Оғози соли нави таҳсил барои аҳли маориф, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва падару модарон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Соли ҷорӣ низ ин рӯйдод бо рӯҳияи хосса ва эҳсоси баланди масъулият баргузор гардид, зеро он ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тавассути телевизионҳои миллӣ мустақиман намоиш дода шуд, бо диққати зиёд тамошо намуда, суханҳои падаронаи Роҳбари давлатро ҳамчун дастури муҳим барои аҳли маориф ва махсусан омӯзгорон арзёбӣ менамоям.

Яке аз муҳимтарин паҳлуҳои баромад таъкиди нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тамоми дастовардҳои кишвар, аз ҷумла пешрафти соҳаи маориф, самараи Истиқлол, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.

Ин андеша барои ҳар як омӯзгор аҳаммияти махсус дорад, зеро мо ҳамарӯза шоҳиди он ҳастем, ки дар фазои орому осоишта чӣ гуна имкониятҳои нави таълимӣ аз ҷумлаи мактабҳои нав, синфхонаҳои барҳаво бо таҷҳизоти муосир таъмин, сохтани донишгоҳҳову муассисаҳои замонавӣ, коллеҷу литсейҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои таҳсилу рушди кӯдакону ҷавонон шароити бештар муҳайё мешавад.

Дар баромад ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои пешқадаму самарабахши таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва бо технологияҳои муосир таъмин намудани синфхонаву озмоишгоҳҳо аз масъалаҳои муҳим мебошанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки омӯзгор пайваста омӯзад ва дониши худро такмил диҳад. Дар замони имрӯза донишҳои як маротиба гирифташуда барои тамоми умр кофӣ нестанд. Илм, технология ва усулҳои таълим босуръат тағйир меёбанд, аз ин рӯ, омӯзгор низ бояд ҳамқадами замон бошанд.

Пешвои миллат дар баромади худ ба рушди илму дониш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки дар шароити рушди босуръати техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиби дониш будан аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Имрӯз инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо мебошанд.

Ҳамчун омӯзгор банда ин нуктаро яке аз вазифаҳои муҳимтарини фаъолияти касбии худ медонам. Мо дигар наметавонем ба донишҷӯ танҳо маълумоти китобиро пешниҳод намоем ва аз ӯ такрори онро талаб кунем. Омӯзгори муосир бояд дар донишҷӯ қобилияти фикр кардан, таҳлил намудан, савол гузоштан, мустақилона дониш ҷустуҷӯ кардан, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва истифода бурдани донишро дар амал ташаккул диҳад.

Имрӯзҳо телефон, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва зеҳни сунъӣ ба ҳаёти ҷавонон ворид шудаанд. Ин равандро боздоштан ғайриимкон ва шояд нодуруст ҳам бошад. Муҳим он аст, ки ҷавонон тарзи дурусти истифодаи онҳоро омӯзанд. Пас, вазифаи мо - омӯзгорон аз он иборат аст, ки ин масъулияти бузургро бо ҳисси баланди касбӣ дарк намуда, барои ҳар як донишҷӯ роҳи дониш, маърифат, касбу ҳунар ва зиндагии шоистаро равшан созем.

 

Гулшан НАВРӮЗОВА,

мудири кафедраи забони русии ДДМИТ