МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ - МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир ба шумор рафта, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида на танҳо ба фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ халал ворид месозад, балки боиси коҳиш ёфтани эътимоди шаҳрвандон ба қонун, адолат ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа низ мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии ҳар як узви ҷомеа мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ масъалаи пешгирии коррупсия аҳамияти махсус касб намудааст. Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки паҳншавии ин зуҳурот метавонад боиси истифодаи ғайримақсадноки захираҳои давлатӣ, коҳиш ёфтани самаранокии идоракунӣ, маҳдуд гардидани рақобати солим ва афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ гардад. Аз ин лиҳоз, ташаккули муҳити солими ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз шартҳои муҳимми пешрафти давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ заминаҳои ҳуқуқию ташкилӣ ташаккул ёфта, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, таҳти №1714 асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба ин падидаро муайян менамояд. Ҳамзамон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардидааст. Стратегияи мазкур ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва таҳкими шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ равона шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки коррупсия танҳо дар шакли гирифтан ё додани пора зоҳир намегардад. Суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, истифодаи мансаб ба манфиати шахсӣ, бархӯрди манфиатҳо, истифодаи робитаҳои хешутаборӣ барои қабули қарорҳои ғайриқонунӣ ва дигар амалҳои ғаразнок низ метавонанд заминаи ба вуҷуд омадан ва густариши муносибатҳои коррупсиониро фароҳам оваранд.
Зуҳуроти коррупсионӣ, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, метавонад оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ ба бор орад. Зеро шаҳрвандон маҳз дар ин соҳаҳо ба хизматрасониҳои босифат, муносибати одилона ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ниёз доранд. Ҳар гуна амали ғайриқонунӣ дар ин самтҳо метавонад эътимоди ҷомеаро коҳиш дода, барои густариши муносибатҳои носолим замина фароҳам созад.
Агар дар ҷомеа муносибатҳои шахсӣ, манфиатҷӯӣ ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ аз дониш, қобилият ва меҳнати ҳалол болотар гузошта шаванд, дар шуури насли ҷавон тасаввуроти нодуруст дар бораи адолат, арзишҳои ахлоқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа бояд дар тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии солим, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муносибати оштинопазир ба коррупсия саҳми фаъол гузоранд.
Ба андешаи мо, пешгирии коррупсия пеш аз ҳама аз ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон оғоз меёбад. Шахсе, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ арзишҳои инсондӯстӣ, адолат, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро риоя менамояд, метавонад дар ташаккули ҷомеаи солим саҳми арзанда гузорад. Дар баробари ин, танҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кофӣ нест. Зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ шаффоф гардида, назорати ҷамъиятӣ тақвият дода шавад ва барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тартиботи содаву дастрас ҷорӣ карда шаванд.
Дар замони муосир истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз воситаҳои муассири коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Рақамикунонии хизматрасониҳо, маҳдуд намудани робитаи мустақими шаҳрвандон бо шахсони мансабдор, таъмини дастрасии озод ба иттилоот ва ҷорӣ намудани низоми электронии қабули муроҷиатҳо метавонанд ба баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти хизматчиёни давлатӣ мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои илмию таълимӣ дар муқовимат ба коррупсия хеле муҳим мебошад. Тавассути баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, вохӯриҳои маърифатӣ, таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ метавон дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, фарҳанги зиддикоррупсиониро тақвият бахшид ва муносибати оштинопазирро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ташаккул дод.
Мавқеи устувори шаҳрвандӣ тақозо менамояд, ки ҳар як шахс на танҳо аз содир намудани амалҳои коррупсионӣ худдорӣ кунад, балки дар доираи қонун барои пешгирӣ ва ошкор намудани чунин ҳолатҳо низ бетараф набошад. Бетарафӣ нисбат ба қонуншиканиҳо метавонад барои идома ёфтани муносибатҳои носолим шароит фароҳам оварад. Баръакс, эҳтиром ба қонун, масъулияти баланди касбӣ ва муносибати одилона ба шаҳрвандон заминаи ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ ба шумор мераванд.
Дар ин замина, фаъолияти роҳбарон ва хизматчиёни давлатӣ аҳамияти хосса дорад. Ҳар як шахси мансабдор бояд дарк намояд, ки иҷрои вазифаи давлатӣ пеш аз ҳама масъулият дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Риояи одоби касбӣ, шаффофият ҳангоми қабули қарорҳо, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва муносибати баробар ба ҳамаи шаҳрвандон бояд меъёрҳои асосии фаъолияти хизматӣ бошанд.
Қобили зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия раванди пайваста ва фарогир буда, натиҷабахшии он аз ҳамкории мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Дар ин раванд на танҳо ошкор намудани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор, балки пешгирии сабабу омилҳои пайдоиши чунин зуҳурот низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Мо бояд дарк намоем, ки коррупсия на танҳо мушкилоти ҳуқуқӣ ё иқтисодӣ, балки масъалаи ҷиддии ахлоқию иҷтимоӣ низ мебошад. Зеро ҳар як амали коррупсионӣ метавонад ба манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ояндаи ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Муқовимат ба ин падида аз поквиҷдонии ҳар як шахс, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносии тамоми аъзои ҷомеа оғоз меёбад.
Ҳар як шаҳрванди худогоҳ бояд дарк намояд, ки ояндаи ободу пешрафтаи Ватан ба меҳнати ҳалол, адолатпарварӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми қонун вобаста аст. Танҳо дар сурати муттаҳид намудани кӯшишҳои давлат ва ҷомеа метавон барои пешгирии коррупсия ва ташаккули муҳити солими иҷтимоию иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Сокина НАВРӮЗОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng