ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ БА НАФЪИ ИНСОНИЯТ
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Дар таърихи дипломатии навини Тоҷикистон боз як саҳифаи пурифтихор кушода шуд. Рӯзи 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардид. Ин рӯз аз соли 2027 сар карда, ҳар сол дар сатҳи умумиҷаҳонӣ таҷлил хоҳад шуд.
Санади мазкур бо тарафдории 144 давлати аъзои СММ қабул гардид, дар ҳоле ки танҳо Амрико ва Исроил бар зидди он овоз доданд. Ин муваффақият идомаи мантиқии ташаббуси дигари Тоҷикистон мебошад, санаде, ки 25 июли соли 2025 таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуда буд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар давоми камтар аз ду сол пайиҳам ду санади муҳими байналмилалиро дар мавзӯи зеҳни сунъӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд.
Пешниҳоди аслии ин ғоя аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баҳсҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ, 24 сентябри соли 2024, изҳор шуда буд. Тавре аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид гардидааст, Пешвои миллат дар суханрониҳояшон аз минбари баланди СММ борҳо ишора кардаанд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд таҳти назорати ҷиддии байналмилалӣ қарор гирад ва самти асосии истифодаи он ба нафъи инсоният ва рушди устувор равона карда шавад. Маҳз бо ҳамин мулоҳиза, эшон аз ҳамон минбар пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе Маркази зеҳни сунъӣ таъсис ёбад — ғояе, ки баъдан ба яке аз механизмҳои амалии татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт табдил ёфт.
Интихоби ин сана рамзӣ ва бомаъност. Маҳз дар чунин рӯз, соли 1955, гурӯҳи олимони амрикоӣ лоиҳаи тадқиқотии Донишгоҳи Дартмутро пешниҳод карданд, рӯйдоде, ки дар таърихи илм ҳамчун нуқтаи оғози расмии соҳаи зеҳни сунъӣ ба сифати риштаи алоҳидаи илмӣ шинохта мешавад.
Мутобиқи консепсияи пешниҳодкардаи Тоҷикистон, таъсиси ин рӯзи байналмилалӣ бояд ба чунин ҳадафҳо мусоидат намояд:
- рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
- мубодилаи таҷрибаи пешқадам миёни давлатҳои узви СММ;
- пешбурди истифодаи бехатар, ҳифзшуда ва масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
- баланд бардоштани огоҳии умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳам хатару таҳдидҳо ва ҳам имкониятҳои ин технология.
Лозим ба ёдоварист, ки қатъномаи соли 2025 оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Осиёи Марказӣ низ як механизми мушаххасро пешбинӣ мекунад. Ин ҳам бошад, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе. Ин нишон медиҳад, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт на танҳо символӣ, балки дорои механизмҳои амалии татбиқ мебошанд.
Ин мавзуъ дар фаъолияти сиёсати хориҷии Пешвои миллат ҷои тасодуфӣ надорад. Мутобиқи маълумоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардида, инчунин нахустин Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 дар Осиёи Марказӣ қабул шудааст. Ин далели он аст, ки эълони Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар қисми як стратегияи пайваста ва дарозмуддати сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.
Зеҳни сунъӣ имрӯз ба бахши ҷудонопазири зиндагии ҳамарӯзаи инсоният табдил ёфтааст. Дар чунин шароит, таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва боэътимодии ин технология масъалаи на танҳо техникӣ, балки амиқан ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мегардад. Ташаббуси Пешвои миллат ва қабули он дар сатҳи Маҷмаи умумии СММ исбот мекунад, ки ҳатто кишварҳои начандон бузург метавонанд дар масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ пешсаф бошанд ва ба ояндаи технологии инсоният саҳми арзанда гузоранд.
Фахриддин ШАМСОВ,
ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт
Тоҷ
Рус
Eng