Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштаанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».

Пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон дар замони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва кӯтоҳандеш ба объекти таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ табдил ёфта, бинобар надоштани маълумоти кофӣ ва дарки дурусти вазъият ба доми ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша меафтанд. Маънои истилоҳи «ифротгаро» аз ду ҷузъ иборат аст: «ифрот» ба маънои аз ҳад гузаштан ва «гаро» ба маънои майл кардан ё гаравидан мебошад.

Мутаассифона, ҷавонони содалавҳ ва зудбовар бештар ба ин гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ояндаи худро зери хатар мегузоранд. Тавре ки ҳамагон медонем, терроризм ва экстремизм аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Амалҳои террористӣ бо истифода аз техникаву технологияҳои муосир, силоҳ ва воситаҳои нави алоқа сол ба сол муташаккилона ва бераҳмона анҷом дода мешаванд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ сохторҳои гуногуни пинҳонӣ, анборҳои силоҳ ва маводи тарканда ташкил намудаанд. Онҳо дар бисёр мавридҳо зери ниқоби ширкатҳо, бонкҳо, фондҳо, фирмаҳо ва гурӯҳҳои гуногун фаъолият мекунанд. То замоне ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ як минтақа наметавонад худро комилан дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба ин масъала чунин иброз намуда буданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Дар ҷомеаи имрӯза терроризму экстремизм дар манотиқи мухталифи олам торафт доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва инчунин сарсону овора шудани ҳазорҳо нафар сокинони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Бадбахтона, гурӯҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефта намуда, бо ваъдаҳои бардурӯғашон онҳоро ба коми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надорад, ба макру фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша бовар карда, оқибатҳои хатарноки чунин амалҳоро дуруст дарк накарда, дидаву дониста ба гурӯҳҳои нопоку ифротӣ шомил мешавад ва баробари мусаллаҳ шудан бо яроқу аслиҳа дар амалиёти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ иштирок мекунад. Муқовимат ба терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро яке аз омилҳои номатлуби замони муосир ҳисобида, дар тамоми зуҳуроташ онро қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд».

Беҳуда нест, ки бо мақсади пешгирӣ ва решакан намудани ин амали номатлуб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд бо муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ барои солҳои 2022-2026 қабул шудааст. Ҳадафи асосии барнома, пеш аз ҳама, вусъат бахшидан ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ мебошад. Ин барнома барои фароҳам овардани заминаи илмӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҳифзи боэътимоди инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз таҷовузи ҷинояткорона бо иштироки тамоми субъектҳои давлатӣ, мақомоти дахлдор ва ҷомеа равона шудааст. Экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ имрӯз ба зуҳуроти фаромиллии ҷинояткорӣ табдил ёфта, ҳамкории ҳамаҷонибаи доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хадамоти махсусро тақозо менамоянд.

Феълан, дар баробари рушди ҷомеаи башарӣ, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон чунин зуҳуроти манфии глобалӣ, аз қабили экстремизм, терроризм ва кибертерроризми байналмилалӣ низ густариш ёфта, дар шаклҳои нави таҳдидкунанда ба суботу вазъи сиёсии кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонанд. Ин падидаҳо ва амалҳои номатлуб дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба як «деҳаи калон» табдил додаанд, хусусияти боз ҳам мураккабтар касб мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо на танҳо барои кишварҳои абарқудрату пешрафта, балки барои давлатҳои аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар рушдёфта низ хатари ҷиддӣ доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон хулоса намуд, ки имрӯзҳо террористону ифротгароён дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон як ҳадафи асосиро пайгирӣ мекунанд: тавассути қурбониҳои зиёди инсонӣ ва амалҳои харобиовар дар байни мардум тарсу ҳарос ва нифоқ ба вуҷуд оварда, бо ин роҳ ба сиёсати давлатҳо фишор меоранд.

Бинобар ин, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбия ба масъалаҳои марбут ба хатару таҳдидҳои ҷомеаи муосир, бахусус пешгирии чунин падидаҳои номатлуб, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Ҳамзамон, бояд дар қалбу шуури толибилмон ва ҷавонон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносиро тарбия намуда, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят кунем. Барои ҳар яки мо ҳар як ваҷаб хоки Ватани ободу зебои соҳибистиқлоламон азизу муқаддас аст. Мо бояд ҳамеша ватандӯст, худогоҳ ва дурандеш бошем!

 

Яқубова Бахтинисо,

ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ