Кабиров Абубакр Тиллоевич яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъол буда, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедраи математикаи олӣ фаъолият менамояд. Ӯ дорои дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика мебошад.

Фаъолияти омӯзгории худро аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз намуда, дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Солҳои 2008-2012 дар вазифаи ассистент ва омӯзгори кафедраи математикаи олӣ, солҳои 2012-2019 ба ҳайси муаллими калон фаъолият намуда, аз соли 2019 то имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ кору фаъолият менамояд.

Яке аз дастовардҳои муҳими илмии ӯ ба соли 2021 рост меояд. Дар ҳамин сол рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Оид ба ҳалшавандагии баъзе масъалаҳои канории сингулярии назарияи функсияҳои аналитикӣ» ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ гардидааст.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии Кабиров А. Т. методикаи таълими математика ва назарияи функсияҳои тағйирёбандаашон комплексӣ мебошанд. Ӯ дар ин самтҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, дар рушди донишҳои назариявӣ ва амалии соҳаи математика саҳми арзанда мегузорад.

Мавсуф муаллифи 3 монография, 1 монографияи коллективӣ, 5 китоби дарсӣ, 7 васоити таълимӣ ва 9 дастури таълимӣ мебошад. Ҳамчунин, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методии ӯ дар маҷаллаҳо, маҷмуаҳои илмӣ ва маводи конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба нашр расидаанд.

Хусусияти муҳими фаъолияти омӯзгории ӯ таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат мебошад. Ӯ дар омода намудани донишҷӯён ба озмунҳо ва конференсияҳои илмӣ саҳм дошта, ба рушди қобилиятҳои таҳқиқотӣ ва тафаккури мантиқии онҳо аҳаммияти махсус медиҳад.

Аз ҷумла, соли 2025 дар Конференсияи XVII байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия баргузор гардидааст, аз рӯйи се номинатсия сазовори дипломҳои дараҷаи якум ва сертификатҳо гардидааст. Ҳамчунин, маърузаҳои илмии ӯ дар конференсияҳои апрелии донишгоҳ дар солҳои 2023, 2024 ва 2025 аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шудаанд.

Барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва дастовардҳои илмӣ Кабиров Абубакр Тиллоевич бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ифтихорномаҳои донишгоҳӣ қадрдонӣ шудааст.

Дар баробари фаъолияти таълимӣ ӯ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар самти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон ба омода намудани рисолаи докторӣ машғул мебошад.

Кабиров Абубакр Тиллоевич омӯзгори соҳибтаҷриба, олими сермаҳсул ва шахси масъулиятшинос мебошад. Таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ, фаъолияти илмӣ, асарҳои таълифнамуда ва саҳми ӯ дар тарбияи донишҷӯён аз муносибати ҷиддӣ ва масъулиятшиносонааш ба касби омӯзгорӣ шаҳодат медиҳанд. Ӯ бо дониш, таҷриба ва фаъолияти созандаи худ дар рушди таълими математика дар донишгоҳ саҳми арзанда мегузорад.

Ин чароғҳо роҳи хайр аз дониш аст.

Дар дили эшон амал афрӯхтааст,

Ҳар саҳар бо меҳри гарму ҷилвагард.

Ҷумла шогирдон бигаштаанд пурсамар,

Сарфи умратро бикарди тарбия.

Чунки рӯ оранд бар донишат ҳама,

Баҳри дарсу зиндагият дар амал.

Роҳи росту пок гардид пурсамар,

Ин Кабири ҳаст устоди ҳалим.

Номи пурзураш бигрдидааст аз ин,

Ӯ ба изат шахси бе карру фар аст.

Ҳамчу олим раҳкушо дар дафтар аст.

 

Фахриддин РАҲИМОВ,

устоди кафедраи иқтисодиёти сабз ва захираҳои табиии ДДМИТ