Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ, волоияти қонун ва сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷомеае, ки дар он амалҳои коррупсионӣ густариш меёбанд, принсипҳои адолати иҷтимоӣ халалдор гардида, эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва низоми идоракунӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия яке аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.

Ришваситонӣ ва ришвадиҳӣ ҳамчун шаклҳои зуҳури коррупсия таърихи тӯлонӣ дошта, дар давраҳои гуногуни ташаккули давлатдорӣ ба мушоҳида расидаанд. Бо вуҷуди чораҳои гуногуни ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, то имрӯз ягон давлат натавонистааст ин падидаро пурра аз байн барад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки коррупсия мушкилоти мураккаб буда, барои пешгирӣ ва коҳиш додани он муносибати фарогир ва тадбирҳои пайвастаро талаб мекунад.

Коррупсия аз ҷумлаи кирдорҳои хавфноки зидди манфиатҳои давлат ва ҷомеа ба ҳисоб рафта, метавонад обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳад ва барои ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ монеа эҷод намояд. Яке аз хусусиятҳои хатарноки ин зуҳурот хусусияти пинҳонӣ доштани он мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо амалҳои коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта намешаванд, зеро иштирокчиёни чунин кирдорҳо барои пинҳон нигоҳ доштани амали худ манфиатдор мебошанд. Аз ин рӯ, ошкорсозӣ ва пешгирии коррупсия кори осон набуда, фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти дахлдор ва ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар шароити муосир коррупсия на танҳо ба рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоӣ монеа эҷод мекунад, балки боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф шудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ мегардад. Ин падида, пеш аз ҳама, ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, имкониятҳои баробари шаҳрвандонро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳдуд месозад.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз доираи мушкилоти дохилии давлатҳо берун рафта, ба масъалаи муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин зуҳурот решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар марҳалаҳои гуногуни рушди ҷомеа шаклҳои мухталифро касб намудааст. Ришваситонӣ, тамаъҷӯӣ, қаллобӣ, тасарруфи молу мулки давлатӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, хешутаборбозӣ ва истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки метавонанд хусусияти коррупсионӣ дошта бошанд.

Бояд таъкид намуд, ки коррупсия танҳо натиҷаи коста будани ахлоқи шахсони мансабдор нест. Он падидаи мураккаб буда, омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ дар пайдоишу густариши он таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, шаффоф набудани баъзе равандҳои идоракунӣ, суст будани назорати ҷамъиятӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва мавҷудияти бархе аз монеаҳои маъмурӣ метавонанд барои ба вуҷуд омадани муҳити мусоид барои амалҳои коррупсионӣ замина фароҳам оваранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқовимат ба коррупсияро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян намуда, дар ин самт тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва пешгирикунандаро амалӣ менамояд.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳ шудани кишвар ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, такмили қонунгузории миллӣ ва татбиқи стратегияҳои давлатӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Махсусан, қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ шудааст, барои тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ташаккули низоми мукаммали пешгирии ин зуҳурот заминаи муҳим фароҳам овард. Ҳадафи чунин санадҳо на танҳо ошкор ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, балки пешгирии омилҳое мебошад, ки барои пайдоиш ва густариши онҳо мусоидат мекунанд.

Дар ин раванд баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, такмили низоми идоракунӣ, тақвияти назорати молиявӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аҳаммияти махсус доранд. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ метавонад таъсири омилҳои субъективиро коҳиш дода, барои таъмини шаффофият ва содагардонии муносибатҳои байни шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар муқовимат ба коррупсия муайян ва бартараф намудани сабабу омилҳои пайдоиши он мебошад. Зеро танҳо ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон барои ҳалли пурраи масъала кофӣ нест. Зарур аст, ки дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ ва ҷазодиҳӣ ба пешгирии чунин амалҳо, бартараф намудани камбудиҳои сохторӣ ва ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар ин замина, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҳлили сабабҳои пайдоиши коррупсия ва татбиқи усулҳои самараноки идоракунӣ аҳаммияти калон дорад. Мубориза бо коррупсия бояд на танҳо ба ошкор намудани ҳолатҳои алоҳида, балки ба аз байн бурдани шароит ва омилҳое равона гардад, ки барои содир намудани амалҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд.

Муқовимат ба коррупсия ҳамон вақт натиҷаи назаррас медиҳад, ки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа дар ин раванд масъулияти худро дарк намуда, фаъолона иштирок намоянд. Ин раванд бояд дар асоси ҳамоҳангӣ, ҳамкории судманд ва риояи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад.

Дар ин самт нақши муассисаҳои таълимӣ низ хеле муҳим аст. Маҳз дар муҳити таълимӣ дар зеҳни ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба қонун ва адолати иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва фаҳмонидани оқибатҳои манфии амалҳои коррупсионӣ метавонанд барои ташаккули ҷомеаи солим ва қонунмеҳвар мусоидат намоянд.

Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё сохторҳои махсус нест. Ҳар як шахс бо риояи қонун, даст кашидан аз ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва муносибати масъулона ба вазифаҳои хизматӣ метавонад дар пешгирии ин падида саҳм гузорад.

Дар маҷмӯъ, коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеаи муосир ва монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори давлату миллат мебошад. Муқовимат ба он танҳо бо қабули қонунҳо ва таъсиси мақомоти дахлдор маҳдуд намегардад, балки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ахлоқи ҷамъиятӣ, таъмини шаффофияти идоракунӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро талаб менамояд.

Ҳар як шахс бояд дарк кунад, ки ҷомеаи одилона ва пешрафта дар заминаи поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун бунёд мегардад. Муқовимат ба коррупсия раванди пайваста ва дастаҷамъона буда, танҳо дар сурати ҳамкории самараноки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

 

Фирдавс САЙФИДИНОВ,

мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ