РАҚАМИКУНОНӢ - ҚАДАМИ НАВ БА СӮЙИ ДАВЛАТИ ХИЗМАТРАСОН
Ё худ, аз «идораи коғазӣ» ба «давлати рақамӣ»: Чаро супориши Пешвои миллат метавонад симои муносибатҳои давлату ҷомеаро тағйир диҳад?
Дар ҷаҳони муосир рақамикунонӣ дигар танҳо масъалаи татбиқи технологияҳои нав ё гузоштани чанд хизматрасонии давлатӣ дар интернет нест. Он ба яке аз нишондиҳандаҳои муҳими самаранокии давлат, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, шаффофияти идоракунӣ ва ҳатто сифати муносибатҳои давлату шаҳрванд табдил ёфтааст.
Давлате, ки шаҳрванд барои гирифтани як маълумотнома маҷбур аст чанд маротиба ба идораҳои гуногун муроҷиат кунад, ҳуҷҷатҳои якхеларо борҳо пешниҳод намояд ва барои як хизматрасонӣ вақти зиёдро дар навбатҳо сипарӣ кунад, дар воқеъ ҳанӯз аз имкониятҳои асри рақамӣ ба таври пурра истифода намекунад.
Аз хизматрасонии электронӣ то тағйири фарҳанги идоракунӣ
19 августи соли 2026 дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии пойгоҳҳои иттилоотӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, соҳибкории рақамӣ ва таъмини амнияти киберӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳимтар аз ҳама, дар назди мақомоти давлатӣ вазифаи мушаххас гузошта шуд: хизматрасониҳои давлатӣ бояд ба портали ягона гузаронида шуда, имкони пурраи гирифтани онҳо дар шакли электронӣ таъмин гардад.
Аммо дар ин ҷо як нуктаи бисёр муҳим вуҷуд дорад. Ин ҳам бошад, рақамикунонии хизматрасонии номукаммал маънои рақамикунонии бюрократияро дорад. Яъне, агар шаҳрванд имрӯз барои гирифтани як санад панҷ ҳуҷҷат пешниҳод кунад ва фардо ҳамон панҷ ҳуҷҷатро ба шакли электронӣ фиристад, мушкил танҳо аз коғаз ба экран кӯчидааст.
Ин ҳанӯз ислоҳоти воқеии рақамӣ нест. Аз ин рӯ, талаботи Пешвои миллат дар бораи сода кардани хизматрасонӣ пеш аз рақамикунонии он аҳамияти махсус дорад. Бинобар ҳамин, аввал бояд раванди рақамикунонӣ сода карда шавад, талаботи зиёдатӣ бардошта шавад, ҳуҷҷатҳои такроран талабшаванда аз байн раванд ва танҳо баъд ин раванд ба муҳити рақамӣ интиқол дода шавад. Ин равиши дуруст аст, зеро давлати рақамӣ пеш аз ҳама аз тафаккури рақамӣ оғоз мешавад, на аз компютер.
Аз ин рӯ, супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар бораи ба шакли электронӣ гузаронидани пурраи хизматрасониҳои давлатӣ бояд на ҳамчун як дастури техникии навбатӣ, балки ҳамчун марҳилаи муҳими ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ арзёбӣ шавад.
Ба назари ин ҷониб, моҳияти масъала дар як ҷумла ифода меёбад: давлат бояд ба назди шаҳрванд биёяд, на шаҳрванд барои гирифтани хизмати давлатӣ аз як даргоҳи давлатӣ ба даргоҳи дигар саргардон шавад.
Портали ягона - чеҳраи нави давлат
Шояд яке аз муҳимтарин принсипҳои дар ҷаласа муайяншуда ҳамин бошад: «маълумот танҳо як бор пешниҳод мешавад».
Ин принсип дар зоҳир содда менамояд, аммо дар асл метавонад яке аз тағйироти ҷиддӣ дар муносибатҳои маъмурии давлат бо шаҳрванд бошад.
Имрӯз шаҳрванд метавонад як маълумотро ба як мақомот пешниҳод кунад, вале баъд аз чанд рӯз ё ҳафта ҳамон маълумотро идораи дигар боз талаб намояд. Дар натиҷа, вақти шаҳрванд сарф мешавад, хароҷоти ӯ меафзояд ва эҳтимоли хатои инсонӣ низ бештар мегардад.
Дар низоми муосири рақамӣ бошад, агар маълумоти зарурӣ аллакай дар ихтиёри давлат мавҷуд бошад, мақоми давлатӣ бояд онро тавассути низоми ҳамгирошуда дарёфт кунад, на ин ки шаҳрвандро дубора барои гирифтани ҳамон маълумот фиристад.
Дар умум, маънии аслии ин принсип чунин аст: Шаҳрванд соҳиби вақт аст ва давлат соҳиби инфрасохтори иттилоотӣ. Пас, агар давлат маълумоти заруриро аллакай дошта бошад, набояд шаҳрвандро маҷбур кунад, ки дубора онро ҷамъоварӣ ва пешниҳод намояд. Ин тағйир на танҳо техникӣ, балки фарҳангист. Биноан, он муносибати давлатро ба вақти шаҳрванд дигар мекунад.
Таъмини фаъолияти портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ метавонад яке аз муҳимтарин натиҷаҳои ислоҳоти рақамӣ бошад. Шаҳрванд бояд бидонад, ки барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ ба куҷо муроҷиат кунад. Ба ҷойи ҷустуҷӯи сомонаҳои гуногун, ворид шудан ба низомҳои алоҳида ва омӯхтани тартиби ҳар як муассиса, бояд як муҳити ягонаи рақамӣ вуҷуд дошта бошад.
Дар чунин муҳит шаҳрванд метавонад аз рӯйи эҳтиёҷоти худ хизматрасониро интихоб намуда, аризаро пешниҳод кунад, вазъи баррасии онро пайгирӣ намояд, ҷавобро ба таври электронӣ гирад ва дар ҳолати зарурӣ пардохтҳои дахлдорро низ онлайн анҷом диҳад. Маҳз ҳамин аст маънои воқеии «давлат - ҳамчун хизматрасон».
Дар чунин низом шаҳрванд дигар танҳо «муроҷиаткунанда» нест. Ӯ истифодабарандаи хизматрасонии давлатӣ мебошад ва сифати он бояд бо меъёрҳои равшан чен карда шавад:
- Чӣ қадар вақт сарф гардид?
- Чӣ миқдор хароҷот дошт?
- Чанд маротиба муроҷиат зарур шуд?
- Чанд ҳуҷҷат талаб гардид?
Ҳамин саволҳо бояд меъёри самаранокии идоракунии давлатӣ гарданд.
Рақамикунонӣ танҳо технология нест, балки иқтисод аст
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти мустақими иқтисодӣ низ дорад.
Вақте соҳибкор барои бақайдгирӣ, гирифтани иҷозатнома, пешниҳоди ҳисобот, анҷом додани пардохт ё расмиёти гумрукӣ вақти камтар сарф мекунад, хароҷоти маъмурии ӯ коҳиш меёбад.
Коҳиши хароҷоти вақт ва маъмурӣ маънои афзоиши маҳсулнокиро дорад.
Аз ин нуқтаи назар, рақамикунонии давлат бояд ҳамчун яке аз омилҳои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ арзёбӣ шавад.
Соҳибкор бояд неруи худро барои истеҳсоли маҳсулот, пешниҳоди хизматрасонӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ истифода барад, на барои давутози маъмурӣ.
Аз ҳамин ҷост, ки рушди иқтисоди рақамӣ бидуни ислоҳи хизматрасониҳои давлатӣ натиҷаи пурра дода наметавонад.
Яке аз мушкилоти асосии имрӯзӣ, ки дар ҷаласа таъкид шудааст, фаъолияти парокандаи низомҳои иттилоотӣ мебошад. Агар ҳар як вазорату идора барои худ пойгоҳи иттилоотӣ дошта бошад, вале ин пойгоҳҳо бо ҳамдигар «суҳбат» карда натавонанд, технология ба ҷои содда кардани кор метавонад мушкилоти нав ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳамгироии реестрҳои давлатӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.
Маълумоти аҳолӣ, соҳибкорон, амвол, нақлиёт, андоз, иҷтимоӣ, таҳсилот ва дигар соҳаҳо бояд дар доираи меъёрҳои қонунӣ ва бо риояи талаботи ҳифзи маълумоти шахсӣ тавре ҳамоҳанг карда шаванд, ки такрори иттилоот кам ва сифати маълумот баланд гардад.
Дар ин раванд як масъалаи муҳим вуҷуд дорад: маълумоти нодуруст низоми рақамиро нодуруст мекунад.
Яъне агар маълумоти ибтидоӣ ғалат бошад, ҳатто беҳтарин барномаи компютерӣ натиҷаи дуруст дода наметавонад. Аз ин рӯ, масъулияти роҳбарони вазорату идораҳо барои сифати маълумот яке аз шартҳои муҳими муваффақияти ислоҳоти рақамӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар ин ҷаласа ба комилан сода, зуд ва камхарҷсозии расмиёти гумрукӣ низ тасодуфӣ нест. Чунки дар иқтисоди ҷаҳонии муосир суръати ҳаракати молу хизматрасонӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳар як рӯзи таъхир метавонад барои соҳибкор хароҷоти иловагӣ ба вуҷуд оварад.
Аз ин ҷост, ки гумруки рақамӣ метавонад пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро содда карда, шаффофияти равандҳоро зиёд намояд ва имконияти дахолати субъективиро коҳиш диҳад. Аммо рақамикунонии гумрук танҳо насби таҷҳизоти муосир нест. Он бояд бо табодули иттилоот, идоракунии хавфҳо, таҳлили маълумоти калон ва ҳамоҳангсозии низомҳои дахлдор пайваст бошад.
Дар дурнамо технологияҳои зеҳни сунъӣ низ метавонанд дар таҳлили ҷараёни мол, муайян кардани хавфҳо ва пешгирии қонуншиканиҳо нақши муҳим дошта бошанд.
Сармояи асосӣ инсон аст
Дохил шудани рушди зеҳни сунъӣ ба қатори самтҳои афзалиятнок нишон медиҳад, ки Тоҷикистон масъалаи рақамикунониро танҳо ба ҳукумати электронӣ маҳдуд намекунад.
Зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили маълумоти бузург, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, кишоварзӣ, идоракунии шаҳрҳо, энергетика ва бисёр соҳаҳои дигар истифода шавад. Аммо истифодаи он бояд бо масъулияти баланд сурат гирад.
Ҳар қадаре ки қарорҳои рақамӣ ба ҳаёти инсон таъсиргузор шаванд, ҳамон қадар масъалаҳои шаффофият, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва назорати инсонӣ муҳимтар мегарданд. Бинобар ин, Тоҷикистон бояд ҳамзамон бо рушди зеҳни сунъӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва меъёрҳои танзими истифодаи онро низ тақвият бахшад.
Рақамикунонии давлат танҳо дар сурате воқеан фарогир мешавад, ки шаҳрвандони минтақаҳои дурдаст низ ба он дастрасӣ дошта бошанд. Зеро агар хизматрасонӣ электронӣ бошад, вале интернет дар баъзе минтақаҳо суст ё дастнорас бошад, рақамикунонӣ метавонад ба ҷойи баробар кардани имкониятҳо фарқиятро бештар кунад. Аз ин рӯ, таъмини дастрасии васеъ ба интернет, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, бояд яке аз сутунҳои муҳими сиёсати рақамӣ бошад.
Дар ин замина рақамикунонӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи иҷтимоӣ низ мебошад. Чунки ҳар як деҳаву маҳале, ки ба интернети босифат пайваст мешавад, ба иқтисоди рақамӣ пайваст мешавад.
Ҳеҷ як ислоҳоти рақамӣ бе кадрҳои соҳибтахассус муваффақ шуда наметавонад. Барои ин на танҳо барномасозон, муҳандисон ва мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ, балки кормандони тамоми соҳаҳо бояд малакаҳои рақамӣ дошта бошанд. Аз ҳамин лиҳоз, омода намудани кадрҳо ва баланд бардоштани саводи рақамии аҳолӣ бояд дар маркази сиёсати рақамии кишвар қарор гирад.
Мактаб, донишгоҳ, муассисаҳои касбӣ ва бозори меҳнат бояд ба талаботи нави иқтисод мутобиқ гарданд. Чунки ҷомеае, ки технологияи навро истифода бурда метавонад, аз ҷомеае, ки танҳо технологияро мехарад, ба куллӣ фарқ мекунад.
Амнияти киберӣ - шарти эътимод
Дар ин росто, бояд моҳияти масъаларо дуруст дарк намуд, ки ҳар қадар хизматрасониҳо электронӣ шаванд, ҳамон андоза масъалаи амнияти киберӣ аҳамият пайдо мекунад. Ба ин маъно, ки маълумоти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон бояд ҳифз карда шавад. Низомҳои давлатӣ бояд ба ҳамлаҳои киберӣ тобовар бошанд. Сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар мавриди қаллобии интернетӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ низ бояд баланд бардошта шавад. Зеро эътимоди ҷомеа ба давлати рақамӣ бевосита ба амнияти он вобаста аст.
Агар шаҳрванд бовар накунад, ки маълумоти ӯ ҳифз мешавад, ӯ аз истифодаи хизматрасониҳои электронӣ худдорӣ хоҳад кард. Пас, амнияти киберӣ танҳо вазифаи мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ нест. Он ҷузъи сиёсати давлатии рақамикунонӣ мебошад.
Яке аз нуктаҳои муҳими ҷаласа таъкиди масъулияти шахсии роҳбарони вазорату идораҳо барои натиҷаҳои рақамикунонӣ, сифати маълумот, ҳамгироии низомҳо ва истифодаи самараноки маблағҳо мебошад. Ин талабот метавонад рақамикунониро аз як маъракаи технологӣ ба барномаи воқеии ислоҳоти давлатӣ табдил диҳад.
Дар гузашта баъзан чунин ҳолат ба назар мерасид, ки барои рақамикунонии як раванд низоми нав сохта мешуд, аммо баъд аз он низоми кӯҳна низ нигоҳ дошта мешуд. Дар натиҷа, ба ҷойи сода шудани кор ду низом ба вуҷуд меомад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи сиёсати нав бояд баръакс фаҳмида шавад: рақамикунонӣ бояд равандро кӯтоҳ, арзон, шаффоф ва фаҳмо созад.
Эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ба ин раванд заминаи сиёсӣ ва стратегӣ фароҳам меорад. Аммо натиҷаи воқеии ин панҷ солро на шумораи компютерҳо, серверҳо ё барномаҳои сохташуда муайян мекунанд. Инҷо меъёри асосӣ бояд дигар бошад:
*Шаҳрванд чӣ қадар вақт камтар сарф кард;
*Соҳибкор чӣ қадар хароҷотро кам кард;
*Чанд ҳуҷҷати зиёдатӣ аз байн рафт;
*Чанд хизматрасонӣ воқеан бе ҳузури шахсӣ дастрас гардид;
*Чанд низоми давлатӣ бо ҳам пайваст шуд ва то чӣ андоза сифати маълумот беҳтар гардид.
Инҳо нишондиҳандаҳои воқеии давлати рақамӣ хоҳанд буд.
Рақамикунонӣ бояд симои давлатро тағйир диҳад
Рӯшан аст, ки Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи рақамӣ қадами нав мегузорад. Аммо ин роҳ танҳо бо технология тай намешавад. Барои гузаштан аз давлати маъмурӣ ба давлати хизматрасон тағйири равиш, фарҳанги идоракунӣ, масъулияти роҳбарон ва муносибати куллӣ ба вақти шаҳрванд зарур аст.
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пурра ба шакли электронӣ гузаронидани хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамин замина аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Моҳияти ин супоришро метавон дар чанд мафҳум ҷамъбаст кард: соддагӣ, суръат, шаффофият, ҳамгироӣ, дастрасӣ, амният ва масъулият.
Агар ин ҳадафҳо амалӣ шаванд, рақамикунонӣ танҳо тағйири шакли хизматрасонӣ нахоҳад буд, балки он метавонад муносибати давлат ва шаҳрвандро ба сатҳи сифатан нав бардорад.
Дарки дурусти ин масъала муҳиму саривақтист, ки шаҳрванде, ки барои гирифтани маълумотнома соатҳо дар навбат намеистад; соҳибкоре, ки иҷозатномаи заруриро бе чандин маротиба ба идора рафтан мегирад; сокини ноҳияи дурдасте, ки аз хонааш хизмати давлатиро дастрас мекунад; корманди давлатӣ, ки ба ҷойи ҷамъоварии коғазҳо ба таҳлили масъала машғул мешавад, бешакк, ин ҳама чеҳраҳои гуногуни як давлатанд.
Ҳамзамон, яқин аст, ки давлати рақамӣ, дар ниҳояти кор, давлати компютерҳо нест. Давлати рақамӣ давлатест, ки вақти шаҳрвандро эҳтиром мекунад, маълумотро оқилона истифода мебарад, хизматрасониро содда месозад ва барои натиҷа масъулият мепазирад. Ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, солҳои 2026-2030 метавонанд барои Тоҷикистон на танҳо солҳои рушди иқтисоди рақамӣ, балки солҳои ташаккули фарҳанги нави муносибатҳои давлату ҷомеа низ гарданд. Зеро рақамикунонии воқеӣ он рӯз оғоз намешавад, ки дар идора компютери нав гузошта мешавад, баръакс, ҳамон лаҳзае воқеият ва моҳият пайдо мекунад, ки шаҳрванд дигар маҷбур нашавад, то барои гирифтани маълумоте, ки давлат аллакай дар ихтиёр дорад, аз як даргоҳ ба даргоҳи дигар мисли моку давутоз кунад. Ин аст маънои аслии гузариш аз «давлати коғазӣ» ба давлати рақамӣ ва хизматрасон.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ, омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng