ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА РОҲҲОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ОН
(дар партави суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ)
Мусаллам аст, ки забон дар ҷойи холӣ, бе зарурати ифодаи воқеияти муайян на ба вуҷуд меояд ва на рушду тавсеа меёбад. Агар аз лиҳози таърихӣ ба ин масъала назар кунем, ба хулоса меоем, ки заминаи ба вуҷуд омадани забон зарурати муоширати байни одамон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Зарурути муошират на танҳо гуфтугӯйи соф ва бе муҳтаворо дар назар дорад, балки он ифода ва мубодилаеро дар бар мегирад, ки дар он дар бораи воқеияте иттилоъ дода мешавад ва иттилоъ гирифта мешавад.
Фалсафаи забон бо эътимод ба илмҳои соҳавии алоқаманд ба он, ҳақиқатеро баёнгар аст, ки вай якҷоя бо тафаккур дар раванди ташаккулёбии мутақобилаи байниҳамдигарии худ муддати хеле тулонии таърихиро аз сар гузаронидааст. Ҳар як воқеият ва, махсусан, воқеиятҳои мудом таъсиррасонанда ба ҳаёти инсони ташаккулёфтаистода онро водор менамуд, то ин ки ҳар як воқеиятро дар худ инъикос намояд, дар хотирааш нигоҳ дорад ва вақти зарурат ба воситае онро ифода кунад. Чунин ҳолати таъсири мутақобилаи инсону олами муҳити атроф бо тамоми воқеиятҳояш заминаи минбаъдаи пайдоиш ва ташаккулу рушди муттасили ҳам забон ва ҳам тафаккур гардид.
Раванди мазкур идомаи муттасили ҳамешагӣ дорад ва вобаста ба тавсеаёбии доираи инъикос, дониста гирифтани хусусиятҳои хоси ҳар як воқеият, дигаргунсозии он тавассути фаъолияти эҷодии тафаккур баҳри дар ҷойе истифода қарор додан, инсон забонашро низ мудом рушд ва тавсеа мебахшиду мебахшад.
Бо маънидоди раванди мазкур иброз доштанӣ ҳастем, ки рушди забон ба рушди тафаккур, сатҳи фаъолияти эҷодии инсон, ки дар замони муосир бо сатҳи рушди илм, техника ва технология алоқаманд мебошад, иртиботи ҷудонопазир дорад.
Тоҷикистони имрӯза, ки аввал ҳамчун як ҷузъи давлати иттифоқӣ ба вуҷуд омад ва минбаъд бар асоси таҳаввули таърихӣ давлати мустақил шуд ва соҳибихтиёрии хешро ба даст овард, бояд акнун забони муқтадири ифодакунандаи тамоми дастовардҳои фарҳанги башариро дошта бошад.
Барои таъмини ҳамин ва заруратҳои дигар Қонуни забони давлатӣ низ қабул гардида буд, то ин ки ба рушди минбаъдаи забон таваҷҷуҳи хосаи ҳам маъмурияти давлатии кишвар ва ҳам аҳолӣ ҷалб карда шавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин ҷода корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикии дуҷилдӣ таҳия ва чоп гардида, мавриди истифода қарор дода шуд, ду карат Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ қабул гардид ва мавриди истифода қарор дода шуд, теъдоди зиёди асарҳо ва мақолаҳои илмӣ навишта шуданд ва, дар натиҷа, забони имрӯза, яъне забони тоҷикии даврони истиқлол нисбат ба забони давраи сипаришудаи шӯравӣ хеле рушд ва тавсеаёфта гардид.
Дастовардҳо назаррас мебошанд, вале чандон кифоя нестанд. Бинобар ин, мубрамияти идома додани чунин машғулият аз байн нарафтааст. Аз тарафи Президенти кишвар арзёбӣ гардидани забони давлатӣ ҳамчун «… рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон…» ҳама аҳли қаламу илмро водор менамояд, ки масъалаи рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ зери таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ қарор дошта бошад.
Ба назари инҷониб, яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, ки ба он дар суханрониҳои Сардори давлат ишораҳо меравад, аз он иборат аст, ки таркиби луғавии он бо назардошти илми муосири луғатшиносӣ бозбинӣ гардида, як луғати тафсирии фарогири тамоми вожаҳои забони имрӯзаи тоҷикӣ таҳия, чоп ва мавриди истифода қарор дода шавад.
Роҷеъ ба ин мавзуъ бояд қайд кард, ки, мутаассифона, баъзе калимаҳо ва ибораҳо то ба ҳол шакли яксони ифодаи худро наёфтаанд ва дар матнҳои гуногун шакли навишти мухталиф доранд. Масалан, чунин калимаҳо ва ибораҳо, ба монанди «аҳамият» ва «аҳаммият», «хос» ва «хосс», “муҳим» ва «муҳимм», «хизмат» ва «хидмат», «суиқасд» ва «сувъи қасд» ва ғайра. Бемаврид истифода кардани пешоянди «бо», ба ҷойи пешоянди «ба» ва истофода кардани он дар шакли масалан, «бо забони тоҷикӣ», ки бояд «ба забони тоҷикӣ» навишта шавад ва ғайра. Ба андешаи банда калимаи «аҳаммият» бояд бо як ҳарфи «м», аммо дар сурати истифодаи шакли «аҳамм», ки арабӣ асту дар забони тоҷикӣ хеле нодир истифода мешавад, ё «муҳиммат» бо ду ҳарфи «м» навишта шавад. Доир ба калимаи «муҳиммат», ки, одатан, дар шакли «муҳиммот» истифода мешавад ва шакли ҷамъи ҳамон «муҳиммат» мебошад, маънидоди дурусти худро дошта бошад. Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла англисӣ ва дар забони русӣ мафҳуми «миссия» корбаст мешавад, ки он ба маънии иҷрои вазифаи мушаххаси муҳим истифода мегардад. Дар забони форсии тоҷикӣ низ калимаи «муҳиммат» бояд ба маънии мазкури аврупоӣ ва русӣ истифода карда шавад. Яъне «муҳиммат», вале на «муҳиммот», ки маънии дигарро дар бар мегирад. Истифодаи калимаи «мамлакат» дар шакли давлатдории ҷумҳуриятӣ бояд истисно карда шавад, зеро ин вожа ифодакунандаи шакли танҳо мутлақияти шоҳигарии давлатдориро дар назар дорад. Масалан, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (Алмамлакат-ул-Арабият-ус-Саудия, Шоҳигарии Урдун (Алмамлакат-ул-Урдуния, Шоҳигарии Британияи Кабир (Алмамлакат-ул-Бритоният-ул-Узмо ва ғайра.
Азбаски забон вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ тавъам рушд менамояд ва ин раванди ҳамешагӣ мебошад, маъмурияти махсуси давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи истилоҳотро лозим аст, то баъди гузашти фосилаи муайяни вақт калимаҳо ва истилоҳоти нави бавуҷудомада ё интиқолёфта аз забонҳои дигарро дар яке аз рӯзномаҳои расмӣ ба чоп расонад, то ин ки дар ин маврид бесарусомонӣ ба вуҷуд напайвандад.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар аз созмон додани муҳити илмӣ дар кишвар ба шумор меравад. Барои чунин муҳитро ташаккул додан инҷониб зарур мешуморад, ки тамоми дастовардҳои соҳаҳои гуогуни илм ба забони давлатӣ тарҷума карда шаванд, то ин ки муҳассилини сатҳҳои гуногуни макотиб, пажуҳишгарон, олимон ва, умуман, тамоми алоқамандон ба раванди ташаккули фарҳанги маънавии ҷомеа, ҳаддалимкон, аз онҳо самаранок истифода карда тавонанд. Барои ин корро анҷом додан гурӯҳҳои махсуси тарҷумонҳои сатҳи баланди дузабонӣ бояд ташкил карда шаванд. Дар татбиқи ин амал тарҷумонҳои алоҳида низ фаъолият карда метавонанд. Ҳар як матни тарҷумашуда пеш аз ба чоп расонидан бояд аз тарафи коршиносони босалоҳияти соҳа тафтиш ва баҳогузорӣ карда шавад. Азбаски меҳнати тарҷумонӣ хеле гаронбаҳо ва шояд кишварамон барои пардохти он чунин имкониятро надошта бошад, аммо агар дошта бошад нуран ало нур мешавад, бинобар ин, лозим меояд, ки барномаи махсус таҳия намуда, ба созмонҳои байналмилалии мусоидаткунанда ба ҳамин соҳа барои маблағгузории грантӣ пешниҳод карда шавад.
Дар марҳилаи аввал ва, умуман, мешавад, ки китобҳои дарсӣ ва илмии соҳаҳоро аз забони русӣ ва англисӣ ба забони давлатиамон тарҷума намоем (албатта, илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар назар аст), зеро Россия ва Амрико тамоми дастовардҳои илми муосирро ба ин забонҳо тарҷума мекунанд.
Доир ба ин масъала дар суханрониҳои Президенти мамлакат низ ишора рафтааст. Муҳим будани ин масъала ба он алоқамандӣ дорад, ки бе ба вуҷуд овардани чунин шароит мо наметавонем на танҳо муҳити илмии муосирро дар кишвар ба вуҷуд оварем, балки забонамонро низ ба таври бояду шояд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ва давлати соҳибистиқлол рушд бахшем.
Барои дуруст омӯхтани ҳар як забон бояд ҳам китобҳои дарсии созгор ва ҳам тамоми воситаҳои дигари забономӯзӣ вуҷуд дошта бошанд. Мутаассифона, то ба ҳол дар мағозаҳои китобфурӯшӣ наметавонем китоби таълимии муфассали дарбаргирандаи тамоми фаслҳои забоншиносиро пайдо намоем, ки он ҳам қоидаҳои овошиносӣ, ҳам сарфу наҳвро (грамматикаро) дар бар гирифта бошад. Бинобар ин, хеле зарурат дорад, ки чунин китоб бояд дар тамоми мағозаҳои китобфурӯшӣ вуҷуд дошта бошад. Ҳаминашро низ медонем, ки на ҳама ҳаммиллатони мо ба харидану хондани китоб майл доранд, вале онҳое, ки дар соҳаҳои маориф, илму маърифат фаъолият мекунанд кам нестанд, мехаранд ва истифода мебаранд. Китоб метавонад ё дар шакли болозикр таҳия гардад ва ё ҳар як қисми он дар алоҳидагӣ. Муҳим аз он иборат аст, ки китоби мукаммали қоидаҳои овошиносиву сарфу наҳв дошта бошем.
Кишвари мо Институти забон ва Кумитаи истилоҳот дорад, ки солиёни дароз кору фаъолият мекунанд, вале чаро бошад, ки дар як муддати кӯтоҳ ду маротиба қоидаҳои имло тағйир дода шуданд ва мутаассифона, то ба ҳол мукаммалият надоранд. Чаро муассисаҳои болозикри давлатӣ ҳамин як маводи муҳим, яъне Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро то ба охир дуруст наомӯхта, мардумро раҳгум мекунанд?
Инҷониб як пешниҳоди дигареро матраҳ карданӣ аст. Барои онро ифода кардан, мехостам таваҷҷуҳи хонандагони киромиро ба як воқеияти таърихӣ ҷалб намоям. Ин воқеият ба он алоқамандӣ дорад, ки бо сарнавишти таърихӣ ва аз тарафи аъроб забт карда шудани манотиқи гуногуни олам, аз ҷумла Осиёи Миёна ба сари мардумони аҷам (ғайри араб) ҳам дини ислом таҳмил карда шуд, ки чаҳордаҳ аср инҷониб акнун вай ба дини мардумони ин сарзаминҳо низ табдил ёфтааст ва ҳам аз забони арабӣ ба забонҳои аҷамӣ теъдоди зиёди калимаву ибораҳо интиқол карданд ва худӣ шуданд.
Маълум аст, ки дар забони тоҷикӣ ҷинси занона, яъне ишоракунанда ба ҷинси зан вуҷуд надорад, вале зарурати будани чунин ҷинс, ба назари мо вуҷуд дорад. Масалан, шоира, муаллима, котиба, адиба, раиса, маҳбуба, маъшуқа ва ғайра. Азбаски чунин ифодаҳо солҳои тулонӣ дар забони тоҷикӣ густурда истифода карда мешаванд, магар намешавад, ки ин масъала, ба таври истисно бошад ҳам, ба ҳукми қоидаи имло ворид карда шавад. Охир забон барои ифодаи воқеияте, маъние ба вуҷуд омадааст ва корбаст мешавад!
Инҷониб забоншинос нест, муҳаббат ба хирад дорад, вале фалсафаи забон мавзуест, ки ба ҳама иртибот дорад. Бинобар ин, мулоҳизаҳо ва пешниҳодоте, ки дар ин мақола матраҳ намудем, барои ҳамагон бояд мавод барои бозбинии баъзе аз мушкилаҳои такмили забони давлатӣ гардад.
Дар ин айём ҳамаи мо - соҳибони забони порсии Хуросони Кабир ва, мушаххасан, соҳибони забони тоҷикӣ, ки дар кишварамон - Тоҷикистон унвони забони давлатиро гирифтааст, дар арафаи таҷлили шукӯҳманди яке аз беҳтарин идҳо, яъне Рӯзи забони тоҷикӣ қарор дорем. Бинобар ин, месазад, ки ин идро на танҳо шаклан ва маросимӣ гузаронем, балки ҳар он чӣ барои такмил ва рушди он мусоидат менамояд, бинависем, ба баҳсҳои мавзуӣ ворид шавем, то ин ки дар такмили забонамон саҳмгузор шуда бошем.
Акнун фурсат расид, ки ҳамаи ҳамзабононамонро ба муносибати иди хуҷастаи забони модариамон самимона муборакбод гуфта, аз ҳар якамон хоҳиш кунам, ки тозагиву озодагии онро ҳам дар гуфтор ва ҳам дар навиштор риоя намояд ва ҳамеша дар ифодаи ҳар як вожаву ифода кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онҳоро бе олоиш мавриди истифода қарор диҳад, то ин ки забонамонро дар ҳақиқат, ба забони ноби ифодакунандаи тамоми дастовардҳои фарҳанги башарӣ табдил дода, лаззати онро чашида бошем.
Ғуломҷон МИРЗОЕВ,
устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng