ИНТИХОБИ МАН - ДДМИТ!
Дар шароити имрӯза барои рушду тараққиёти ҷомеа омӯзиши илму дониш яке аз шартҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад мо ҷавонон барои ривоҷи илму дониш ва омӯзиши касб, баъд аз хатми мактаби миёна рӯ ба мактаби олӣ меорем, вале дар ин роҳ интихоби дуруст омили асосист.
Донишгоҳ яке аз муҳимтарин марказҳои илму маърифат ба шумор меравад. Маҳз дар донишгоҳ мо ҷавонон дониши худро мукаммал мекунем, ҷаҳонбинӣ пайдо мекунем ва барои зиндагии мустақилона омода гашта, минбаъд ба нафъи халқу миллати хеш хизмат менамоем.
Интихоби ман Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд, чунки ман фанҳои дақиқро дӯст медорам.Дар донишгоҳи мо фанҳои гуногун омӯзонида мешаванд. Омӯзгорон на танҳо дониш, балки тарбияи хуб, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро низ меомӯзонанд. Мо донишҷӯён тавассути мутолиаи китобҳо, иштирок дар дарсҳо, азхуд кардани барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмӣ дониши худро мукаммал мегардонем. Нақши донишгоҳ дар пешрафти ҷомеа хеле бузург мебошад. Ҳар як давлат барои рушди илму маориф, иқтисоду техника ва фарҳанг ба мутахассисон ниёз дорад. Ва мутахасисони хуб маҳз дар донишгоҳ тарбия меёбанд.
Бо итминони комил мегӯям, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад. 30 сол аст, ки ин донишгоҳ мутахассисони соҳибтахассусро бо назардошти анъанаҳои академӣ ва технологияи муосир омода карда, ба бозори меҳнат мебарорад. Айни ҳол Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон дорои барномаҳои мукаммал, пойгоҳи мустаҳками тадқиқотҳои илмӣ ва ҳаёти фаъолу пурмуҳтавои донишҷӯён мебошад.
Барномаҳои таълимии ин донишгоҳ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, инчунин, ба талаботи муосири бозори меҳнат ҳамоҳанг карда шудаанд.
Дар донишгоҳи мо донишҷӯён дар самти иқтисодиёт ва идоракунӣ дониши мукаммал мегиранд. Дар ин даргоҳи илму маърифат профессорон, дотсентҳо, ассистентҳо ва омӯзгорони соҳибтахассуси дорои таҷрибаҳои ғании кор дар сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва созмонҳои байналмилалӣ кору фаъолият намуда, ба донишҷӯён дар шаклҳои назариявӣ ва амалиявӣ дарс медиҳанд. Синфхонаҳо бо таҷҳизоти электронӣ таъмин карда шудаанд ва қисми зиёди дарсҳо дар шакли электронӣ гузаронида мешаванд. Донишгоҳ дорои 7 факултет ва 28 кафедра мебошад, ки дар онҳо зиёда аз 60 навъи ихтисос таълим дода мешавад. Синфхонаҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти барои хониш зарурӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон донишҷӯёнеро, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар барои таҳсил меоянд, бо хобгоҳи замонавӣ таъмин мекунад, то онҳо танқисӣ накашанд.
Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар ин донишгоҳ таҳсил дорем ва ба довталабон тавсия медиҳем, ки дилпурона Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб намоянд ва минбаъд дар ин даргоҳи илму маърифат дониши худро мустаҳкам кунанд.
Марям АЗИЗОВА -
донишҷӯи соли аввали
факултети ҳисобдорӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng