Донишгоҳ танҳо макони омӯзиши илм, азхудкунии донишҳои назариявӣ ва касбомӯзӣ набуда, муҳитест, ки дар он шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират, ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, тарбияи донишҷӯён дар баробари таълим яке аз вазифаҳои муҳим ва масъулиятноки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба шумор меравад.

Бо ин мақсад, дар донишгоҳ бо ташаббус ва заҳмати омӯзгорону масъулони сохторҳои гуногун пайваста чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ, озмунҳо, олимпиадаҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва нишастҳои гуногун доир мегарданд. Ҳадафи асосии чунин иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи дониш, густариши ҷаҳонбинӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, фарҳанги муошират ва масъулиятшиносии донишҷӯён мебошад.

Дар баробари ин, ҳама талошу заҳматҳо, мутаассифона, мушоҳидаҳои рӯзмарра нишон медиҳанд, ки бархе аз донишҷӯён ҳанӯз ҳам ба талаботи одитарини фарҳанги донишҷӯӣ ва меъёрҳои муоширати иҷтимоӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Яке аз ҳолатҳои нигаронкунанда рафтори баъзе донишҷӯён ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои донишгоҳӣ мебошад. Дар ҳоле ки омӯзгорон, мутахассисон ва меҳмонони даъватшуда бо омодагии ҷиддӣ суханронӣ намуда, андеша, таҷриба ва донишҳои худро баён мекунанд, бархе аз донишҷӯён ба муҳтавои барнома таваҷҷуҳ зоҳир накарда, дар толор хоб мераванд, бо ҳамдигар суҳбат мекунанд ё тамоми вақти худро ба телефонҳои мобилӣ сарф менамоянд.

Ин ҳолат на танҳо нишонаи бетаваҷҷуҳӣ ба чорабинӣ, балки беэҳтиромӣ нисбат ба меҳнати ташкилкунандагон ва суханварон низ мебошад.

Дар ин замина, ба андешаи мо, зарур аст, ки ҳангоми аксбардорӣ ва сабти наворҳо аз рафти чорабиниҳо на танҳо лаҳзаҳои расмӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён инъикос ёбанд, балки ба фарҳанги иштирок ва рафтори умумии ҳозирин низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Вақте донишҷӯ дар толор хоб меравад ё ба ҷойи гӯш кардани суханрониҳо бо телефони мобилӣ машғул мешавад, омӯзгорон ва масъулон набояд чунин ҳолатҳоро танҳо барои он ки дар аксҳо ё наворҳои нашршаванда симои чорабинӣ комилан мусбат намоён гардад, нодида гиранд.

Албатта, ин маънои онро надорад, ки донишҷӯён бояд мавриди таҳқир ё шармандасозӣ қарор дода шаванд. Балки мақсад ин аст, ки рафтори воқеии иштирокчиён бо риояи одоби касбӣ ва ҳуқуқи шахсии онҳо инъикос ёбад ва худи донишҷӯ низ дарк намояд, ки рафтораш аз назари ҷомеаи донишгоҳӣ дур намемонад. Агар ҳар як донишҷӯ масъулияти худро дар назди чорабинӣ эҳсос кунад, эҳтимол дорад, ки ба рафтору муносибати худ ҷиддитар назар намояд.

Ҳатто инъикоси дурусти чунин ҳолатҳо, бе таҳқир ва бе ошкор кардани шахсияти донишҷӯ метавонад барои дигарон низ сабақи ибрат гардад. Зеро толори донишгоҳ ҷойи хобу машғул шудан бо телефон нест, балки макони донишомӯзӣ, эҳтиром ва такмили маърифат аст.

Мушкилоти дигаре, ки набояд аз мадди назар дур монад, фарҳанги муоширати баъзе донишҷӯён дар роҳравҳо, саҳни донишгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Истифодаи суханони қабеҳ, бадгӯӣ, гуфтори дағал, баланд кардани овоз, муносибати номуносиб ва беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамдигар аз ҷумлаи ҳолатҳое мебошанд, ки ба муҳити солими таълимӣ созгор нестанд.

Бояд дарк намуд, ки фарҳанги инсон танҳо дар минбар, ҳангоми суханронӣ ё иштирок дар озмуну чорабиниҳо зоҳир намегардад. Он пеш аз ҳама дар муносибати ҳаррӯза бо атрофиён, тарзи сухан гуфтан, эҳтироми калонсолон, муошират бо ҳамсолон ва риояи одоби ҷамъиятӣ таҷассум меёбад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки нақши роҳбарони гурӯҳҳои академӣ дар тарбияи ахлоқӣ ва ташаккули фарҳанги донишҷӯён тақвият дода шавад. Суҳбатҳои инфиродӣ, вохӯриҳои мақсаднок ва баррасии мушкилоти мавҷуда дар гурӯҳҳо метавонанд барои пешгирии рафторҳои номатлуб мусоидат намоянд. Дар ин раванд муносибати инфиродӣ муҳим аст, зеро сабабҳои бетаваҷҷуҳӣ ва рафтори номуносиби донишҷӯён на ҳамеша яксонанд.

Дар ин замина, тақвияти ҳамкории омӯзгорон, роҳбарони гурӯҳҳои академӣ, падару модарон ва сохторҳои масъули тарбия зарур аст. Тарбияи шахсият танҳо дар доираи синфхона ва толори донишгоҳ сурат намегирад. Муҳити оила, муносибатҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотӣ низ ба ташаккули рафтори ҷавонон таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи ин ниҳодҳо метавонад натиҷаи бештар диҳад.

Албатта, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ, риояи қатъии қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ низ зарур аст. Нисбат ба ҳолатҳои такрории вайрон кардани интизом бояд дар доираи талаботи оиннома ва санадҳои амалкунанда муносибати одилона ва пайгирона амалӣ карда шавад. Зеро озодии донишҷӯ набояд ҳамчун иҷозаи беэҳтиромӣ ба дигарон ва сарфи назар кардани меъёрҳои рафтор фаҳмида шавад.

Тарбияи донишҷӯён танҳо вазифаи як сохтор ё як гурӯҳи омӯзгорон нест. Ин раванд масъулияти муштараки тамоми ҷомеаи донишгоҳӣ мебошад. Раёсати донишгоҳ, деканатҳо, омӯзгорон, роҳбарони гурӯҳҳои академӣ, шурои донишҷӯён ва худи донишҷӯён бояд дар ташаккули муҳити солими маънавию ахлоқӣ саҳми муносиб гузоранд.

Ҳар як донишҷӯ бояд дарк намояд, ки солҳои таҳсил танҳо давраи азхудкунии донишҳои назариявӣ нестанд. Ин давра замони ташаккули шахсият, одоб, ҷаҳонбинӣ, муносибат ба ҷомеа ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як донишҷӯ нисбат ба рафтору гуфтори худ масъулият эҳсос намуда, бо эҳтироми омӯзгорон, муносибати нек бо ҳамсолон ва риояи талаботи донишгоҳ намунаи ибрат бошад.

Имрӯз ҷомеа аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо мутахассисони соҳибкасб, балки ҷавонони соҳибмаърифат, дорои ахлоқи ҳамида, масъулиятшинос ва фарҳангдӯстро интизор аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки масъалаи тарбияи донишҷӯён дар баробари сифати таълим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.

Донишгоҳро на танҳо биноҳои зебо, толорҳои барҳаво, озмунҳо ва чорабиниҳои пуршукӯҳ, балки пеш аз ҳама дониш, одоб, фарҳанг ва рафтори донишҷӯёни он муаррифӣ мекунанд. Агар хоҳем, ки донишҷӯ мутахассиси варзида бошад, бояд ҳамзамон инсони бофарҳанг, соҳибэҳтиром ва масъулиятшиносро низ тарбия намоем. Зеро обрӯи донишгоҳ аз рафтори ҳар як донишҷӯи он оғоз меёбад!

 

Савринисо ДАВЛАТОВА,

муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ