Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон, пешгирии исрофкорӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста равона гардидааст. Мақсади асосии он ба танзим даровардани ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои зиндагии осоиштаву шоистаи мардум мебошад.

Бо қабули қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон марҳилаи муҳимми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ, анъана ва расму оинҳои миллӣ оғоз гардид. Қонун барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва таъмини зиндагии осудаву шоиста шароити мусоид фароҳам овард. Дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба назар гирифта шудаанд.

Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мақсади асосӣ фароҳам овардани шароите мебошад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар зиндагии шоиста дошта, барои беҳтар намудани шароити хонаву дар ва рӯзгори худ талош намояд. Аз ин рӯ, мо бояд арзишҳои миллиро ҳифз намуда, ба онҳо эҳтиром гузорем.

Тавре аз мазмуни қонуни мазкур бармеояд, мафҳумҳои «ҷашн» ва «маросим» ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро фаро мегиранд. Маросим маҷмӯи амалҳои рамзӣ ва анъанавиест, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба рӯйдодҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода мекунад. Ҷашн бошад, таҷлили рӯйдодҳо ва санаҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, оилавӣ ва касбиро дар бар мегирад.

Халқи тоҷик аз қадимулайём дорои расму оин, ҷашну маросим ва анъанаҳои неки миллӣ мебошад. Ин арзишҳо дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузаштаанд. Бо вуҷуди тағйир ёфтани шароити зиндагӣ ва пешрафти ҷомеа, мо набояд моҳияти аслии онҳоро аз даст диҳем. Баръакс, зарур аст, ки онҳоро ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда интиқол диҳем.

Аҷдодони мо бо вуҷуди мушкилоти зиёди таърихӣ тавонистанд забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллиро ҳифз кунанд. Дар ин раванд саҳми шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва фарҳангӣ назаррас аст. Имрӯз низ ҳифзи фарҳанг, забон, таърих ва муқаддасоти миллӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро фарҳанг ифодагари ҳастии миллат, расму оин, анъана ва хотираи таърихии халқ аст.

Яке аз ҳадафҳои муҳимми қабули қонуни мазкур пешгирӣ аз хурофотпарастӣ, худнамоӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ мебошад. Солҳои пеш дар баъзе оилаҳо баргузории тӯю маъракаҳо бо хароҷоти зиёд сурат мегирифт. Баъзе шаҳрвандон мекӯшиданд, ки бо хароҷоти бештар аз дигарон бартарӣ нишон диҳанд. Чунин муносибат боиси ба миён омадани мушкилоти иқтисодӣ, қарздоршавӣ ва ҳатто нофаҳмиҳои оилавӣ мегардид.

Хушбахтона, бо татбиқи қонуни мазкур хароҷоти ҷашну маросим ба танзим дароварда шуда, барои коҳиш додани исрофкорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳои оилавӣ замина фароҳам омад.

Қаблан бархе аз ҷашну маросимҳо, бахусус тӯйҳои арӯсию домодӣ, ба маъракаҳои худнамоӣ табдил ёфта буданд. Истифодаи шумораи зиёди мошинҳо, даъвати сарояндагони маъруф бо маблағҳои калон, хароҷоти зиёди ғизову нӯшокиҳо ва расму оинҳои пурхарҷ ба як навъ рақобати носолим табдил ёфта буданд. Дар бисёр мавридҳо чунин амалҳо на ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, балки ба намоишкорӣ ва исрофкорӣ мусоидат мекарданд.

Ҳатто маросимҳои мотаму азодорӣ низ дар баъзе мавридҳо аз моҳияти аслии худ дур шуда, хароҷоти зиёди молиявиро талаб мекарданд. Дар натиҷа, соҳибони маъракаҳо маҷбур мешуданд, ки барои баргузории онҳо маблағ қарз гиранд. Пас аз анҷоми маърака бошад, мушкилоти молиявӣ ва тангдастӣ ба рӯзгори оила таъсири манфӣ мерасонд.

Чунин ҳолатҳо, махсусан то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 ва тағйиру иловаҳои минбаъда ба он, ба назар мерасиданд. Қабули қонун барои бартараф намудани ин мушкилот ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт аҳамияти калон дошт.

Мақсади асосии танзими ҷашну маросим маҳдуд намудани арзишҳои миллӣ нест, балки ҳифзи моҳияти аслии онҳо, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандон мебошад. Маҳз бо сарфаи маблағҳои оилавӣ метавон ба масъалаҳои муҳимтар, аз ҷумла таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани шароити манзил, ҳифзи саломатӣ ва рушди маърифати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд.

Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки арзиши ҷашну маросим на дар ҳаҷми маблағи сарфшуда, балки дар маънои неки онҳо, эҳтироми инсон ва риояи анъанаҳои арзишманди миллӣ ифода меёбад.

Дар анҷоми мақола мехоҳам суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шавам: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷомеа номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».

Воқеан, танзими ҷашну маросим омили муҳимми беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар татбиқи дурусти қонун, пешгирии исрофкорӣ ва ҳифзи анъанаҳои неки миллӣ саҳми худро гузорем.

 

Ҳамидова Ниссо,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ