Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ ба ҳисоб рафта, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро интихоб намуд. Соли равон барои мардуми Тоҷикистон соли муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.

Давоми 35 соли Истиқлол Тоҷикистони азиз ба дигаргуниҳои азими сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Яке аз самтҳои муҳимтарини ин дигаргуниҳо рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин давра, Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати иқтисодии худро мустақилона муайян намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ намояд.

Дар солҳои аввали Истиқлол Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, тағйирёбии низоми иқтисодӣ, мушкилоти молиявӣ, коҳиши истеҳсолот ва дигар омилҳо ба иқтисоди кишвар таъсири ҷиддӣ расониданд. Бо барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ имкониятҳои рушди иқтисодӣ тадриҷан васеъ гардиданд.

Дар солҳои минбаъда таваҷҷуҳ ба рушди истеҳсолоти дохилӣ, беҳтар намудани инфрасохтор, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ зиёд гардида, тибқи маълумоти расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2026 суръати рушди иқтисодии кишвар 8,2 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқтисоди миллӣ дар шароити муосир имкониятҳои рушди худро нигоҳ дошта истодааст.

Саноат дар рушди иқтисоди миллӣ мавқеи муҳим дошта, давоми 35 соли соҳибихтиёрӣ барои таъсиси корхонаҳои нав, коркарди ашёи хом ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир чораҳои гуногун амалӣ гардиданд.

Рушди саноат барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот мусоидат мекунад. Ҳамзамон, коркарди ашёи хоми дохилӣ метавонад вобастагии кишварро аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш диҳад.

На танҳо ин ду соҳаи мавриди назар, балки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ рушд намуда, ба марҳилаи нави созандагӣ ворид шуданд.

 

Гулрухсор ҲАБИБОВА,

ассистенти кафедраи андозбандӣ ва суғурта