Математика ва иқтисодиёт соҳаҳои мустақили илм ба ҳисоб рафта, ҳар яке аз онҳо объект ва предмети таҳқиқотии худро доранд. Бо ақидаи иқтисодчӣ-математики машҳури америкоӣ Норберт Винер хизмат ва вазифаи муҳимтарини математика аз он иборат аст, ки тартиби ниҳоиро дар бенизомие, ки моро иҳота намудааст, муайян мекунад. Аз ин хулоса мебарояд, ки предмети таҳқиқоти математика ҷустҷӯи шакли миқдории тавсифи алоқаҳои абстрактӣ ба шумор меравад, ки дар муҳити моро иҳотакарда ҷой дошта метавонад. Яъне, математика ҳамчун илм олоти аналитикии ҳамаҷониба (универсалӣ)–и таҳқиқоти алоқаҳоро сохта, дар ин асос оид ба ҷаҳони моро иҳотакунанда ахбороти нав медиҳад. Пас математика дастгоҳи математикиро ба олоти ҳамаҷонибаи ҳалли масъалаҳои гуногун табдил медиҳад, ки таҳқиқотчиёни соҳаҳои гуногун (иқтисодиёт, тиб, лингвистика, сотсиология ва ғайра, ки дар назар аз математика хеле дур мебошанд) мунтаззам бо он дучор меоянд. Ҳамин аст, ки математики машҳури асри XIX-и Олмон К.Гаусс математикаро шоҳи фанҳо ном бурдааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар айни замон ба комёбиҳои чашмрас ҳамон соҳаҳои илм бештар муваффақ мешаванд, ки дар таҳқиқоти худ дастгоҳи математикиро бомаврид истифода намоянд.

Дар мади аввал чунин ба назар мерасад, ки математика ба мафҳумҳое такя мекунад, ки ба ҳаёти воқеъӣ ҳеҷ алоқамандӣ надоранд, аз ҷумла: матритса, ҳосила, интеграл, муодила, векторҳо ва ғайра.

Математики англис Гексли навиштааст: «Математика мисли санги осиёб ҳар он ҷизеро, ки дар зераш мерезанд, ба орд табдил медиҳад. Ба зери он санг парранда қуро партофта шумо орди гандум намегиред, ҳамин тавр ҳам миқдори калони формулаҳоро навишта шумо ҳақиқатро аз шартҳои пешакии бардурӯғ фарқ карда наметавонед».

Татбиқи математика дар иқтисодиёт аз асри XVIII сарчашма гирифтааст. Иқтисодчии фаронсавӣ Франсуа Кенэ соли 1738 аввалин ҷадвалҳои иқтисодии худро нашр намуд, ки дар он элементҳои математика истифода шудаанд. Ин аввалин кӯшиш оид ба навишти миқдории раванди такрористеҳсолкунии маҳсулоти ҷамъиятӣ ҳамчун ягонагии бутун ба ҳисоб мерафт. Баъд аз он модели классикии макроиқтисодии такрористеҳсолкунии ҷамъиятиро Адам Смит ва Давид Рикардо (модели тиҷорати байналмилалӣ) пешниҳод намуданд. К. Маркс дар асарҳои худ аппарати математикӣ (моделҳои сода ва бисёрҷабҳаи такрористеҳсолкунӣ, муомилоти пулӣ ва ғайра)–ро самарабахш истифода менамуд.

Дар асри XIX дар иқтисодиёти сиёсӣ мактаби математикӣ ворид шуд. Намояндагони ин мактаб Л. Валрас, О. Курко, А. Маршалл, В. Парето, Ф. Эҷворт, ва дигарон аввалин маротиба кӯшиш намуданд, ки аппарати математикиро дар тадқиқи механизми гардиши бозор (назарияи баробарвазнии бозор) истифода намоянд. Дар охири асри XIX дар Гарвард равияе пайдо шуд, ки онро барометри гарвардӣ меномиданд. Ин яке аз равияҳои иқтисодиёти муосир мебошад, ки моделҳои эконометрикиро барои пешгӯии даврҳои саноатӣ кор карда мебарояд.

Дар ИҶШС солҳои 20-уми асри гузашта ҳангоми банақшагирии давлатӣ проблемаи истифодабарии методҳои математикӣ дар иқтисодиёт боиси баҳсу мунозираҳои шадид гардид. Чунин масъалаҳо аз ҷумлаи имконият ва зарурати истифодаи дастгоҳи математикӣ дар иқтисодиёт, функсияҳои ёрирасони методҳои математикӣ, татбиқи онҳо ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар Ғарб солҳои 20-уми асри ХХ ба асосҳои моделронии макроиқтисодӣ поя гузошта шуд: баланси байнисоҳавӣ (В.Леонтев), моделҳои афзоиши иқтисодӣ (Конюс, Фелдман) ва ғайра. Дар ин давра миқдори зиёди моделҳои иқтисодӣ – математикии таҳлил ва пешгӯии муносибатҳои иқтисодӣ кор карда баромада шуданд.

Дар солҳои 30 – юми асри гузашта математики шуравӣ Л.В.Канторович синфи нави масъалаҳои математикӣ–барномасозии хаттиро кор карда, методи универсалии ҳалли онҳоро пешниҳод намуд. Ин имконият дод, ки аз ҳар гуна масъалаҳои иқтисодӣ, ки бо критерияи хаттӣ муайян карда мешуданд, бо осонӣ ҳалли худро ёбанд. Дар соли 1939 Л.В.Канторович бо ҳамроҳии М.К.Ганурин масъалаи классикии нақлиётиро ҳал намуданд, ки он имконият дод дар иқтисодиёт ба натиҷаи беҳтарини боркашии нақлиёт, хатсайрҳо ва самарабахш истифодабарии нақлиёт соҳиб шаванд. Барои ин тадқиқот Л.В.Канторович соли 1950 сазовори Ҷоизаи Нобелӣ гардид.

Мутаасифона дар ИҶШС дар солҳои 1940 – 1957 масъалаи истифодабарии математика дар иқтисодиёт аз чашм дур афтод. Он методҳои математикии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, ки то ин вақт мавҷуд буданд, дар амал истифода намешуданд. Сабабҳои гуногун мавҷуд буданд. Мавҷуд будани зиддият оид ба истифодабарии методҳои математикӣ дар таҳқиқотҳои иқтисодӣ, кӯҳнапарастӣ (консерватизм) ва нарасидани мутахассисони баландихтисос яке аз сабабҳои субъективии он мебошанд.

Дар Ғарб бошад аз миёнаи солҳои 40 – уми асри ХХ сар карда раванди шиддатноки ҷори намудани математика дар иқтисодиёт ва ҳам дар соҳаи таҳқиқоти иқтисодӣ суръат гирифт. Солҳои 60–ум бошад татбиқи математика дар иқтисодиёт соҳаи идоракунии корчалонӣ (бизнес) ро фаро гирифт. Донишмандони машҳури Ғарб Д.Хикс, Р.Солоу, В.Леонтев, П. Самуэлсон ва чанде дигарон барои рисолаҳои илмиашон, ки ба истифодаи аппарати математикӣ дар иқтисодиёт бахшида шуда буданд, сазовори Ҷоизаи Нобелӣ гардиданд. Дар Ғарб бошад вобастагии байниҳамдигарии математика ва иқтисодиёт ба як ҳолати одӣ табдил ёфт.

Иқтисодчӣ–математики муосири рус Л.В. Канторович қайд кардааст: «Фикрронии иқтисодӣ бо фикрронии математикӣ ҳамоҳангӣ дорад. Раванди такрористеҳсолкунии васеъ, баъд аз он, ки К. Маркс нақшаҳои баамалбарории худро ба расмият даровард, пурра равшан гардид. Ӯ нишон дод, ки асосҳои фаҳмиши илми иқтисодӣ анҷом ва мураттабиашро бо шарофати ба расмият даровардани он бо ёрии усулҳои математикӣ ба даст меорад».

Дар ИҶШС ба тадбиқи аппарати математикӣ дар иқтисодиёт охири солҳои 50–ум баргаштанд, баъд аз он ки Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодии банақшагирии давлатии ИҶШС солҳои 1957–1958 ба коркарди тавозуни байнисоҳавӣ шурӯъ намуд. Соли 1958 бо сарварии академик В.С. Немчинов Лабораторияи математикӣ-иқтисодии АУ ИҶШС ташкил карда шуд, ки оид ба коркарди тавозунҳои байнисоҳавии ноҳиявӣ корҳои таҳқиқотӣ мебурданд. Дар баробари ин, ба тайёр намудани мутахассисон оид ба ин самт (иқтисодчӣ–математик) поя гузошта шуд.

Дар айни замон инкишофи макроиқтисод ва микроиқтисод ва фанҳои иқтисодиёти амалӣ ба дараҷаи баланди ташаккули онҳо алоқаманд аст. Ба ин раванд пешравӣ дар соҳаи математикаи амалӣ (барномасозии математикӣ, назарияи бозиҳо, омори математикӣ, назарияи хизматрасонии оммавӣ ва ғайра) асос гузоштааст. Инчунин пешравӣ дар соҳаи технологияи итиллоотӣ, ки имконияти коркард, нигоҳ доштан ва додани ахбороти калонро дорад, дар инкишофи макро–ва микроиқтисод.

Равандҳои ҳаматарафа, якҷоякунӣ, интернатсионализатсиякунонӣ, ҷорӣ намудани технологияи нав, дифференсиронии талабот, баланд бардоштани турбулентнокии бозорҳои мол номуайяниҳоро дар рафтори системаҳои иқтисодӣ мушкил менамояд, дараҷаи хатарро баланд мебардорад, амалҳои лагҳои вақтиро пуршиддат менамояд. Ҳамаи ин дар иқтисодиёт ба заррурати истифодабарии аппарати математикии муосир, ки имконияти тавсиф намудани алоқаи стохастикиро дорад, оварда мерасонад.

Иқтисодиёт дар назди математика масъалаҳои нав ба нав гузошта, баҳри ҷустуҷи методҳои ҳалли онҳо ҳавасмандиро таъмин менамояд. Бояд қайд кард, ки дар шароити ҳозира талаботи иқтисодиёт ба дастгоҳи нави математикӣ нисбат ба имконияти худи математика оид ба коркарди онҳо пеш гузаштааст. Масалан, имконияти ҳалли масъалаҳои стохастикӣ, барномасозии ғайрихаттӣ ва ғайра хеле маҳдуд мебошанд. Ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ боиси пайдоиши самтҳои гуногун дар математикаи амалӣ–барномасозӣ, назарияи бозиҳо, шабакаҳои нейронӣ, хизматрасонии оммавӣ, таҳлили омории бисёрченака ва ғайра гардид. Дар навбати худ, дар пояи математика чунин методҳои махсуси таҳқиқотҳои иқтисодӣ: шабакавӣ, тавозунӣ, таҳлили коррелятсионӣ-регрессионӣ ва ғайра инкишоф меёбад.

Ҳамин тавр, иқтисодиёт ва математика ҳамеша дар алоқаи доимӣ мебошанд ва ҳамдигарро пурра мекунанд. Бо инкишофи технологияи итиллоотӣ ин муносибати дутарафа аз соҳаи таҳқиқоти иқтисодӣ ба хоҷагидории ҳақиқии идоракунии корчалонии муосир табдил ёфт.

Дониши методҳои математикӣ яке аз қисматҳои асосии ташаккули дониши касбии мутахассисон дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ мегардад. Ин мутахассисон дар ҳақиқат истифодабарандаи он олотҳои таҳлилие мебошанд, ки аз коркарди математикӣ гузаштаанд. Пас, онҳо математикаро на ҳамчун математик, балки ҳамчун иқтисодчӣ–математик меомӯзанд. Масалан, онҳо бояд донанд, ки мафҳумҳои математикӣ: вектор, матритса, функсия, ҳосила, интеграл, муодилаҳои дифференсиалӣ ва ғайра дар ҳалли кадом масълалахои иқтисодӣ истифода мешаванд. Дониши истифодабаранда оид ба чӣ гуна ин формулаи математикӣ ҳосил шудааст, аҳамияти муҳим надорад. Муҳимаш он аст, ки ин формула кай ва дар кадом ҳолат дар иқтисодиёт истифода мешавад.

            Инчунин, татбиқи васеъи компютер дар коркарди математикии итиллоот аз мактабҳои олии равияи иқтисодидошта дар таълими математика муносибати навро талаб мекунад. Ба андешаи мо, дар шароити ҳозира бо сабаби баланд шудани нақши математика дар иқтисодиёт ва пайдо шудани технологияи нави коркарди математикии итиллоот зарурияти аз нав дида баромадани барномаҳои таълимӣ дар курсҳои математика (математикаи олӣ, назарияи эҳтимолият, математика дар иқтисодиёт, омори математикӣ, математикаи молиявӣ, методҳои математикӣ ва ғайра) ва технологияи итиллоотӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Барои ин ду илми гуногун – математика ва иқтисодиёт мутақобилагии зич

хос аст. Тағйирёбии бошиддат дар фаъолияти соҳибкорӣ дар асри ХХ1, инкишофи босуръати технологияи зеҳнӣ, тадриҷан гузаштан аз иқтисодиёти “молӣ” ба иқтисодиёти илмӣ, ин муносибатро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Татбиқи математикаи муосир дар таҳқиқоҳои иқтисодӣ, ки имконият медиҳад гузаштаро фаҳмонем, ояндаро дарк кунем ва ба натиҷаи кори худ баҳои дуруст дода тавонем, аз мо қӯшиши зиёд ва донишҳои нави фундаменталиро талаб мекунад, ки иқтисодиёт ба он ниёзи калон доранд.

А Кабиров,

 н.и.ф.м. дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ