СИЁСАТИ СУЛҲОФАРИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ:
аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ
(Андешаҳо дар ҳошияи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”)
“Сулҳу субот неъмати бебаҳост. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ давлат рушд мекунад, миллат муттаҳид мегардад ва ҷомеа ба ояндаи худ бо эътимод менигарад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷаҳон имрӯз, сарфи назар аз пешрафтҳои бесобиқаи илму техника, рушди технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳанӯз ҳам аз мушкилоти печидаи сиёсиву амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои иқтисодиву экологӣ ранҷ мебарад. Башарият беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳи пойдор, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо ниёз дорад.
Дар чунин шароити пуртазод, ҳар ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тавсеаи фарҳанги муколама ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни давлатҳо равона шудааст, аҳамияти фаромиллӣ ва стратегӣ пайдо мекунад. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ метавон қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии солҳои охир арзёбӣ намуд.
Ин санади муҳим танҳо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳоди навбатии Тоҷикистон набуда, балки пеш аз ҳама, эътирофи сиёсати пайгирона, созанда ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, сулҳ, субот, ҳамкории созанда, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалиро тавассути муколама дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар табдил додааст.
Марҳилае, ки Тоҷикистон дар ин самт тай намуд, воқеан бесобиқа аст. Агар дар оғози солҳои навадуми асри гузашта кишвари мо ба сулҳу оромӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ дошт, имрӯз ба яке аз ташаббускорони фаъол ва эътирофшудаи таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин дигаргунӣ натиҷаи тасодуф нест, балки маҳсули таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, ки аз меҳвари дидгоҳу ҷаҳонбинӣ, ҳикмату фалсафаи башардӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон берун омада, марзнопазир гардиддаст, мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон собит намуд, ки сулҳ танҳо ба маънои хотима ёфтани ҷанг нест. Сулҳ муҳити эътимод, ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдорӣ, рушди иқтисодӣ ва кафолати ояндаи устувори давлату миллат мебошад. Маҳз ҳамин таҷриба имрӯз ба маҳаки асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаи ташаббусҳои байналмилалии он мубаддал гардидааст”.
Ташаббусҳои пайдарпайи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва инак таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аз як ҷаҳонбинии ягона сарчашма мегиранд. Ҷавҳари ин ҷаҳонбиниро эътиқоди устувор дар роҳи сулҳи пойдор, рушди бемайлони давлатдорӣ, ҳалли мусолиҳатомези моҷарову низоъ ва бархурдҳои глобалӣ дар бар мегирад.
Аз ҳамин нигоҳ, қабули Қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии фаъоли равандҳои байналмилалӣ, балки яке аз давлатҳои ташаббускор дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад. Ин воқеият бозгӯи он аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз доираи арзишҳои миллӣ фаротар рафта, ба як модели эътирофшудаи дипломатияи сулҳофари байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Агар ба омӯзиши давлатдории навини тоҷикон аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ ва таърихӣ назар афканем, ба як воқеияти раднопазир рӯ ба рӯ мешавем: дар таърихи муосир кам кишвареро метавон ёфт, ки пас аз пушти сар кардани ҷанги дохилии харобиовар дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ ба яке аз ташаббускорони фаъоли сулҳ дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфта бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз чунин роҳи пурмашаққат, вале ибратомӯзу пурифтихорро тай намуд. Аз ҳамин рӯ, ҳангоми арзёбии сиёсати сулҳофаринии имрӯзаи Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд ба афкори сулҳоваринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон рӯ овард. Зеро маҳз ҳамин ду сарчашмаи асоси ташаккули дипломатияи сулҳофаринии кишвари мо ҷиҳати пушбарӣ намудани ташаббусҳои байналмилалӣ гардид.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз буд. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ давлати ҷавони моро ба яке аз сахттарин озмоишҳои таърихӣ рӯ ба рӯ сохт. Хисороти бузурги иқтисодӣ, талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати иҷбории садҳо ҳазор шаҳрванд, фалаҷ гардидани фаъолияти бисёр ниҳодҳои давлатӣ ва коста шудани эътимоди мардум ба фардо кишварро дар остонаи фоҷиаи миллӣ қарор дода буд.
Дар чунин вазъ танҳо роҳбаре метавонист давлатро аз хатари парокандагӣ наҷот диҳад, ки дорои иродаи қавии сиёсӣ, масъулияти баланди миллӣ, ҷаҳонбинии умумимиллӣ ва эътимод ба неруи ваҳдатсози мардум бошад.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пояи муколама, оштии миллӣ, бахшиши ҳамдигар ва ҳифзи манфиатҳои олии давлату миллат ташаккул ёфт. Интихоби роҳи гуфтушунид ба ҷойи муқовимат, фарҳанги бахшиш ба ҷойи интиқом ва манфиати умумимиллӣ ба ҷойи ихтилофҳои сиёсӣ барои расидан ба сулҳи пойдор ва ҳамгироии миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Арзиши таърихии сулҳи тоҷикон маҳз дар он аст, ки нахустин бор дар таърихи давлатдории навини мо фарҳанги муколама ҳамчун василаи асосии ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ, низоӣ ва иҷтимоӣ ба як унсури устувори давлатдорӣ табдил ёфт ва минбаъд ҳамин ҷаҳонбинӣ ба ташаккули сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбии амиқ гузошт. Бо гузашти солҳо сулҳ барои Тоҷикистон ба арзиши муҳими давлатдорӣ мубаддал гардид. Имрӯз шоҳид ҳастем, ки тамоми барномаҳои стратегии рушди кишвар, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу густариши истиқлолу якпорчагии мамлакат, таъмини амнияти миллӣ ва сиёсати байналмилалии ҷумҳурӣ дар пояи ҳамин ҷаҳонбинӣ асос ёфта, устуворона Ватани моро ба сӯи ояндаи дурахшон равона намуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ боз як ҳақиқати муҳимро собит намуд, ки сулҳи пойдор на танҳо омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки сарчашмаи болоравии обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ гардидааст. Зеро давлате, ки худ бо роҳи муколама ва ризоияти миллӣ ба сулҳ расидааст, имрӯз метавонад бо ҳаққи маънавӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо даъват намояд. Маҳз дар ҳамин замина метавон аз шаклгирии “Мактаби сулҳофаринии Тоҷикистон” сухан гуфт, бар пояҳои афзалияти муколама бар муқовимат, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳамкории созанда, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди мутақобила, арзишҳои инсонӣ ва масъулияти муштарак барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Бартарии асосии ин мактаб дар он аст, ки он аз таҷрибаи воқеии таърихии миллати тоҷик сарчашма мегирад. Яъне агар ба назари ибрат нигарем, Тоҷикистон нахуст сулҳу ваҳдатро дар дохили кишвар таъмин намуд ва баъдан ҳамин таҷрибаро ҳамчун сармояи сиёсиву маънавии худ ба арсаи байналмилалӣ пешниҳод кард. Аз ин рӯ, нақши имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллати он ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли масъалаҳои сулҳ дар ҷаҳон падидаи тасодуфӣ набуда, балки идомаи мантиқии ҳамон таҷрибаи таърихист, ки миллати тоҷик дар яке аз душвортарин марҳилаҳои давлатдории навини худ бо хиради сиёсӣ ва иродаи миллӣ аз сар гузаронид.
Бинобар ҳамин, агар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, салҳои 2027-2036” аз як ҷониб муваффақияти навбатии дипломатияи Тоҷикистон бошад, аз сӯи дигар, моҳияти аслии ин санад бозгӯи таҳаввули рушдёбандаи тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаи сулҳ мебошад. Чунки тӯли даҳсолаҳо муносибати ҷомеаи байналмилалӣ асосан ба рафъи оқибатҳои низоъҳо равона гардида буд. Вале аввалин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалияшон зарурати равона кардани таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии низоъҳо, таҳкими фарҳанги муколама, рушди эътимоди байни давлатҳо ва тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиро дарк ва пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ сохтанд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” баёнгари он аст, ки сулҳ бояд ҳамчун як раванди доимӣ, фарҳанги сиёсӣ ва арзиши умумии инсоният пазируфта шавад, на танҳо ҳамчун натиҷаи анҷоми ҷанг ё созиши байни тарафҳои даргир.
Ин андеша аҳамияти стратегии хос дорад. Зеро сулҳе, ки танҳо пас аз сар задани низоъ ҷустуҷӯ мешавад, ҳамеша бо талафоти ҷонӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ҳамроҳ аст. Аммо сулҳе, ки бар пояи пешгирии ихтилофҳо, таҳкими эътимод ва густариши фарҳанги ҳамзистии осоишта бунёд мегардад, барои рушди устувори ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ин ифодаи як консепсияи муосири муносибат ба масъалаи сулҳ мебошад. Ин консепсия ҷомеаи ҷаҳониро ба он раҳнамун месозад, ки сиёсати байналмилалӣ бояд на фақат ба идоракунии низоъҳо баъди сар заданашон, балки бештар ба пешгирии онҳо такя кунад. Маҳз ҳамин дидгоҳ аст, ки ба ташаббуси Тоҷикистон аҳамияти фарогири байналмилалӣ мебахшад. Он таҷрибаи сулҳи тоҷиконро аз доираи як воқеаи таърихии миллӣ фаротар бароварда, ба унвони як таҷрибаи омӯзанда дар хидмати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Ба ҳамин маънӣ, қабули қатъномаи мазкур нишонаи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистонро эътироф кардааст.
Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан назаррас аст. Зеро маҳз таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ ва эътирофшуда таҷрибаи оштии миллӣ ва эҳёи давлатдорӣ тадриҷан ба як модели сиёсӣ табдил ёфт, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Набояд ин нуктаро низ сарфи назар кард, ки ҳоло, дар шароите ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави амниятӣ, густариши низоъҳои минтақавӣ, ифротгароӣ, терроризм ва рақобатҳои геополитикӣ рӯ ба рӯ мебошад, аҳамияти чунин ташаббусҳо боз ҳам бештар мегарданд. Зимнан, Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаи худ паёми равшанеро пешниҳод мекунад, ки сулҳи пойдор танҳо дар сурати мавҷуд будани иродаи сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, фарҳанги муколама, арҷгузории инсонҳо ва масъулияти муштараки давлатҳо таъмин мешавад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” на танҳо як санади ҳуқуқии байналмилалӣ, балки оғози марҳилаи нави тафаккури сиёсӣ дар масъалаи сулҳ мебошад. Тоҷикистон бошад, дар ташаккули ин ҷаҳонбинии нав ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъол ва соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзанда дорад.
Бо камоли хушнудиву сарафрозӣ метавон гуфт, ки имрӯз нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш афзуда, кишварамон дар баррасии масъалаҳои глобалӣ пайваста бо ташаббусҳои амалгаро, созанда ва ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад мекунад. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва имрӯз таҳкими сулҳ занҷираи ягонаи як сиёсати дурбинона мебошанд, ки инсон, амният ва рушди устуворро дар меҳвари худ қарор додааст.
Маҳз ҳамин пайдарпайӣ нишон медиҳад, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон на бар пояи иқдомҳои мавсимӣ, балки бар асоси як дидгоҳи стратегӣ шакл гирифтааст. Дар маркази ин дидгоҳ эътиқод ба он қарор дорад, ки сулҳ, амният, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ аз ҳам ҷудонопазир мебошанд. Ҳар қадар ҳамкории байни давлатҳо густариш ёбад, ҳамон андоза имкони пешгирии низоъҳо ва таҳкими суботи ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Бешубҳа, дастгирии пайвастаи ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад. Ин эътимод ба яке аз сармояҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манфиати миллию давлатӣ табдил ёфтааст.
Аз ҳамин нигоҳ, ташаббуси Тоҷикистон дар бораи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” навъе даъват ба ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар меҳвари он инсон, амният ва масъулияти муштарак қарор доранд. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки сиёсати сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии давлат табдил ёфтааст. Зеро ҳар давлате, ки сулҳро дар меҳвари сиёсати худ табдил медиҳад, метавонад аз ҳудуди манфиатҳои миллӣ фаротар рафта, дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзанда гузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз маҳз чунин рисолати масъулона ва сулҳпарваронаро дар арсаи байналмилалӣ иҷро менамояд.
Бобоҷон САТТОРЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng