариш ёфтанд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки сулҳ сармояи асосии рушди давлат мебошад. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки байни сулҳ, амният ва рушди устувор робитаи ногусастанӣ вуҷуд дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан аз ҳалли масъалаҳои дохилӣ ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ густариш ёфт.

Аввал ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд.

Имрӯз бошад, кишвари мо масъалаи таҳкими сулҳи ҷаҳониро ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии худ табдил додааст.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати сулҳпарварона мебошад.

Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 июни соли 2026 далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи арзишманд пазируфтааст. Ин санад дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ахлоқӣ мебошад, зеро он ҷаҳонро аз сиёсати вокуниш ба сиёсати пешгирии низоъҳо роҳнамоӣ мекунад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими қатъномаи мазкур дар он аст, ки он ба фарҳанги пешгирии низоъҳо асос ёфтааст.

То имрӯз бисёр давлатҳо танҳо баъд аз сар задани ҷанг барои барқарор намудани сулҳ кӯшиш мекарданд. Аммо ташаббуси Тоҷикистон масъалаи дигарро матраҳ менамояд: бояд пеш аз оғози низоъ шароити сулҳ фароҳам оварда шавад. Ин андеша ба принсипҳои муосири дипломатияи байналмилалӣ пурра мувофиқат мекунад.

Пешгирии низоъҳо тавассути рушди маориф, густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва тақвияти муколама нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ҷанг садҳо маротиба самараноктар мебошад. Аз ин рӯ, қатъномаи мазкур дорои аҳамияти сиёсӣ ва моҳияти амиқи фалсафӣ мебошад.

Дар ҷаҳони муосир сулҳ дар тафаккури инсон ташаккул меёбад. Агар ҷаҳон мехоҳад сулҳи пойдор дошта бошад, бояд ҷомеаи маърифатнок, таҳаммулпазир ва масъулро тарбия намояд.

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, рушди илм, технологияҳои нав, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин нишон медиҳад, ки сулҳи асри XXI дигар танҳо бо воситаҳои сиёсӣ таъмин намегардад. Он ба сатҳи дониш, фарҳанг, маърифат ва ҷаҳонбинии ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳ ва ваҳдат маҳсули тафаккури миллӣ, масъулияти роҳбарӣ, иродаи ҷомеа ва эҳтироми арзишҳои инсонист.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи барқарорсозии сулҳи дохилӣ ба ташаббускори таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» муваффақияти дипломатияи тоҷик ва эътирофи таҷрибаи таърихии давлатдории навини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар шароити муосир сулҳ ба сармояи асосии рушди инсоният табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар давлат, ҳар ҷомеа ва ҳар шаҳрванд тарбияи фарҳанги сулҳ барои наслҳои оянда маҳсуб меёбад.

Маҳз дар ҳамин аст моҳияти фалсафии сиёсати давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзиши умумибашарии ташаббусҳои байналмилалии давлати мо ба таҳкими амният, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат мекунанд.

Абдулло ДАВЛАТЗОДА, омӯзгори ДДМИТ