Дар таърихи давлатдорӣ бузургии роҳбар на танҳо бо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама, бо сатҳи инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва ғамхорӣ нисбат ба инсон арзёбӣ мегардад. Зеро ҳадафи аслии давлатдории муосир ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии арзандаи мардум мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар арзишҳои волои инсонмеҳварӣ асос ёфта, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои инсондӯстӣ, бахшандагӣ ва адолат тадриҷан ба як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.

Яке аз равшантарин намунаҳои чунин сиёсати башардӯстона қонуни нави авф, ки 16 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳод гардид, мебошад. Ин иқдом танҳо як санади ҳуқуқӣ нест, балки таҷассуми фарҳанги олии давлатдорӣ, раҳму шафқат ва эътимод ба қудрати ислоҳи инсон аст.

Дар ҳар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки бар асари саҳву иштибоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷазо танҳо ҳадафи ниҳоии адолат нест. Агар инсон аз кирдори худ пушаймон шуда, роҳи ислоҳро интихоб намояд, ҷомеа бояд барои бозгашти ӯ имконият фароҳам оварад. Маҳз ҳамин рӯҳияи инсонпарварона дар қонуни нави авф таҷассум ёфтааст.

Қонуни авфи имсола барои даҳҳо ҳазор нафар ва аҳли оилаи онҳо муждаи умед гардид. Падароне, ки аз фарзандонашон дур монда буданд, модароне, ки чашм ба роҳи фарзанд доштанд, кӯдаконе, ки муҳаббати падарро интизор буданд, имкони дубора дар канори ҳам буданро пайдо карданд. Ин на танҳо озод шудани шахс аз маҳдудият, балки эҳёи як оила, барқарор гардидани муҳити солими иҷтимоӣ ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ мебошад.

Бузургии чунин иқдоми Пешвои муназзами миллат дар он аст, ки давлат нисбат ба инсон танҳо аз мавқеи ҷазодиҳӣ муносибат намекунад. Баръакс, ба ҳар нафар имконият медиҳад, ки хатои худро ислоҳ намуда, бо меҳнати ҳалол ва рафтори намунавӣ дубора ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Ин яке аз нишонаҳои муҳими адолати инсонӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Ҳамзамон, сиёсати авф нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқ, қонун ва инсондӯстӣ бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Ин иқдом мардумро ба эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва зиндагии созанда ҳидоят мекунад.

Дар баробари ин, сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат низ далели дигари амалигардонии адолати инсонӣ мебошад. Сохтмони мактабу беморхонаҳо, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, ғамхорӣ нисбат ба маъюбону ятимон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам сохтани имкониятҳои васеи таҳсилу меҳнат ҳамагӣ аз сиёсати инсонмеҳваронаи давлат шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи рушди устувор қадам мегузорад. Дар чунин шароит татбиқи сиёсати авф аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад, зеро он ҳисси ҳамдигарбахшӣ, меҳрубонӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеа таҳким мебахшад.

Маҷмуан ба масъала аз назари воқеӣ нигарем, бузургии Пешвои мардумии мо пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, сиёсати давлатро бар пояи адолат, инсондӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ роҳандозӣ менамоянд. Қонуни авфи имсола бори дигар собит сохт, ки дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, шаъну шарафи ӯ ва сарнавишти ҳар як шаҳрванд қарор дорад. Маҳз чунин иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллати сарафрозу озодандеши тоҷик эътимоди мардумро ба давлат таҳким бахшида, ваҳдати ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Ин сиёсати хирадмандона на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки арзиши бузурги ахлоқӣ ва инсонӣ дорад ва ҳамчун намунаи олии адолати инсонӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҷойгоҳи арзанда хоҳад гирифт.

 

Рухшона НУРМАҲМАДОВА,

корманди раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ