Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имкон фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯйи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд.

Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 35 соли истиқлолият, маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Раҳмон сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғайра ба пешравиҳои зиёд ноил гардидааст.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шуданд, ки муҳтавои онҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд. Нахустин ҳуҷчати муҳими соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад, ки он 27-уми декабри соли 1993 қабул гардидааст. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни мазкур чаҳор маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи илм ва прогрессии илми техникӣ» қабул гардиданд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид гузоштанд. Ғайр аз ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замон намудани муҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим нақши асосиро бозиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таљлили Рўзи дониш (01.09.2024 с) иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки ғамхорию дастгирӣ нисбати соҳаи илму маориф ва аҳли зиё яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо мақсади беҳтар бахшидани сифати таълиму тарбия ва рушди илму кашфиёти олимону муҳаққиқони тоҷик дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин муддат, дар манотиқи кишварамон ҳазорон биноҳои таълимӣ аз қабили боғчаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ, литсею гимназияҳо, мактабҳои Президентию байналмилалӣ, донишкадаву донишгоҳҳо сохтаву азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин баробар, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки хонандагон пас аз хатми мактаб бевосита бо донишу маҳорати хеш имтиҳон супорида, донишҷӯ мегарданд. Ҳамчунин, хонандагони болаёқат тавассути квотаҳои Президентӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамасола қонуну барнома ва нақшаву стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаю олии кишвар таҷдиди назар, таҳия ва қабул мегарданд, ки ҳамаи ин бо мақсади баланд бардоштани донишу ҳунари наврасону ҷавонони имрӯзу ояндаи миллат бахшида мешаванд. Пешвои миллат ба неруи илмии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин иброз доштанд: «Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастем, ки дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.

Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,

Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.

Расидӣ бар муродат миллати ман,

Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст! (Озармеҳр)

 

Толибшоҳ ҲАМЗАЕВ,

эдвайзер оид ба таълими факултети иқтисодир ақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ