САМАРАИ НИҲОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ – ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлолият дарахти озодӣ ва инъикосгари қудрату тавони миллату халқе мебошад, ки давлатдории худро ягонаю мустақил ва комилҳуқуқ эълон менамояд. Ин аст, ки Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ соҳибистиқлол гардид, яъне тоҷик ва халқи Тоҷикистон ягонагӣ ва комилҳуқуқии худро дар ҷаҳони мутамаддин равшан намуданд. Чун гузашта дубора гуфта тавонистанд, ки мо будем, ҳастем, хоҳем буду монд. Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.
Чи тавре, ки Пешвои миллат дар боби якуми китоби хеш бо номи “Уфуқҳои истиқлол” арзишу моҳияти истиқлолияти давлатиро дар сарнавишти миллати тоҷик ба мулоҳиза гирифта, махсус ёдовар мешаванд, ки «...муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Дар идомаи ин андешаи худ таъкид менамоянд, ки «...истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд».
Вобаста ба ин бояд ёдовар шуд, ки самараи бузургтарини мо дар мудати 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон ва аз зиндагии осоишта то зиндагии шоиста аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Пас аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, фаъолияти соҳибкорӣ, буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд.
Бо фаро расидани давраи осоишта дар ҷумҳурӣ барномаи ислоҳоти иқтисодӣ қабул гардид, ки роҳи иқтисодиёти бозоргониро интихоб намуд. Дар ин марҳилаи иқтисодӣ ташаккул ва тараққиёти иқтисоди миллӣ, афзалиятҳои стратегии давлат, амалисозии сиёсати мустақили иқтисодӣ дар соҳаи буҷет ва андоз, муносибатҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои дигар, такмили низоми идораи рушди иқтисод, бахши хусусӣ, соҳаи саноат, сайёҳӣ, пешбурди сиёсати минтақавии кишвар баръало мушоҳида мешавад.
Лозим ба қайд аст, ки дар сиёсати иқтисодии давлати маҳбубамон рушди соҳаи саноат самти пешбарандаи иқтисоди миллӣ эътироф гардидааст. Лозим ба қайд аст, ки аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон гардида буд, ки дар давоми ин солҳо рушди соҳаи саноат баръало мушоҳида гардида ба баланд гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ заминаи мусоид гузоштааст.
Имрузҳои мо насли пиру ҷавон мебинем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон як қатор дастовардҳо дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, саноат кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин масъалаҳои муҳоҷират ва танзими он, ки дар 35 соли соҳибистиқолӣ заминаи воқеӣ барои ташаккули сиёсати созандаи иҷтимоие, ки инсонро дар маркази диққат қарор медиҳад, ба вуҷуд оварда шудааст. Натиҷаи ин кӯшишҳо ба таври возеҳу равшан дар бисёре аз нишондиҳандаҳои макро-иқтисодӣ ва шароити ичтимоии зиндагонии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа, фароҳам оварда шуда, ба назар мерасад.
Масоили марбут ба ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ, фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, идораи давлатӣ, мақоми ҷавонону занон дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон ва танзими оқилонаи анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди воситаҳои ахбори омма, таъмини амнияти миллӣ чун ҳадафи асосии давлату миллат баҳисоб меравад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аҳаммияти ҳамаи ин самтҳо ҳамчун меҳвари сиёсати дохилии давлат эътироф гардида, фарҳанги миллӣ – асоси давлатсозӣ, соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи маънавии ҷомеа дониста шудааст.
Ҳамин тавр қайд бояд намуд, ки масъалаҳои алоқаманд ба манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мавқеъи кишвари азизамон дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро касб кардааст. Илова ба ин ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори ҳамаҷонибаи мамлакат, мусоидат ба таҳкими беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатамон, кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои дарёфти ризоияту манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар ҳақиқат, фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кору фаъолият намоем. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар нафари ватанхоҳу хештаншинос ва кулли мардуми кишвари азизамон мебояд ин хоки муқаддас, марзу буми давлат, забони модарӣ, нишонаҳои давлатдорӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ ҳифзу ба ҷон баробар нигоҳ доранд.
Дар фарҷоми андешаҳои худ банда орзу мекунам, ки ниҳоли истиқлолият ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизу маҳбубамон дар қалби ҳар як фарди бонангу номус оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯ оварад. Доимо истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои Худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад.
Кӯҳзод Шодиев - н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи
мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng