Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа ба шумор рафта, ба рушди устувори давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падидаи номатлуб дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ зуҳур намуда, боиси коҳиш ёфтани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ мегардад. Коррупсия на танҳо вайрон кардани талаботи қонун, балки монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти ҷомеа ва таъмини баробарии шаҳрвандон мебошад.

Вақте ки манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои ҷамъиятӣ боло гузошта мешаванд ва мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ истифода мегардад, принсипҳои адолат, баробарӣ ва қонуният халалдор мешаванд. Аз ин рӯ, омӯзиши сабабу омилҳои пайдоиши коррупсия, оқибатҳои манфии он ва роҳҳои самараноки пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳурот барои ташаккули ҷомеаи солиму адолатпарвар аҳаммияти махсус дорад.

Яке аз оқибатҳои манфии коррупсия афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мебошад. Вақте шахсони мансабдор аз ваколатҳои хизматии худ сӯиистифода мекунанд, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон поймол мегарданд. Дар чунин шароит шахсоне, ки имконияти додани пораро надоранд, метавонанд аз дастрасӣ ба баъзе хизматрасониҳо ва имкониятҳои зарурӣ маҳрум шаванд, дар ҳоле ки дигарон бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ манфиатҳои худро таъмин менамоянд. Ин ҳолат ба принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мухолифат дошта, ҳисси нобоварӣ ва ноадолатиро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад.

Ҷанбаи дигари нигаронкунандаи коррупсия таъсири манфии он ба рушди иқтисодӣ мебошад. Паҳншавии амалҳои коррупсионӣ ба муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ монеа эҷод мекунад. Дар натиҷа, имкониятҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳдуд гардида, рушди истеҳсолот ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ суст мешавад. Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия яке аз шартҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Барои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зарур аст. Ҳар як шахс бояд моҳият ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои коррупсиониро дарк намуда, бидонад, ки ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ кирдорҳои зиддиқонунӣ мебошанд. Тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба қонун бояд аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеа идома ёбад.

Ҳамзамон, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ метавонанд барои коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Муҳим аст, ки ҳар як хизматрасонии давлатӣ дар асоси талаботи қонун, бо риояи принсипҳои шаффофият, баробарӣ ва масъулият пешниҳод карда шавад.

Бояд таъкид намуд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин масъала масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Ҳамкории давлат ва шаҳрвандон, эҳтироми қонун, мавқеи фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бетараф набудан нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ аз омилҳои муҳимми пешгирии ин зуҳурот ба шумор мераванд.

Дар ин раванд нақши ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ низ хеле муҳим аст. Зеро маҳз насли ҷавон метавонад бо ташаккули ҷаҳонбинии солим, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва муносибати масъулона ба вазифаҳои ҷамъиятӣ дар бунёди ҷомеаи пок саҳми арзанда гузорад. Донишҷӯён бояд аз давраи таҳсил ба поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои ҳуқуқӣ одат намуда, ин меъёрҳоро дар фаъолияти минбаъдаи касбии худ низ риоя намоянд.

Дар ҷамъбаст метавон гуфт, ки коррупсия ба рушди иқтисодӣ зарар расонида, адолати иҷтимоиро халалдор ва эътимоди шаҳрвандонро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад. Пешгирӣ ва муқовимат ба ин падида танҳо дар сурати муттаҳид намудани кӯшишҳои давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва таъмини шаффофият имконпазир мегардад.

Ҷомеаи пок аз интихоби дурусти ҳар як инсон оғоз меёбад. Интихоби ростқавлӣ ба ҷойи фиреб, адолат ба ҷойи манфиатҷӯӣ ва қонунмеҳварӣ ба ҷойи қонуншиканӣ метавонад барои бунёди ҷомеаи солим, одилона ва пешрафта заминаи устувор гузорад. Пас, интихоби мо бояд ҳамеша ба нафъи ҷомеа, давлат ва наслҳои оянда бошад.

 

Ороста МАҲМУДОВА,

омӯзгори кафедраи забони русии ДДМИТ