ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО!
Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои ҳар як миллату давлат ва ҷомеа арзиши олӣ дорад ва омили асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи давлат, аз ҷумла, маориф ва илм ба шумор меравад.
Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо вуҷуди душвориҳои ибтидоӣ тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пояҳои давлатдории миллиро устувор созад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу суботи комил таъмин гардида, ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси пешрафти давлат таҳким ёфт. Маҳз сулҳу оромӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар солҳои истиқлолият ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бунёду навсозӣ шуданд. Роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ сохта шуда, имкониятҳои иқтисодии кишвар васеъ гардидаанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат қадамҳои устувор мегузорад.
Маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва ташаббускор муаррифӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз нақши ҷавонон дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият басо муҳим арзёбӣ гардида, ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар пешрафти илму маориф, варзишу фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар фаъолона саҳм мегузоранд.
Моро зарур аст, ки арзиши истиқлолиятро ниҳоятан гиромӣ дорем, зеро маҳз истиқлолият ба миллати тоҷик эҳёи нави давлатдорӣ, рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва муаррифии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам сохт.
Бигзор, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор бошад, сулҳу ваҳдат дар саросари кишвар ҳукмфармо монад ва Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз боз ҳам ободу пешрафта гардад.
Давлатмо НАЗАРАМОНОВА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng