АФВ - БУЗУРГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИГАРДОНИИ АДОЛАТИ ИНСОНӢ
Дар таърихи башарият афв ҳамеша нишонаи хирадмандии волою раҳмдилии беканор будааст. Ин амали олӣ танҳо аз дасти он роҳбаре бармеояд, ки дар қалби худ меҳру муҳаббат ба инсонро ҷой додааст ва адолатро на танҳо дар сатри қонун, балки дар амалу рафтори хеш мебинад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои раҳбарии худ борҳо нишон додаанд, ки афв, пеш аз ҳама, зуҳури бузургии рӯҳу покии нияти як роҳбар аст.
Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон институти афв мақоми махсус дорад. Мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи афв кардани маҳкумшудагон ба Президенти кишвар тааллуқ дорад. Ин аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, 16-уми июни соли 2026 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2257 имзо кард. Қайд карда шудааст, ки қонуни имзошуда ба 18038 маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.
Ҳамчунин, қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Иттилоъ дода шудааст, ки аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Ин ваколати конститутсионӣ таҷассуми эътимоди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба раҳбари давлат аст, эътимоде, ки Пешвои миллат онро бо масъулияти баланд ва дилсӯзии самимона иҷро менамоянд. Дар ҳар соли навин, дар рӯзҳои иди миллию давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ фармони афв қабул карда мешавад ва садҳо нафар маҳкумшудагон аз ҳабс озод мегарданд. Ин анъана ифодаи равшани сиёсати инсонгароёнаи давлати тоҷик мебошад.
Афви Пешвои миллат танҳо раҳмдилии шахсӣ нест, он паёме аст ба тамоми ҷомеа, ки давлат инсонро бар ҳама чиз афзал медонад. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки мақсади ниҳоии давлат хизмат ба мардум аст ва ҳар қарор бояд нафъи инсонро дар назар дошта бошад. Афв маҳз ҳамин принсипро дар амал нишон медиҳад: ба ҷойи интиқом - раҳмат, ба ҷои нафрат - умед, ба ҷои маҳкумият - имкони нав. Маҳкумшудагоне, ки аз раҳмати Пешвои миллат баҳраманд мешаванд, дигарбора ба оғӯши оила ва ҷомеа худ бармегарданд ва имконият меёбанд, ки ҳаёти шоистаеро аз нав оғоз намоянд.
Аз дидгоҳи таҷрибаи байналмилалӣ низ афви президентӣ дар Тоҷикистон нишонаи баланди рушди ҳуқуқии кишвар ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар таъкид менамоянд, ки афви инсондӯстона яке аз нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд аст. Тоҷикистон тайи солҳои охир дар ин самт пешравиҳои назаррас ба даст овардааст ва ин пешравӣ аввал аз иродаи сиёсии Пешвои миллат сарчашма мегирад. Фармонҳои афве, ки қабул мешаванд, на танҳо сарнавишти шахсони алоҳидаро дигар мекунанд, балки фарҳанги умумии раҳмдилӣ ва масъулиятро дар ҷомеа мустаҳкам месозанд.
Хулоса бояд гуфт, ки афв бузургтарин намуди қудрати аслии роҳбар аст: қудрате, ки на аз зӯрӣ, балки аз хирад ва ғамхорӣ бармеояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалигардонии пайвастаи ин институти инсонӣ нишон медиҳанд, ки адолати ҳақиқӣ бо шафқат омехта аст. Ҳар фармони афв паёми равшанест ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ки давлате, ки ба ҳар фарди худ эҳтиром мегузорад ва имкони ислоҳу бозгаштро аз ҳеҷ кас намегирад. Ин анъанаи неки афв, ки Пешвои миллат устувор нигоҳ медоранд, барои наслҳои оянда низ намунаи баланди инсонгарӣ ва адолати давлатӣ хоҳад монд.
Назарзода Аҳлиддин Зуҳуршо,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng