ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро ба пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат, пеш аз ҳама, масъулияти таърихӣ, имкони мустақилона муайян кардани роҳи рушди давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангиву маънавии миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва таҷрибаи ғании давлатдорӣ аст, соҳибистиқлолӣ бозгашт ба саҳнаи мустақили сиёсати ҷаҳонӣ ва оғози марҳилаи нави давлатсозии миллӣ гардид.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт шуд. Дар ҳамин рӯз Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ роҳи нави таърихии худро оғоз кард. Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи тайкардаи кишвар назар афканда, метавон бо ифтихор гуфт, ки дар ин муддат Тоҷикистон марҳилаҳои бисёр душвори давлатсозиро паси сар карда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми муайян пайдо намуд.
Дар солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон соҳиби низоми мукаммали сиёсати хориҷӣ ва таҷрибаи кофии дипломатияи мустақил набуд. Барои давлати тозаистиқлол зарур буд, ки муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монад ва ба созмонҳои байналмилалӣ ворид шавад. Дар чунин шароити ҳассос зарурати муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат ба миён омад. Ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар 2 марти соли 1992 яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихи дипломатияи миллӣ ба шумор меравад. Узвият дар ин созмони бонуфуз ба Тоҷикистон имкон дод, ки ҳамчун давлати мустақил мавқеи худро дар масъалаҳои байналмилалӣ баён намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ иштирок кунад.
Қабули санадҳои муҳим, аз ҷумла Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории марбут ба хизмати дипломатӣ, барои муайян намудани ҳадафҳо, принсипҳо ва самтҳои фаъолияти дипломатияи кишвар аҳаммияти калидӣ дошт.
Дар ин замина сиёсати «дарҳои кушода» ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сиёсат Тоҷикистонро ба муносибатҳои бисёрсамта ва мутавозин бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳидоят намуда, имкон фароҳам овард, ки кишвар ҳамкориро бо шарикони гуногун дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстона густариш диҳад.
Дар солҳои истиқлол Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ шомил гардид. Узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалӣ барои густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар имкониятҳои нав фароҳам овард.
Яке аз самтҳои муҳимми ин раванд иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Илова бар ин, ташаббуси байналмилалӣ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти сиёсати экологии Тоҷикистонро боз ҳам бештар намуд.
Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷӣ метавонад барои пешбурди масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ низ истифода шавад.
Дар миёни самтҳои гуногуни сиёсати хориҷии Тоҷикистон дипломатияи об ҷойгоҳи хос дорад. Агар дар ибтидои истиқлол масъалаҳои амният ва сулҳ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷӣ қарор дошта бошанд, имрӯз масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ ба самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии кишвар табдил ёфтаанд. Барои Тоҷикистон масъалаи об ба рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, энергетика, муҳити зист ва зиндагии миллионҳо сокинони минтақа иртибот дорад. Аз ин рӯ, пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин самт ба ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳамкории давлатҳо ва пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ равона шудааст.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ҷашни роҳи тайшуда, сулҳу ваҳдат, давлатсозӣ ва умеди устувор ба ояндаи шоистаи Ватани маҳбуб мебошад. Ин ҷашн бояд моро ба созандагӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар муттаҳид созад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба марҳилаи нави рушди худ ворид мешавад. Вазифаи насли имрӯз он аст, ки дастоварди истиқлолро ба сармояи устувори рушди миллӣ табдил дода, барои наслҳои оянда давлати боз ҳам неруманд, обод, соҳибэътибор ва дорои ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мерос гузорад.
Сафаралӣ АБДУРАҲМОНОВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng