Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошед.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин, арзишмандтарин ва муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як фарди миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Барои хар як миллат ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ шарафи бузург аст. Зеро истиқлолияти давлатӣ маънои давлатдориро таҷассум намуда, ҳар як халқу миллат метавонад дар заминаи соҳибистиқлолӣ, сохти ҳаёти иҷтимоӣ, шакл ва сохти идоракунии давлатӣ, низоми сиёсӣ ва низоми ҳуқуқии миллии худро ташкил намояд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистони азизамон низ Истиқлолияти давлатӣ, яъне давлатдории миллӣ падидаи нодир ва дастоварди беназир аст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба рушди босуботии кишвар мусоидат намуда, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар гардидааст ва мамлакат натиҷаҳои бузургро дар тамоми самтҳо аз қабили иқтисоди, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст овардааст. Албатта, қайд кардан зарур аст, ки раванди ба даст даровардани истиқлолият барои кишвари мо ба осонӣ ва бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомадааст. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ Сотсиалистӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмоиҳои бузург ба вуҷуд омад, ки ин нофаҳмоиҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат гардид.

Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардид, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ин расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуктаҳои калидие мебошанд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшида, имкон фароҳам овард, ки тамоми ихтилоф бартараф гардида, дар кишвар ҷомеаи боамну босубот муҳайё гардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини давлатдорӣ роҳ ба сӯйи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода, азму талошҳои беандоза намуда, тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобит дорад.

Ҳамасола сар карда аз 9 сентябри соли 1991 то инҷониб соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз Тоҷикистони азизамон дар арафаи истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, ҳар як фарди миллати тоҷик кӯшиш намуда истодааст, ки дар истиқболи ин рӯзи таърихӣ ва хотирмон саҳми арзандаи хешро гузорад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз соҳибистиқлоливу сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурги мамлакати азизамон ифтихор намояд, чунки ба шарофати ин тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омада шудааст. Истиқлолияти давлатӣ барои кулли мардуми тоҷик на танҳо маънои соҳибихтиёрии давлат, балки ҳамчун омили эҳёи худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти бузург дорад.

Пешвои миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон ба халқу миллати тоҷик таъкид менамоянд, ки “Ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст”. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як фарди миллати тоҷик дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ин ҳимоя ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳам бошад, аз ҷониби ҳар як фарди ватандӯст бо рукнҳои худшиносии миллии хеш, донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат, пос ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ инъикос гардида, бо донистан ва дарки рукнҳои асосии давлатдорӣ амалӣ мегардад.

Ҳар як фарди миллати тоҷикро месазад, ки ба қадри истиқлолият ва озодӣ расад ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллатро гиромӣ дошта, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз намуда, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти азизамонро ҷонибдорӣ намояд, ки ин ҳама қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Ҳар яки мо бояд истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва арзишҳои миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намоем, чунки барои наслҳои ояндаи кишвари ободу пешрафтаамон ба мерос гузорем.

Истиқлолият - ифтихори миллат, кафили суботи давлатдорӣ ва замина гузоштан ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

 

Фариза НАБИЗОДА,

ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ