Дар ҷомеаи имрӯза омӯзгорон нақши бисёр муҳим ва арзишманд доранд. Зеро маҳз омӯзгор аст, ки насли наврасро бо илму дониш, ахлоқи ҳамида ва ҳисси ватандӯстиву инсондӯстӣ тарбия менамояд. Омӯзгор чароғи роҳи зиндагӣ буда, бо меҳнати шабонарӯзии худ инсонҳоро ба сӯи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Аз ин хотир, эҳтиром ва қадрдонии омӯзгор барои ҳар як инсон қарзи виҷдонӣ ба шумор меравад.

Ман хушбахтам, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ва дорои устодони ботаҷрибаву дилсӯз дохил гардида, тули чор сол аз онҳо дар баробари илму дониш, сабақи худшиносиву ватандӯстӣ омӯзам. Ҳамчун донишҷӯи ДДМИТ мехоҳам аз самими қалб миннатдориву эҳтироми худро нисбат ба муаллимаи гиромӣ Румайсо Шерализода баён намоям. Муаллимаи азиз бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, одоби намунавӣ ва меҳрубонии худ дар дили ҳар як донишҷӯ ҷойи махсус доранд. Эшон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дарсҳоро шавқовар, фаҳмо ва пурмазмун гузаранд, то донишҷӯён донишҳои заруриро ба таври комил аз худ кунанд.

Дар ҳар машғулият муаллима на танҳо фанро меомӯзонанд, балки моро ба эҳтироми инсон, дӯст доштани Ватан, ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги муошират низ ҳидоят менамоянд. Ин гуна хислатҳои неки омӯзгорӣ боис мегардад, ки донишҷӯён ба дарсҳо бештар шавқу рағбат пайдо кунанд ва барои расидан ба ҳадафҳои худ талош намоянд.

Муаллима Румайсо Шерализода нисбат ба ҳар як донишҷӯ муносибати хуб дошта, барои пешрафти мо тамоми қувваю дониши худро сарф менамоянд. Ҳангоми душворӣ ҳамеша моро дастгирӣ намуда, бо суханҳои нек ва маслиҳатҳои муфид рӯҳбаланд месозанд. Чунин омӯзгорон воқеан, ифтихори ҷомеа ва сарвати маънавии миллат мебошанд.

Имрӯз мо донишҷӯён хуб дарк мекунем, ки комёбиҳои мо, пеш аз ҳама, аз заҳмати омӯзгорон сарчашма мегирад. Агар омӯзгор бо тамоми ҳастӣ фаъолият накунад, расидан ба қуллаҳои илм ва муваффақият хеле мушкил мегардад. Аз ин рӯ, меҳнати омӯзгор арзиши бениҳоят бузург дошта, сазовори қадрдонӣ мебошад.

Ман ба муаллимаи азиз барои тамоми меҳнату заҳмат, меҳрубонӣ, дастгирӣ ва дониши арзишманде, ки ба мо медиҳанд, аз самими дил сипосгузорӣ менамоям. Ба эшон, пеш аз ҳама, саломатии бардавом, хушбахтии рӯзгор, умри дароз, обрӯву эътибори баланд ва дар фаъолияти омӯзгорӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Бигзор, ҳамеша шогирдони муваффақ самараи меҳнати пуршарафи Шумо бошанд ва дар зиндагӣ ҳамеша сарбаланду муваффақ гардед.

Дар маҷмуъ, ба тамоми омӯзгорони азизи ДДМИТ барои меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дастгирӣ ва дониши арзишманде, ки ба мо медиҳанд, хушбахтии рӯзгор, умри дароз, неруи тоза ва дар фаъолияти омӯзгорӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

 

Маҳлиё ХОЛНАЗАРОВА,

донишҷӯйи курси 4 факултети молия ва қарзи ДДМИТ