ИСТИҚЛОЛ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат санаи муҳимми тақвимӣ, марҳилаи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди сиёсиву иҷтимоӣ мебошад. Барои миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик истиқлол арзиши бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ ва таърихӣ дорад. Имрӯзҳо 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида истодааст. Ин ҷашн дар баробари арҷгузорӣ ба дастоварди таърихӣ, моро водор месозад, ки роҳи тайкардаи давлату миллатро аз нигоҳи илмӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ арзёбӣ намуда, масъулияти худро дар назди наслҳои имрӯз ва фардо боз ҳам амиқтар дарк намоем.
Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки низоми мустақили давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро ташаккул диҳад. Дар шароити нави таърихӣ масъалаи таъсиси ниҳодҳои давлатдорӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими мақомоти давлатӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми қонунгузории кишвар пайваста такмил ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуд. Қонунҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, фаъолияти мақомоти давлатӣ, мубориза бо коррупсия, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешгирии зӯроварӣ, рушди маориф, тандурустӣ, иқтисод ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат мусоидат намуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки истиқлол масъулияти доимии давлат ва ҷомеа барои эҷоди низоми муассири ҳуқуқӣ мебошад.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз омилҳои асосии рушди давлат ба шумор мераванд. Ин андеша дар шароити ҷаҳони муосир аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро тағйироти босуръати геополитикӣ, таҳдидҳои терроризму экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонанд ба суботи давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонанд.
Миллате, ки таърихи худро медонад, забон ва фарҳанги худро эҳтиром мекунад, ба қонун арҷ мегузорад ва барои рушди кишвари худ масъулият эҳсос менамояд, метавонад истиқлоли худро устувор нигоҳ дорад.
Ҷанбаи муҳими истиқлол сиёсати хориҷии мустақил ва созандаи кишвар мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар баробари ин, истиқлол барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ ва технологияҳои муосир ҷузъи раванди созандагии миллӣ мебошанд. Вале пешрафти иқтисодӣ танҳо дар сурате устувор хоҳад буд, ки он бо волоияти қонун, шаффофият, масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ ҳамоҳанг бошад.
Маърифати ҳуқуқӣ, тафаккури интиқодӣ, саводи иттилоотӣ ва худшиносии миллӣ бояд ҳамчун сипари маънавию ҳуқуқии насли нав хизмат кунанд. Пешгирии ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, аз тарбияи дурусти шахс, оила, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа оғоз меёбад.
35 соли Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба гузашта бо эҳтиром, ба имрӯз бо масъулият ва ба оянда бо эътимод назар намоем. Дастовардҳои даврони истиқлол натиҷаи заҳмати давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошанд.
Аз ин рӯ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ на танҳо ҷашни дастовардҳои гузашта, балки оғози марҳилаи нави масъулият барои ояндаи якояки мо шаҳрвандон буда, ҳадафи асосӣ бунёди ҷомеае бошад, ки дар он қонун волоият дошта, ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром карда шавад, ҷавонон бо дониш ва ҷаҳонбинии созанда тарбия ёфта, иқтисоди миллӣ устувор гардад ва арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ҳифз шаванд.
Имрӯз масъулияти насли мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд ва рӯ ба рушд ба мерос гузорем. Ин аст рисолати таърихии истиқлол ва ин аст масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарзанди содиқи Тоҷикистон.
Саидзода Шаҳноза Неъматулло,
магистранти курси 2 ихтисоси идораи давлатӣ
Тоҷ
Рус
Eng