ҒОЯҲОИ БАШАРДӮСТОНА ВА ИНСОНПАРВАРОНАИ КОНСТИТУТСИЯ
Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус дошта, рамзи эҳтиром ба Қонуни асосӣ, арзишҳои миллӣ ва пояҳои давлатдории соҳибистиқлол мебошад. Соли 2026 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Қабули ин санади муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувор фароҳам овард.
Таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия дар шароити мураккаби таърихӣ сурат гирифта, дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ аҳамияти бузург дошт. Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсии кишвар ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар раъйпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 беш аз 94 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз додаанд. Ин натиҷа аз иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва ҷонибдории ҷомеа аз қабули санади олии ҳуқуқии кишвар шаҳодат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз ғояҳои башардӯстона ва инсонпарварона буда, дар он анъанаҳои давлатдории миллӣ бо принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардидаанд. Маҳз ҳамин хусусият барои таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ба миён гузошта шуд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва муҳокимаи лоиҳаи санади мазкур бо иштироки шаҳрвандон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия таъкид намудаанд, қабули ин санади сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшида, барои пойдор гардидани рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ замина гузошт.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ин меъёр мазмуни башардӯстона ва инсонпарваронаи Қонуни асосиро инъикос намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат муайян мекунад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҷрибаи ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба инобат гирифта шуданд. Ин раванд барои ҳамоҳанг гардидани низоми ҳуқуқии миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.
Конститутсия сарчашмаи асосии низоми қонунгузории кишвар ба ҳисоб рафта, барои таҳия ва қабули қонунҳои соҳавӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сиёсати ҷавонон, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Аз ҷумла, дар соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 қабул гардида, муносибатҳои ҳуқуқиро дар ин соҳа ба танзим медарорад. Ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди низоми маорифи кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Қабули чунин санадҳо шаҳодат медиҳад, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ барои такмили қонунгузорӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши бунёдӣ дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар ин замина, соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби эҳтиром ба қонун ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дошт.
Бахусус, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон неруи созанда ва ояндаи давлату миллат буда, бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳ бошанд, қонунро эҳтиром намоянд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъол дошта бошанд.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ бояд аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити иҷтимоӣ идома ёбад. Дар ин раванд саҳми омӯзгорон, падару модарон, воситаҳои ахбори омма ва тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим мебошад.
Риояи қонун шарти асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд аст. Дар ҷомеае, ки қонун эҳтиром карда мешавад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳифз гардида, адолат ва суботи иҷтимоӣ таъмин мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар пешгирии қонуншиканӣ, мубориза бо падидаҳои номатлуб ва тарғиби фарҳанги ҳуқуқӣ саҳми худро гузорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ифодагари ормонҳои таърихии мардуми тоҷик мебошад. Он барои ташаккули давлати муосир, таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон заминаи устувор фароҳам овардааст.
Бинобар ин, омӯзиш, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд вазифаи доимии ҳар як шаҳрванди кишвар бошад. Танҳо дар сурати эҳтиром ба қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати устуворро бунёд намуд.
Ҳамидова Ниссо,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng