РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як мамлакат арзиши олӣ ва боэътибор ба ҳисоб меравад, зеро он рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва комилҳуқуқӣ барои муайян намудани ояндаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид.
Дар давоми қариб 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозии миллиро паси сар намуда истодааст. Дар ин замон, бо талошҳои пайвастаю ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ мустаҳкам гардида, сулҳу субот барқарор ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа, ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият дода истодааст.
Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пурмашаққат ба ҳисоб мерафтанд. Кишвар баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо як қатор мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки ба рушди устувори давлатдории миллӣ таъсири ҷиддӣ расониданд. Бӯҳрони сиёсӣ, фалаҷ гардидани баъзе аз идораҳои давлатӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ ва норасоии шароити зиндагӣ ҷомеаро ба мушкилоти зиёд гирифтор сохтанд. Ҳамзамон, ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти осоиштаи мардум халал ворид намуда, ба иқтисодиёти миллӣ ва суботи ҷомеа зарари калон расонд.
Бо назардошти вазъи ногувори зиндагӣ дар кишвар халқи тоҷик бо роҳбарии сарвари тавоно ва хирадманди хеш - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намояд.
Мардуми кишвар хуб дарк карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд давлатро аз ин мушкилотҳо раҳо бахшанд ва барои ояндаи беҳтар замина гузоранд. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор имкон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба раванди нави рушди давлатдорӣ ворид гардад.
Расидан ба сулҳу субот яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳз бо шарофати Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сулҳ барои барқарор гардидани ҳаёти осоишта, рушди иқтисодиёти миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид ва созанда фароҳам овард. Маҳз бо шарофати сулҳу субот имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёдкорӣ, созандагиву ташаббускорӣ, пешрафт ва таҳкими давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳким ва рушди давлатдории миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии ин давра қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳамчун санади асосии ҳуқуқии давлат пояҳои давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, принсипҳои идоракунии давлатро муайян намуд. Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми ягонаи ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими волоияти қонун ва муқаддасоти миллӣ аҳамияти зиёду арзишманд дорад.
Дар баробари ин, дар кишвар сохторҳои гуногуни давлатӣ ташаккул ёфта, фаъолияти онҳо тадриҷан такмил ёфтанд. Мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар асоси талаботи Конститутсия фаъолият намуда, барои таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатдорӣ ҳисса гузоштанд. Ислоҳоти давлатӣ ва такмили низоми идоракунӣ имкон доданд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ самаранок гардида, робитаи давлат бо ҷомеа боз ҳам мустаҳкам карда шавад.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муаррифии худ ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ низ муваффақ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёр кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратиро барқарор намуда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта шуда, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин созмонҳои ҷаҳонӣ бо қатъномаҳои махсус қабул карда мешаванд.
Мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба обу иқлим, рушди зеҳни сунъӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва сулҳ барои наслҳои оянда ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи об, нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами глобалӣ ҷалб кардааст. Маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор пешниҳодҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, ки ин иқдомҳо аҳамияти бузурги масъалаҳои экологӣ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳанд.
Ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими глабалӣ табдил ёфтааст, зеро бо тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни саноат дар сатҳи ҷаҳонӣ обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба захираҳои обӣ ва вазъи экологии ҷаҳон таъсири манфӣ расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои бузурги пирях ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо ва пешгирии ҳамаҷонибаи тағйирёбии иқлим даъват менамояд.
Илова бар ин, сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сол то сол боло равад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷонибдори сулҳу субот, ҳамкорӣ ва рушди устувор муаррифӣ гардидааст. Иштироки фаъолонаи кишвари мо дар баррасии масъалаҳои гуногуни глобалӣ нишон медиҳад, ки мо на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя менамоем, балки дар ҳаллу фасли мушкилоти муҳими сатҳи ҷаҳонӣ низ дар канор нестем.
Дигар масъалаи муҳими рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ин пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва бунёди инфрасохтори муосири ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар чандин лоиҳаҳои калони стратегӣ ва ҳадафнок амалӣ гардиданд, ки барои рушди иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва таҳкими робитаҳои дохиливу байналмилалӣ заминаи асосӣ фароҳам оварданд.
Аз ҷумла, дар соҳаи роҳу нақлиёт як қатор роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои муҳими стратегӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, нақби «Истиқлол», нақбҳои «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Хатлон» барои рушди низоми нақлиётии кишвар ва рафтуомади шаҳрвандон аҳамияти бузург доранд. Бунёди роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ, Душанбе-Нуробод-Рашт-Лахш ва дигар шоҳроҳҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа боз ҳам густариш ёбанд. Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо дар соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
Дар самти энергетика низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, НБО-и «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», таҷдиду навсозии НБО-и «Қайроққум» барои зиёд гардидани истеҳсоли неруи барқ мусоидат намуданд. Сохтмони неругоҳи азими барқи обии «Роғун», ки яке аз бузургтарин иншооти энергетикии кишвар ва минтақа ба ҳисоб меравад, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ мегардад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт, 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, ҷараён доранд.
Илова бар ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат низ сол ба сол рушд ёфта, корхонаҳои нави истеҳсолии саноатӣ таъсис дода шуданд. Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил додааст. Сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат заминаи мусоид мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки танҳо тайи даҳ соли охир (2015-2025), яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомоти муҳимму самарабахшро амалӣ намудааст, ки дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Сатҳи камбизоатӣ бошад, то 19 фоиз дар соли 2025 коҳиш ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил додааст.
Ҳамаи ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти гуногун тавонистааст заминаҳои устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварад ва дар роҳи пешрафту ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузорад.
Ин ҳама 35-соли истиқлоли давлатӣ роҳи пурифтихору сарнавиштсози давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин давра собит намуд, ки халқи тоҷик бо иродаи қавӣ, хирадмандӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ тавонист душвортарин марҳилаҳои таърихиро паси сар намуда, барои бунёди як давлати мустақил ва ҷомеаи осоишта заминаи устувор гузорад.
Дар ин муддат, бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардида, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа таъмин шуда истодааст. Ин дастовардҳо гувоҳӣ онанд, ки истиқлолият рамзи худшиносӣ, худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа мебошад.
Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати муқаддас, яъне истиқлолиятро ҳамчун арзиши бузурги давлатдории миллӣ эҳтиром намуда, барои ҳифз, таҳким ва рушди минбаъдаи он саҳми назарраси хешро гузорад. Маҳз дар ҳамин сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда низ ба дастовардҳои боз ҳам сазовор ноил гардида, мавқеи худро ҳамчун давлати мустақил, сулҳпарвар ва рушдёбанда устувор дар ҷаҳони мутамаддин нигоҳ дорад.
МУҚИМЗОДА Қутбиддин, муовини ректор оид
ба илм ва инноватсияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng