ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШӢ: МУВОФИҚАТИ ОН БА МАКОНУ ЗАМОН БО НАЗАРДОШТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ АХЛОҚӢ
Дар ҷомеаи муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд, ҳифзи либоси миллӣ ва унсурҳои фарҳангии он аҳамияти махсус касб менамояд. Либоси миллӣ на танҳо мероси фарҳангӣ, балки рамзи ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд ҳангоми интихоби либос ба арзишҳои миллӣ, одоби шарқӣ, хоксорӣ ва зебоии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Маданияти либоспӯшӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва оинаи маънавияти ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ва тарзи либоспӯшии мардум аз қадимулайём ифодагари урфу одат, ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ ва ҳувияти миллӣ буда, дар ташаккули фарҳанги ҷомеа нақши муассир дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як инсон бояд ҳангоми интихоби либос ба макон, замон, арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ диққати махсус диҳад.
Ҳар як макон талаботи хоси худро дорад. Либоси инсон бояд ба муҳите, ки ӯ қарор дорад, мувофиқ бошад. Ин нишонаи фарҳанг, фаросат ва эҳтиром ба ҷомеа мебошад. Масалан, дар тӯю маъракаҳо ва ҷашнҳои миллӣ пӯшидани либосҳои миллӣ, аз қабили атлас, адрас ва чакан эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ маҳсуб ёфта, ҳувияти тоҷиконро муаррифӣ менамояд.
Ҳангоми ворид шудан ба зиёратгоҳҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас риояи либоси пӯшида ва хоксорона нишонаи эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои маънавию ахлоқӣ мебошад.
Замон низ дар интихоби либос нақши муҳим дорад. Инсон бояд вобаста ба фасли сол, вақти рӯз ва хусусиятҳои муҳит либоси муносиб интихоб намояд. Дар фасли зимистон истифодаи либосҳои гарм ва дар фасли тобистон либосҳои сабук ва бароҳат на танҳо роҳат, балки ҳифзи саломатиро таъмин мекунад.
Либоси рӯзона бештар сода ва расмӣ буда, барои чорабиниҳои идона ва шабона либосҳои мутаносибу зебо интихоб карда мешаванд. Бо вуҷуди рушди босуръати мӯди ҷаҳонӣ, ҳар як шахси худшинос бояд фарҳанги миллӣ ва одоби тоҷиконаро ҳифз намояд.
Либоси мувофиқ барои муассисаҳои таълимӣ, ҷойи кор, ҷашнҳо ва ҳаёти ҳаррӯза бояд фарқ дошта бошад. Содагӣ, тозагӣ ва озодагӣ ҳамеша нишонаи фарҳанги баланд ба шумор мераванд. Либоси аз ҳад зиёд ҷолиб ё номувофиқ метавонад таассуроти нодуруст ба вуҷуд оварда, ба меъёрҳои ахлоқӣ низ мувофиқат накунад.
Дар ҷомеаи имрӯза баъзе ҷавонон барои пайравӣ ба мӯд ё ҷалби таваҷҷуҳи дигарон аз ороиши барзиёд истифода мекунанд. Вале чунин тарзи ороиш на ҳамеша ба фарҳанги миллӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ мебошад. Ороиши аз ҳад зиёд метавонад ҳусни табиӣ ва симои аслии инсонро коста гардонад. Хусусан дар муҳити таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, содагӣ, покизагӣ ва хоксорӣ бештар писандида мебошанд.
Фарҳанги тоҷикона ҳамеша тозагӣ, хоксорӣ ва зебоии табииро тарғиб намудааст. Бинобар ин, ҳар як ҷавон бояд дар интихоби либос ва истифодаи ороиш меъёрро риоя намуда, ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорад.
Хулоса, маданияти либоспӯшӣ ва тарзи ороиш ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқати либос ба макону замон, инчунин худдорӣ аз ороиши барзиёд, нишонаи одоб, маърифат ва эҳтиром ба ҷомеа мебошад. Ҳифзи либоси миллӣ, риояи фарҳанги тоҷикона ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ дар тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва фарҳангпарвар аҳамияти бузург дорад.
Ҳар як шахс бояд дар интихоби либос ва ороиш ҳисси масъулият дошта, арзишҳои миллӣ, урфу одат ва талаботи замонро ба назар гирад, зеро либоси инсон оинаи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва муаррифгари шахсияти ӯ мебошад.
М. С. ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо духтарон ва занони
Тоҷ
Рус
Eng