Истиқлоли сиёсӣ бе истиқлоли молиявию иқтисодӣ устувории комил дошта наметавонад. Яке аз воситаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ доштани низоми пули миллӣ мебошад.

Пули миллӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати пулию қарзии худро тавассути ниҳодҳои масъул амалӣ намояд, ҳаҷми пулро дар муомилот танзим кунад, ба равандҳои таваррум таъсир расонад, фаъолияти низоми бонкиро ба роҳ монад ва дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои молиявию пулиро мутобиқ ба манфиатҳои иқтисоди миллӣ татбиқ намояд.

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Яке аз талаботи ин давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд дорои рукнҳои мустақили давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ ин буд, ки он бояд дорои сиёсати иқтисодӣ, низоми молиявӣ ва пули миллӣ бошад. Агар Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ симои сиёсӣ ва маънавии давлатро ифода кунанд, пас пули миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои истиқлоли иқтисодӣ ва молиявии он мебошад.

«Пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад». (Бонки миллии Тоҷикистон. «Пули миллӣ - рамзи давлатдорӣ». Сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон: Манбаи электронӣ: https://nbt.tj/tj/news/601715/. Санаи муроҷиат: 15.08.2026 с).

Барои Тоҷикистон пули миллӣ - сомонӣ воситаи пардохт ва муомилоти иқтисодӣ, таҷассуми роҳи душвору пурпечутоби соҳибистиқлолии кишвар, рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ, пайванди имрӯзу гузаштаи миллат ва яке аз далелҳои возеҳи мустақилияти иқтисодӣ маҳсуб меёбад.

Сомонӣ 30 октябри соли 2000 ба муомилот бароварда шуд ва бо ин воқеаи таърихӣ Тоҷикистон низоми мустақили пулии худро боз ҳам таҳким бахшид.

Таърихи пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи хеле қадим дорад. Давлати мо аз давраҳои бостон дар чорроҳаи тамаддунҳо ва роҳҳои тиҷоратии Шарқу Ғарб қарор дошта, дар он муносибатҳои тиҷоратӣ ва муомилоти пулӣ ташаккул ёфтаанд.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз қадимтарин тангаҳои дар қаламрави Тоҷикистон ёфтшуда дорикҳои тиллоии ҳахоманишӣ мебошанд, ки ба асрҳои VI-V то милод мансубанд ва дар таркиби бозёфти маъруфи «Хазинаи Амударё» ба даст омадаанд. Баъдтар муомилоти пулӣ дар аҳди Искандари Мақдунӣ, Селевкиён ва давлати Юнону Бохтарӣ густариш ёфт.

Дар давраи Кӯшониён сикказанӣ шаклҳои хоси маҳаллӣ гирифт. Тангаҳо аз тилло, нуқра ва мис сохта мешуданд ва дар онҳо ҳам тасвирҳои шоҳон ва ҳам рамзҳои диниву фарҳангии гуногун ҷой доштанд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки пул дар гузашта низ воситаи иқтисодӣ, инъикосгари фарҳанг ва сохтори сиёсии ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Авҷи рушди муомилоти пулӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Дар қаламрави давлати Сомониён марказҳои сершумори сикказанӣ фаъолият мекарданд ва дирҳамҳои сомонӣ берун аз ҳудуди давлат низ дар муомилот истифода мешуданд.

Аз ҳамин ҷост, ки интихоби номи «сомонӣ» барои пули миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол маънои амиқи таърихӣ дорад. Ин ном пайванди давлатдории имрӯзаи Тоҷикистонро бо таҷрибаи давлатдории гузаштагони тоҷик ифода менамояд.

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Аммо ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ худ ба худ маънои соҳибихтиёрии комили иқтисодиро надошт. Кишвари навистиқлол бояд низоми мустақили бонкӣ, молиявӣ ва пулии худро ташкил мекард.

Дар солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон дар вазъи бисёр душвори сиёсӣ ва иқтисодӣ қарор дошт. Дар чунин шароит вобастагӣ аз низоми пулии беруна имкониятҳои кишварро барои пешбурди сиёсати мустақили иқтисодӣ маҳдуд месохт. Аз ин рӯ, ташкили низоми пулии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ табдил ёфт.

Қадами нахустин дар ин самт 10 майи соли 1995 гузошта шуд. Дар ин рӯз рубли тоҷикӣ ҳамчун пули миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда гардид. Рубли тоҷикӣ тақрибан панҷ сол дар муомилот қарор дошт. Дар ин муддат, барои ташаккули низоми мустақили пулӣ, таҳкими низоми бонкӣ ва омодасозии заминаҳои гузариш ба пули нави миллӣ таҷрибаи зарурӣ андӯхта шуд. Аз нигоҳи таърихӣ, рубли тоҷикӣ як марҳилаи муҳими роҳи расидан ба сомонӣ буд.

Бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 имкони гузариш ба марҳилаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бештар гардид.

26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» қабул гардид ва мувофиқи ин санади ҳуқуқии расмӣ сомонӣ воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, 1 сомонӣ ба 100 дирам баробар дониста шуд (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ» аз 26 октябри соли 2000, таҳти №426. Манбаи электронӣ: //www.adlia.tj ) Санаи муроҷиат. 17.08.2026 с.).

Дар номи сомонӣ номи Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори давлати мутамаркази Сомониён таҷассум ёфтааст. Ин интихоби ном аз лиҳози таърихӣ ва сиёсӣ рамзӣ мебошад. Тавре ёдовар шудем, сомонӣ ба гузашта ишора карда, ҳамзамон ба насли имрӯз ва оянда паёми давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва худшиносии миллиро мерасонад.

Ҷолиб аст, ки аҳамияти иқтисодии ин ислоҳотро дар ҳамон давра созмонҳои байналмилалӣ низ мусбат арзёбӣ карда буданд. Хазинаи байналмилалии асъор 26 октябри соли 2000 ислоҳоти пулии Тоҷикистонро унсури муҳими пешрафти кишвар дар роҳи таъмини суботи макроиқтисодӣ арзёбӣ намуда, интизор дошт, ки пули нав ба афзоиши эътимод ба иқтисодиёт ва таҳкими суботи пулию иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Ҳар амалиёти хариду фурӯш, пасандоз, қарздиҳӣ, пардохти андоз, гирифтани маош ва қисми зиёди муносибатҳои молиявии дохилии кишвар бо низоми пулӣ алоқаманд мебошад.

Таҷрибаи солҳои аввали ба муомилот баровардани сомонӣ низ нишон медиҳад, ки сиёсати дурусти пулию қарзӣ барои суботи иқтисодӣ аҳамияти бузург дорад. Хазинаи байналмилалии асъор дар арзёбиҳои солҳои аввали асри XXI қайд карда буд, ки таҳкими сиёсати пулию қарзӣ ва фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ба коҳиши таваррум ва беҳтар шудани суботи пулии сомонӣ мусоидат кардааст.

Дар рӯи сомонӣ симои шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанги тоҷик, ёдгориҳои меъморӣ, осори санъату ҳунар ва дигар унсурҳои фарҳангӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамин тавр, пул дар ҳаёти ҳаррӯзаи инсон вазифаи дигареро низ иҷро мекунад, он таърихи миллатро ба миллионҳо нафар нишон медиҳад. Ҳар касе, ки ба сомонӣ менигарад, дар он осори таърихӣ, чеҳраҳои донишмандону бузургони миллат ва рамзҳои фарҳангиро мушоҳида кард. Аз ин ҷиҳат, сомонӣ як навъ шиносномаи фарҳангии Тоҷикистон низ мебошад.

Ин хусусият, махсусан барои насли ҷавон аҳамияти калон дорад. Ҷавоне, ки таърихи шахсиятҳои дар пули миллӣ таҷассумёфтаро медонад, бояд дарк кунад, ки ҳар тасвир ва ҳар рамз тасодуфӣ интихоб нашудааст. Бинобар ин, муносибати шаҳрванд ба пули миллӣ воситаи эътимоди тарафайн дар иқтисод аст. Вақте шаҳрванд сомониро қабул мекунад, ӯ ба он ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътимод мекунад, вақте бонк онро нигоҳ медорад, дар асл як қисми низоми молиявиро нигоҳ медорад, вақте давлат онро ба муомилот мебарорад, масъулияти худро дар назди иқтисоди миллӣ иҷро менамояд.

Пули миллиро таҳқир кардан ё қасдан корношоям намудан ба фарҳанги шаҳрвандӣ созгор нест. Ба андешаи инҷониб, сомонӣ моликияти шахсии як нафар нест, он як ҷузъи низоми умумии иқтисодии кишвар мебошад. Дар баробари ин, масъалаи муносибат ба пули миллӣ бояд бо маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ тавзеҳ дода шавад.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки давлатдорӣ доштани марзу буми муайян ё рамзҳои давлатӣ нест. Давлатдорӣ маҷмуи ниҳодҳо, қонунҳо, иқтисод, фарҳанг, забон, таърих, низоми молиявӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Омӯзиши таърихи сомонӣ метавонад як қисми муҳими тарбияи иқтисодӣ ва ватандӯстии ҷавонон бошад. Ҷавон бояд донад, ки чаро Тоҷикистон ба пули миллӣ ниёз дошт, рубли тоҷикӣ чӣ нақш бозид, чаро номи «сомонӣ» интихоб гардид, дар пули миллӣ симои кадом шахсиятҳо ва ёдгориҳо ҷой гирифтаанд ва сиёсати пулию қарзӣ чӣ аҳамият дорад.

Вақте корманд маош мегирад, соҳибкор маҳсулот мефурӯшад, донишҷӯ хароҷоти рӯзмарраи худро пардохт мекунад, шаҳрванд андоз месупорад ё оила пасандоз мекунад, сомонӣ дар муносибатҳои иқтисодии онҳо иштирок мекунад. Аз ин рӯ, пули миллӣ рамз ва механизми амалкунандаи давлатдорӣ мебошад.

Тибқи моддаи 69, банди 15-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент «Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд». (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Манбаи электронӣ: Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: https://www.president.tj/constitution. Санаи муроҷиат: 17.08.2026.).

Қариб бисту шаш сол дар муқоиса бо таърихи ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон муддати кӯтоҳ аст, аммо барои таърихи давлати соҳибистиқлол давраи муҳиме мебошад. Дар ин солҳо низоми бонкӣ рушд кард, шаклҳои гуногуни пулҳои коғазӣ ва тангаҳо ба муомилот омаданд, воситаҳои электронии пардохт густариш ёфтанд ва сиёсати пулию қарзӣ пайваста такмил ёфт.

Пули миллӣ вақте воқеан қавӣ мешавад, ки иқтисоди миллӣ истеҳсолкунанда, рақобатпазир ва самаранок бошад. Вақте маҳсулоти ватанӣ бозори дохилӣ ва хориҷиро таъмин карда тавонад, вақте шаҳрванд саводи молиявӣ дошта бошад, вақте низоми бонкӣ ба талаботи замон ҷавоб диҳад ва вақте эътимод ба институтҳои иқтисодӣ устувор бошад. Аз ин рӯ, ҳифзи сомонӣ вазифа ва масъулияти умумии ҷомеа мебошад.

Ҳар як соҳибкор бо рушди истеҳсолот, ҳар як корманд бо меҳнати босифат, ҳар як донишҷӯ бо таҳсилу донишандӯзӣ ва ҳар як шаҳрванд бо муносибати масъулона ба иқтисоди кишвар метавонад дар таҳкими истиқлоли иқтисодӣ саҳм гузорад.

Сомонӣ имрӯз се маънои муҳимро дар худ таҷассум мекунад: воситаи иқтисодӣ, рамзи давлатдорӣ ва унсури ҳувияти миллӣ.

Ёрибек ТИЛАБОВ,

декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ