Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии кишвар, балки забони бесухани миллат ва оинаи таъриху зиндагии он мебошад. Дар ҳар як ранг ва нишони Парчам паёми бузурге нуҳуфтааст, ки бе сухан таърих, ғурур, ҳувият ва масъулияти миллиро ифода мекунад. Муносибати ҳар як шаҳрванд ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, сатҳи худшиносии миллӣ ва фарҳанги шаҳрвандии ӯро инъикос менамояд. Шаҳрванде, ки Парчами давлатиро эҳтиром мекунад, дар баробари ин ба арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва манфиатҳои ҷомеа низ арҷ мегузорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчам на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки пеш аз ҳама, ифодаи эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.

Парчам оинаест, ки дар он гузаштаи пурифтихор, имрӯзи созанда ва ояндаи умедбахши миллати тоҷик таҷассум ёфтааст. Дар фарҳангу таърихи тоҷикон парчамдорӣ аз қадим мақоми хос дошта, аз замони Дирафши Ковиён ҳамчун рамзи мубориза, озодӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст. Ин анъанаи таърихӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ мазмуну шакли нав касб намуд.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо қабули рамзи расмии давлатӣ, балки қадами муҳим дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва оғози саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мерафт.

Парчами давлатии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи рангаи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед бо зарҳал тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира тасвир шудаанд. Ҳар яке аз рангҳо ва унсурҳои Парчами миллӣ дорои мазмуни амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад.

Ҳамин тавр, маҷмӯи рангҳо ва рамзҳои Парчами давлатӣ таърихи пурифтихор, арзишҳои миллӣ, ормонҳои мардум ва талошҳои созандаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд.

Дар раванди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассир доранд. Таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба баланд бардоштани мақоми рамзҳои давлатӣ ва тарғиби эҳтиром ба онҳо ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ табдил ёфтааст.

Парчами давлатӣ забони бесухани миллат аст, ки таърих, хотира ва ормонҳои онро дар худ таҷассум менамояд. Вақте ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, бе сухан аз мавҷудияти миллати куҳанбунёд, давлати соҳибихтиёр ва мардуми сулҳпарвари он дарак медиҳад. Парчам нишонаи ваҳдату ягонагӣ, озодӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, парафшонии он дар арсаи ҷаҳон рамзи соҳибистиқлолӣ, эътирофи байналмилалӣ ва нуфузи кишвари мост. Он ҳамзамон рамзи сулҳу субот, сарҷамъии мардум ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад.

Парчам матои одӣ нест, балки оинаи хотираи таърихӣ ва нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ аст. Дар ин оина ҳар як шаҳрванд бояд симои худро ҳамчун вориси таърихи пурифтихор ва масъули ояндаи дурахшони кишвар бубинад. Эҳтиром ба Парчам, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таърих, миллат, давлат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Маҳз чунин муносибат метавонад мақому манзалати Парчами давлатиро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардорад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки нисбат ба Парчами давлатӣ эҳтироми самимӣ дошта бошад, онро ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ҳифз намояд ва дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз ёфта, дар ҷомеа ташаккул меёбад ва дар рафтору фаъолияти ҳар як шаҳрванди кишвар таҷассум меёбад.

Ҳамзамон, эҳтиром ба Парчами давлатӣ ҷанбаи ҳуқуқӣ низ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқири рамзҳои давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқири Парчами давлатӣ ё Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори содиршуда нисбат ба шахсони гунаҳкор чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд.

Аз ҷумла, амалҳои зерин метавонанд вобаста ба ҳолат ва мақсади содиршавӣ ҳамчун беэҳтиромӣ ё таҳқири Парчами давлатӣ арзёбӣ гарданд:

Қасдан пора кардан ё нобуд сохтани Парчами давлатӣ;

Сӯзонидани Парчам бо мақсади таҳқири он;

Олуда кардан ё поймол намудани Парчам бо мақсади паст задани шаъну эътибори давлат;

Истифодаи Парчами давлатӣ бо мақсадҳои таҳқиромез.

Парафшонии Парчами миллӣ танҳо нишонаи соҳибистиқлолии давлат нест, балки ифодаи ормонҳои ҳазорсолаи миллат, заҳмату талошҳои гузаштагон ва масъулияти насли имрӯз дар назди оянда мебошад. Мо бояд бо эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

Зеро то замоне ки Парчами миллӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон аст, рӯҳи озодӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми тоҷик ҳамчун арзишҳои волои миллӣ ҷовидон боқӣ хоҳанд монд.

 

Ш. РАШИДОВА,

Г. БАРОТОВА,

омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон