Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори давлатҳо ва ҷомеаҳо эътироф шудааст. Ин падидаи номатлуб на танҳо ба иқтисодиёти давлат зарари моддӣ мерасонад, балки боиси коҳиш ёфтани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, коста гардидани арзишҳои ахлоқӣ ва поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Дар баробари чунин зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ, коррупсия низ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст. Хусусияти хавфноки он дар он зоҳир мегардад, ки метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа реша давонда, фаъолияти самараноки сохторҳои давлативу ҷамъиятиро халалдор созад.

Коррупсия пеш аз ҳама сӯиистифода аз мақоми хизматӣ, истифодаи ваколатҳои мансабӣ ба манфиати шахсӣ, гирифтани пора, додани пора ва дигар амалҳои ғайриқонуниро дар бар мегирад. Омилҳои пайдоиш ва густариши он гуногун буда, ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сатҳи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, самаранокии назорат ва риояи волоияти қонун вобастагӣ доранд.

Коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мебошад. Зеро дар шароити паҳн гардидани ин зуҳурот маблағҳои давлатӣ метавонанд ғайримақсаднок истифода шуда, имкониятҳои иқтисодӣ ба манфиати доираи маҳдуди шахсон равона гарданд. Дар натиҷа, табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз дастрасии баробар ба хизматрасониҳои босифат, имкониятҳои таълимӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳаммияти боз ҳам бештар касб мекунад. Зеро ин падида сарҳадҳои давлатиро эътироф намекунад ва метавонад ба фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ, низоми молиявӣ, савдои хориҷӣ ва амнияти иқтисодии минтақаҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ҳамин ҷост, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои махсуси зиддикоррупсионӣ барои омӯзиш, арзёбӣ ва таҳияи механизмҳои пешгирии коррупсия тадбирҳои муштарак меандешанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб сиёсати пайгиронаро амалӣ менамояд. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи таҳкими волоияти қонун, таъмини амнияти иқтисодӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Тавре дар суханрониҳои роҳбарияти олии мамлакат борҳо таъкид гардидааст, коррупсия ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, эътимоди мардум ба давлат ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.

Бо мақсади ташаккули заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020, №1714 яке аз санадҳои муҳимми танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Ҳуҷҷати мазкур ҳадафҳо, самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои асосии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсияро муайян менамояд. Дар он ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият, такмили қонунгузорӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Дар идомаи татбиқи ин стратегия марҳалаи дуюми амалисозии он барои солҳои 2026–2030 низ пешбинӣ гардидааст. Ин иқдом шаҳодат медиҳад, ки муқовимат ба коррупсия раванди пайваста буда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ҳамкории ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар ин раванд Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ нақши муҳим дорад. Фаъолияти ин ниҳод ба таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, ошкор намудани ҳолатҳои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ равона гардидааст.

Дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии давлатӣ, пешгирии коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандонро низ талаб менамояд. Зеро танҳо қабули қонунҳо ва таъсиси сохторҳои махсус барои аз байн бурдани ин падида кофӣ нест. Муҳим он аст, ки дар ҷомеа фарҳанги эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муносибати оштинопазир нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ ташаккул ёбад.

Дар ин замина, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳаммияти махсус дорад. Муассисаҳои таълимӣ бояд дар баробари додани донишҳои назариявӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва мавқеи шаҳрвандии ҷавонон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Хусусан, донишҷӯён ҳамчун неруи зеҳнӣ ва пешбарандаи ҷомеаи оянда бояд моҳияти коррупсия, оқибатҳои манфии он ва роҳҳои пешгирии ин зуҳуротро хуб дарк намоянд. Зеро ҷомеаи солим аз шахсони босавод, масъулиятшинос ва дорои мавқеи устувори шаҳрвандӣ ташаккул меёбад.

Дар баробари ин, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи воситаҳои муассири коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мебошанд. Рақамикунонии хизматрасониҳо имкон медиҳад, ки робитаи бевоситаи шаҳрвандону хизматчиёни давлатӣ дар баъзе равандҳо кам шуда, заминаҳои дахолати ғайриқонунӣ ва суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ маҳдуд гарданд.

Ҳамзамон, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва бахши хусусӣ дар пешгирии коррупсия аҳаммияти калон дорад. Ошкорбаёнӣ, дастрасӣ ба иттилоот, назорати ҷамъиятӣ ва ташаккули муҳити солими рақобатпазир метавонанд барои коҳиш додани ин падида мусоидат намоянд.

Бояд таъкид кард, ки 9 декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад. Ин сана бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид муқаррар гардида, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи давлатҳо ба зарурати муқовимат бо коррупсия равона шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт чорабиниҳои гуногуни маърифативу ҳуқуқиро амалӣ менамояд.

Дар маҷмӯъ, мубориза бо коррупсия бояд на танҳо ҳамчун вазифаи мақомоти давлатӣ, балки ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи ахлоқии ҳар як фарди ҷомеа арзёбӣ гардад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз додану гирифтани пора, истифодаи ғайриқонунии мақоми хизматӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намуда, дар таҳкими фазои адолат ва қонуният саҳм гузорад.

Хулоса, коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддии замони муосир буда, метавонад ба пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии давлату ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба он бояд пайваста, ҳадафмандона ва дар асоси талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда шавад.

Мо бояд дарк намоем, ки рушди устувори давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар бе волоияти қонун, шаффофият, масъулиятшиносӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди коррупсия имконнопазир аст. Танҳо дар сурати ҳамкории давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ метавонем барои наслҳои оянда ҷомеаи солиму пешрафта ва дорои арзишҳои баланди маънавиро ба мерос гузорем.

 

М. ШОКИРИЁН,

омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ