19 ноябри соли 2026 дар кафедраи иқтисод ва идоракунии давлатӣ бо иштироки муовини декан оид ба илм Қадриддин Фатҳуддинов, омӯзгорони кафедраи андозбандӣ ва суғурта ва донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-25-01-04-03 (андоз ва андозбандӣ) маҳфили донишҷӯён дар мавзуи “Нақши имтиёзҳои андозӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ бо роҳбарии муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта Бекмирзоев Ш.Н. ва пешниҳоди презентатсияи мавзуӣ сурат гирифта, ба таҳлили аҳамияти имтиёзҳои андозӣ дар танзими муносибатҳои иқтисодӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бахшида шуд.

Дар оғози маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ Шодиев Ф. суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатиро муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки маҳфилҳои донишҷӯён барои таҳкими донишҳои назариявӣ, ташаккули ҷаҳонбинии иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти таҳлилӣ ва рушди малакаҳои мустақилонаи омӯзишу таҳқиқи донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки ба омӯзиши амиқи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар оянда низ ташаббускори баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ бошанд.

Сипас, маърузаи асосӣ ба донишҷӯи курси чоруми ихтисоси мазкур Мамазоитов Саибакбар пешниҳод гардид. Маърузачӣ бо истифода аз презентатсияи мукаммал мавзуъро шарҳу тавзеҳ дода, ҷанбаҳои назариявӣ, иқтисодӣ ва амалии имтиёзҳои андозӣ, мақсаду вазифаҳо ва нақши онҳоро дар шароити иқтисоди бозорӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар маъруза таъкид гардид, ки имтиёзҳои андозӣ яке аз механизмҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат буда, маҷмуи сабукиҳо ва афзалиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ҳисоб ва пардохти андозҳоро дар бар мегиранд. Онҳо на танҳо воситаи коҳиш додани сарбории андозии субъектҳои иқтисодӣ, балки омили ҳавасмандсозии фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, рушди истеҳсолот ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбанд.

Нотиқ зикр намуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ андозҳо вазифаи фискалӣ, яъне таъмини даромади буҷети давлатӣ, ва ҳамзамон вазифаи танзимкунандаро иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, татбиқи оқилона ва мақсадноки имтиёзҳои андозӣ метавонад ба ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, рушди соҳаҳои афзалиятнок ва густариши фаъолияти сармоягузорӣ мусоидат намояд.

Дар идома шаклҳои асосии имтиёзҳои андозӣ, аз ҷумла озодкунӣ аз андоз, коҳиш додани меъёри андоз, тарҳҳои андозӣ, имтиёзҳои гумрукӣ ва сабукиҳои вобаста ба сармоягузорӣ шарҳ дода шуданд. Ҳар яке аз ин шаклҳо вобаста ба ҳадафҳои сиёсати иқтисодии давлат ва хусусияти фаъолияти андозсупоранда татбиқ гардида, имконият медиҳанд, ки захираҳои молиявӣ барои рушди истеҳсолот, навсозии технологӣ ва густариши фаъолияти иқтисодӣ равона карда шаванд.

Ҳамчунин, дар доираи маъруза самтҳои асосии истифодаи имтиёзҳои андозӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва дастгирии минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камтараққикарда аз ҳадафҳои муҳими ин сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардиданд.

Баромадкунанда бо мисолҳои мушаххас нишон дод, ки пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ метавонад имкониятҳои иловагии молиявиро ба вуҷуд оварда, барои хариди таҷҳизоти муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, беҳтар кардани сифати маҳсулот, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва васеъ намудани фаъолияти корхона мусоидат намояд. Дар натиҷа, чунин иқдомҳо метавонанд на танҳо ба рушди субъектҳои алоҳидаи соҳибкорӣ, балки ба афзоиши иқтидори истеҳсолии кишвар, ташаккули ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа таъсири мусбат расонанд.

Дар қисми дигари маъруза масъалаи татбиқи имтиёзҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Маърузачӣ бо такя ба меъёрҳои қонунгузории андоз, аз ҷумла Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба баъзе самтҳои пешниҳоди сабукиҳои андозӣ барои корхонаҳои истеҳсолӣ, субъектҳои дорои низомҳои махсуси андозбандӣ, сармоягузориҳои муайян ва фаъолияти соҳаи кишоварзӣ маълумот пешниҳод намуд. Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки чунин имтиёзҳо дар сурати риояи талаботи қонунгузорӣ ва равона намудани онҳо ба ҳадафҳои воқеии иқтисодӣ метавонад омили муҳими дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок гардад.

Пас аз анҷоми маъруза муҳокимаи мавзуъ сурат гирифта, донишҷӯён ба маърузачӣ вобаста ба самтҳои асосии татбиқи имтиёзҳои андозӣ, аҳаммияти онҳо барои соҳибкорон ва таъсири сабукиҳои андозӣ ба рушди иқтисоди бозорӣ саволҳо пешниҳод намуданд. Мамазоитов Саибакбар ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода, донишу фаҳмиши худро оид ба мавзуи баррасишаванда нишон дод.

Дар ҷамъбасти маҳфил номзади илмҳои иқтисодӣ Шодиев Ф. бори дигар ба иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос намуда, ҷанбаҳои муҳими мавзуъро шарҳу тавзеҳ дод. Ӯ нақши имтиёзҳои андозиро дар дастгирии субъектҳои иқтисодӣ, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карда, ба маърузачӣ барои пешниҳоди мавзуи пурмуҳтаво ва омодагии хуб изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамзамон, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки омӯзиши масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, таҳлили таҷрибаи амалии андозбандӣ ва иштироки фаъолона дар маҳфилҳои илмиро идома диҳанд.

Муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта Бекмирзоев Ш.Н. низ дар анҷоми чорабинӣ ба ҳайси музокиракунанда баромад намуда, баргузории чунин маҳфилҳоро барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, ташаккули малакаҳои маърузагӯӣ, таҳлил ва андешаи мустақилонаи донишҷӯён муҳим донист. Ӯ ба иштирокчиён ҷиҳати омодасозии маърузаҳои илмӣ, истифодаи сарчашмаҳои боэътимод ва дар оянда низ роҳандозӣ намудани чорабиниҳои омӯзишию илмӣ тавсияҳои судманд пешниҳод кард.

Маҳфили мазкур дар фазои фаъоли илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, барои таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён, дарки амиқтари аҳаммияти имтиёзҳои андозӣ дар низоми иқтисодӣ ва пайванди омӯзиши академӣ бо масъалаҳои амалии фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Баргузории чунин чорабиниҳо яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани сифати таълим, рушди иқтидори зеҳнии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони ояндаи соҳаи андозбандӣ ба шумор меравад.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ