(дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” барои солҳои 2027-2036)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазаири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдидҳои хусусияти трансмиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, непотизм ва сепаратизм дар канор набуда, дар баробари дигар кишварҳо дар ин самт мубориза ва чораҳои алоҳидаи пешгирикунандаро роҳандозӣ намудааст. Бояд қайд намуд, ки кишвари мо дар самти таҳдиди хатарҳо ба сулҳ ва амнияти башарият як зумра гомҳои устувор гузоштааст. Намунаи олии ин гуфтаҳо қабули ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” барои солҳои 2027-2036 арзёбӣ мегардад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо қабули ин қатънома башарият масъалаи арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва дар маҷмуъ, аҳамияти сулҳи бидуни низоъро дарк мекунанд ва ба манзалати инсон ва нақши он дар ҳаёт таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳавулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад. Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки ҳисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Аз ин рӯ, кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан тероризму экстремизм зарурат дорад.

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа, яъне занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.

Терроризм худ амали номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс ва оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин амалҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин амалҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири суиистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯ, омӯзиш, ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Имрӯзҳо мо халқи шарифи Тоҷикистон танҳо бо сарҷамъӣ, ҳамдилӣ ва муборизаи дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонем пеши роҳи ин омилҳои манфиро, ки боиси пешрафти ҷомеа ва башарият мегарданд, гирем, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар диёри хеш ҳамдилона зиндагонии ободу осоишта ба сар баранд.

Зеро осоиштагӣ ва суботи башарият аз ҳар як шаҳрванди бонангу ор вобастагии амиқ дорад. Мо - шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардо бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтиром менамоем ва бар зидди ҳама гуна хатарҳои трансмиллӣ ҳамдилона мубориза мебарем.

 

Ҳумайни НОСИРОВ

ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ

Шаҳромҷон ШАРИПОВ

донишҷӯи курси 2- юми ихтисоси хадамоти гумрукии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ