Савдои одамон яке аз шаклҳои вазнинтарини поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, барои ҷомеаи муосир хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин зуҳуроти номатлуб новобаста аз синну сол, ҷинс, сатҳи маълумот ва вазъи иҷтимоӣ метавонад ба ҳар як инсон таҳдид намояд. Бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ин мушкилот шаклу миқёси нав касб карда, мубориза бо онро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Имрӯз ҷинояткорон барои пайдо кардан, ҷалб намудан, назорат ва истисмор кардани қурбониёни эҳтимолӣ ҳарчи бештар аз интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, замимаҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои рақамӣ истифода мебаранд. Тибқи гузориши Гурӯҳи ҳамоҳангсозии байниидоравии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон (ICAT), технологияҳои муосир метавонанд дар тамоми марҳилаҳои содир намудани ин ҷиноят истифода шаванд.

Яке аз роҳҳои паҳншудаи ҷалби қурбониёни эҳтимолӣ истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҷинояткорон саҳифаҳои қалбакӣ таъсис дода, тавассути онҳо дар бораи ҷойҳои кории ҷолиб, махсусан дар хориҷи кишвар, эълонҳо нашр мекунанд. Онҳо маоши баланд, манзили ройгон ва шароити мусоиди меҳнатиро ваъда медиҳанд. Дар натиҷа, шахсоне, ки мехоҳанд вазъи молиявии худро беҳтар намоянд, метавонанд ба доми чунин фиребгарон афтанд.

Илова бар ин, ҷинояткорон тавассути интернет бо қурбониёни эҳтимолӣ шинос шуда, тадриҷан боварии онҳоро ба даст меоранд, маълумоти шахсиашонро ҷамъоварӣ мекунанд ва баъдан онҳоро ба ҳолатҳои гуногуни истисмор ҷалб менамоянд. Ин гуна амалҳо махсусан барои кӯдакон ва наврасон хатарноканд, зеро онҳо на ҳамеша метавонанд фиребро сари вақт муайян карда, оқибатҳои эҳтимолии муошират бо шахсони ношиносро дар фазои маҷозӣ дарк намоянд.

Воситаҳои рақамии муосир ба ҷинояткорон имкон медиҳанд, ки шахсияти воқеии худро пинҳон намуда, ошкор кардани фаъолияти ғайриқонунии онҳоро душвор гардонанд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд аз саҳифаҳои қалбакӣ, замимаҳои рамзгузоришудаи муошират ва воситаҳои рақамии анҷом додани амалиёти молиявӣ истифода баранд. Интернет ҳамчунин ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша имконият медиҳад, ки фаъолияти худро васеъ намуда, қурбониёни нав пайдо кунанд ва шаклҳои гуногуни истисморро аз масофаи дур ташкил намоянд.

Яке аз ҷанбаҳои дигари нигаронкунандаи ин масъала истифодаи технологияҳо барои назорат ва фишор овардан ба қурбониён мебошад. Масалан, ҷинояткорон метавонанд тавассути низоми муайянкунии мавқеи ҷуғрофӣ (GPS) ҷойгиршавии шахсро пайгирӣ намуда, ҳаракат ва рафтори ӯро назорат кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо қурбониён бо таҳдиди паҳн кардани аксҳо ва наворҳои хусусӣ мавриди шантаж қарор мегиранд. Чунин амалҳо ба ҷинояткорон имкон медиҳанд, ки ба шахсони зарардида фишори равонӣ оварда, онҳоро дар ҳолати вобастагӣ ва истисмор нигоҳ доранд.

Савдои одамон ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Қурбониён метавонанд ба зӯроварӣ, таҳдид, меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ ва дигар шаклҳои поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон дучор гарданд.

Оқибатҳои истисмор бо истифода аз технологияҳои рақамӣ низ метавонанд хеле вазнин бошанд. Масалан, дар сурати паҳн гардидани аксҳо ё наворҳои хусусии шахс дар интернет, онҳо метавонанд муддати тӯлонӣ дар фазои маҷозӣ боқӣ монда, такроран нашр шаванд. Ин ҳолат метавонад боиси осеби равонӣ, паст гардидани эътимод ба худ ва мушкилоти иҷтимоии иловагӣ гардад. Аз ин рӯ, расонидани кумак ба қурбониён бояд на танҳо дастгирии тиббӣ ва равонӣ, балки ҳифзи маълумоти шахсӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои онҳоро низ фаро гирад.

Бо вуҷуди истифодаи васеи технологияҳои муосир аз ҷониби ҷинояткорон, бояд таъкид намуд, ки худи ин технологияҳо метавонанд ба воситаи муассири пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон табдил ёбанд. Дар гузориши ICAT зарурати истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқи чунин ҷиноятҳо таъкид шудааст.

Аз ҷумла, зеҳни сунъӣ метавонад барои таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот, муайян намудани амалиёти молиявии шубҳанок ва ошкор сохтани робитаҳои эҳтимолии байни шабакаҳои ҷиноятпеша мусоидат намояд. Технологияҳои шинохти чеҳра, бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, метавонанд дар муайян намудани шахсони гумшуда ва қурбониёни эҳтимолӣ аз рӯйи аксҳо ва наворҳои видеоӣ истифода шаванд. Ҳамчунин, тасвирҳои моҳвораӣ ва низомҳои иттилоотии ҷуғрофӣ метавонанд барои муайян намудани минтақаҳо ва иншооти эҳтимолан шубҳанок мусоидат кунанд.

Дар баробари ин, замимаҳои мобилӣ ва платформаҳои рақамӣ имкониятҳои нави иттилоотонӣ ва ҳимояи аҳолиро фароҳам меоранд. Тавассути чунин воситаҳо шаҳрвандон метавонанд дар бораи хатарҳои истисмори меҳнатӣ маълумот гирифта, ҳолатҳои шубҳанокро ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд ва барои дарёфти кумаки зарурӣ муроҷиат намоянд.

Ҳамин тариқ, технологияҳои рақамӣ на танҳо воситаи эҳтимолии содир намудани ҷиноят, балки абзори муҳимми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ мебошанд. Муборизаи самаранок бо савдои одамон талошҳои муштараки давлат, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои технологиро тақозо менамояд.

Аз ҷумла, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани мутахассисони соҳавӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва истифодаи мақсадноки технологияҳои муосир аз самтҳои муҳимми пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд ҳифзи кӯдакон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад.

Масъалаи савдои одамон дар замони рушди технологияҳои рақамӣ ба падидаи мураккабтар табдил ёфта истодааст. Интернет ва воситаҳои муосири алоқа барои ҷинояткорон имкониятҳои навро ҷиҳати ҷалб, назорат ва истисмори одамон фароҳам меоранд. Дар баробари ин, пешрафти илму техника ба давлатҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ имкониятҳои навро барои пешгирӣ, ошкор ва муқовимат ба чунин ҷиноятҳо пешниҳод менамояд.

Аз ин рӯ, вазифаи муҳимми ҷомеаи муосир аз он иборат аст, ки дастовардҳои илму технологияро ба манфиати ҳифзи инсон, озодӣ, амният ва шаъну шарафи ӯ равона созад. Барои расидан ба ин ҳадаф на танҳо фаъолияти мақомоти дахлдор, балки баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа зарур мебошад.

Ҳар як инсон бояд дар хотир дошта бошад, ки ваъдаҳои даромади осон, пешниҳодҳои шубҳаноки кор, бахусус дар хориҷи кишвар, ва шиносоӣ бо шахсони ношинос дар интернет метавонанд хатарҳои ҷиддиро дар худ пинҳон намоянд. Аз ин рӯ, огоҳӣ, эҳтиёткорӣ, санҷиши эътимоднокии пешниҳодҳо ва сари вақт муроҷиат намудан ба мақомоти дахлдор аз омилҳои муҳимми пешгирии савдои одамон ба шумор мераванд.

 

Фаридун САФАРЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ