Истиқлолият барои давлат ва миллати тоҷик ҷашни бузурги таърихӣ, лаҳзаи ҷамъбасту баҳогузорӣ ба роҳи тайнамудаи кишвар аз буҳрони амиқи солҳои 90-ум, парокандагии робитаҳои хоҷагидорӣ ва ноустувории сиёсӣ то субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Истиқлолият дар ин замина, ҳамчун раванди тулонии барқарорсозии давлатдорӣ, ташаккули иқтисоди миллӣ ва мустаҳкамгардонии соҳибихтиёрии воқеӣ баррасӣ мешавад.

Дар тули 35 соли Истиқлолият иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи дуру дарозро аз таназзул то рушди устувор тай кард. Аз рӯи маълумоти расмӣ, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра тақрибан 13 маротиба афзоиш ёфта, дар соли 2025 аз 153,4 миллиард сомонӣ гузашт, дар ҳоле ки танҳо дар нимаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда беш аз 8,8 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Суръати миёнаи солонаи афзоиши иқтисодӣ дар ин солҳо 7,6 фоизро ташкил кард, ки дар миқёси минтақа ва ҷаҳон аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба шумор меравад.

Дар баробари рушди умумӣ, ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 2,5 ҳазор то тақрибан 14,7 ҳазор сомонӣ боло рафт, ки беҳтаршавии сатҳи миёнаи зиндагиро инъикос менамояд. Сохтори иқтисод низ тағйир ёфт: аз рӯи маълумоти соли 2024, ҳиссаи кишоварзӣ дар ММД тақрибан 22,8 фоиз, саноат 16,9 фоиз, савдо 15,2 фоиз, нақлиёт 9,3 фоиз ва сохтмон 8,1 фоизро ташкил дод. Ин таносуб нишон медиҳад, ки иқтисоди кишвар ҳанӯз дар ҳоли гузариш аз модели аграрӣ ба модели саноатӣ қарор дорад ва афзоиши ҳиссаи саноат яке аз вазифаҳои калидӣ боқӣ мемонад.

Муҳимтарин натиҷаи иҷтимоии рушди иқтисодӣ коҳиши назарраси сатҳи камбизоатӣ мебошад. Агар дар солҳои 90-ум зиёда аз 80 %-и аҳолӣ дар зери хатти камбизоатӣ қарор дошта бошад, дар соли 2025 ин нишондиҳанда тақрибан то ба 19 % поён фаромад. Ин тағйирот натиҷаи ҳамгироии рушди иқтисодӣ, барномаҳои иҷтимоӣ ва афзоиши шуғл мебошад.

Дар айни замон, яке аз хусусиятҳои сохтории иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши баланди муҳоҷирати меҳнатӣ ва интиқоли маблағҳои муҳоҷирон боқӣ мемонад. Аз рӯи баҳогузориҳо, дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба тақрибан 45 %-и ММД расид, ки яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз як тараф, ин маблағҳо талаботи дохилӣ ва даромади оилаҳоро дастгирӣ мекунанд, аз тарафи дигар, вобастагии баланд аз онҳо иқтисодро ба таъсири омилҳои беруна ҳассос месозад. Аз ин рӯ, табдил додани ин ҷараён аз манбаи истеъмол ба манбаи сармоягузорӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ ва молиявӣ мебошад.

Дар марҳилаи ҳозира яке аз самтҳои афзалиятноки рушди бахши молиявӣ ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молиявӣ, воситаҳои рақамии пардохт ва хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ мебошад. Рушди инноватсияҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ баланд бардошта шуда, самаранокии гардиши пул афзоиш ёбад. Ҳамзамон, устувории низоми пулию қарзӣ, эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо ва танзими самараноки хатарҳои молиявӣ шартҳои калидии таъмини рушди устувори иқтисодӣ боқӣ мемонанд. Ба ин маънӣ, соҳибихтиёрии молиявӣ доштани асъори миллӣ, қобилияти давлат дар идоракунии мустақили низоми молиявии худ ва мутобиқсозии он ба талаботи иқтисоди муосир мебошад.

Рушди иқтисодии солҳои Истиқлолият бе ҷалби сармоя имконнопазир мебуд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ ба иқтисоди кишвар беш аз 670 миллиард сомонӣ сармоя ворид карда шуд, ки заминаи моддии барқарорсозӣ ва навсозии иқтисодро ташкил дод. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии соҳибкории ватанӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат мебошанд.

Самтҳои асосии рушди ояндаро Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян намуда, марҳилаи ниҳоии он солҳои 2026-2030 ба анҷомёбии босуръати саноатикунонӣ тавассути афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди илм ва ҷорӣ намудани навовариҳо равона шудааст. Дар ин марҳила вазифаи асосӣ на танҳо нигоҳ доштани суръати рушд, балки таъмини сифати нави он гузариш ба модели индустриалӣ-инноватсионии иқтисод мебошад.

Ҳамин тавр, 35-солагии Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолати субот, эътимод ба оянда ва бо самти равшани иқтисодӣ пешвоз мегирад. Дастовардҳои ба даст омада, аз барқарорсозии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ то рушди устувори иқтисодӣ, коҳиши камбизоатӣ ва мустаҳкам гардидани соҳибихтиёрии молиявӣ, заминаи боэътимодро барои марҳилаи навбатии рушди кишвар фароҳам меоранд. Дар ҳоли ҳозир, коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна, афзоиши ҳиссаи саноат дар иқтисод, табдили интиқоли маблағҳо ба сармоягузорӣ ва таъмини сифати баланди рушд ба унвони ҷиддитарин вазифаҳо маҳсуб меёбанд. Ҳалли ин вазифаҳо тавассути пайванди сиёсати сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ имкон медиҳад, ки суръати рушд ба сифати зиндагии шаҳрвандон ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ табдил дода, соҳибихтиёрии иқтисодиву молиявӣ асоси устувори истиқлолияти воқеии давлат боқӣ монад.

 

Қадриддин ФАТҲИДДИНЗОДА,

муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДДМИТ