Мавриди зикр аст, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон марҳалаи муҳим ва арзишманди ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи муосир ва мушаххас намудани самтҳои рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб меёбад. Зеро ин неъмати бебаҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ шеваҳои муассири рушди ҷомеаро дар амал татбиқ намоянд. Аз ин лиҳоз, метавон чунин натиҷа гирифт, ки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, фурсати андешидан дар бораи роҳи тайшуда, арзёбии сабақҳои таърих ва дарки масъулияти наслҳои имрӯз дар назди ояндаи давлату миллатро фароҳам овард.

Дар ин давра, масъалаи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аҳаммияти калидӣ пайдо кард. Зеро соҳибистиқлолӣ бидуни фароҳам будани суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии ҷомеа наметавонад ба як дастоварди пойдори миллӣ табдил ёбад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон низ собит намуд, ки маҳз иттиҳоду сарҷамъӣ имкон фароҳам меорад, то ҷомеа дар баробари мушкилоту таҳдидҳо устувор бимонад ва ба ин васила, манфиатҳои давлату миллат ҳифз шаванд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: «Иттиҳод ва сарҷамъии миллат силоҳи ҳастаи мо дар муқобили ҳар таҳдид аст».

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоӣ пайваста шаклҳои нав пайдо мекунанд, устувории давлат, пеш аз ҳама, ба ваҳдати ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандӣ вобаста аст. Миллате, ки арзишҳои миллии худро ҳифз карда, дар атрофи ойинҳои миллӣ муттаҳид мешавад, метавонад ҳатто дар баробари мушкилоти бузург роҳи пешрафти худро идома диҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ масъулияти умумии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Соҳибистиқлолӣ дар баробари фароҳам овардани заминаҳои таҳкими ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон марҳалаи нави давлатсозӣ низ гардид. Дар ин давра, сохторҳои давлатдорӣ ташаккул ёфта, низоми идоракунии давлат такмил ёфт ва барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаҳои устувор гузошта шуданд. Дар ин бора, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 августи соли 2026 дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» чунин зикр карданд: «Соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид».

Ин марҳалаи нави давлатсозӣ ба бунёди сохторҳои давлатӣ маҳдуд нашуда, мазмуни аслии он дар ташаккули давлате ифода меёбад, ки фаъолияти тамоми ниҳодҳои он ба қонун ва манфиатҳои ҷомеа такя мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи асосии ҷомеаи мо эълон гардида, барои рушди низоми ҳуқуқӣ ва таҳкими волоияти қонун заминаҳои устувор гузошта шуданд. Волоияти қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба пойдории давлатдории миллӣ мусоидат мекунанд.

Соҳибистиқлолӣ ба зиндагии мардум низ маъно ва эҳсоси нав бахшид. Зиндагӣ ранги дигар гирифт. Барои насли имрӯз, ки дар фазои соҳибистиқлолӣ ба воя мерасад, бисёре аз ин неъматҳо шояд чизи табиӣ ба назар расанд. Аммо дарки арзиши онҳо моро водор месозад, ки ба роҳи тайшуда назар андозем ва саҳми шахсиятҳоеро, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз масъулияти давлатдориро бар дӯш гирифтанд, ба ёд оварем.

Дар лаҳзаҳои ҳассоси ба Истиқлоли давлатӣ расидан ба саҳнаи сиёсати кишвар омадани Эмомалӣ Раҳмон ва ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат дар яке аз душвортарин марҳалаҳои таърихи навини Тоҷикистон низ аз ҳамин ҷумла аст. Сарнавишти минбаъдаи кишвар ба роҳи сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ ва созандагӣ пайванд хӯрд ва номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин давраи муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон иртиботи ногусастанӣ пайдо кард.

Ҳамин тавр, агар ба 35 соли соҳибистиқлолӣ аз нигоҳи моҳияти таърихии он назар андозем, се мафҳум ҳамчун ҳалқаҳои ба ҳам пайваста пеши назар меоянд: сарҷамъии миллат, давлатсозӣ ва волоияти қонун. Сарҷамъӣ заминаи суботу устувории ҷомеа, давлатсозӣ воситаи амалӣ намудани ҳадафҳои миллӣ ва волоияти қонун кафили пойдории низоми давлатдорӣ мебошад. Пайванди устувори ҳамин се омил аст, ки ба Истиқлоли давлатӣ мазмуни воқеӣ ва дурнамои таърихӣ мебахшад.

Аз ин рӯ, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки роҳи тайкардаи давлату миллатро бо масъулияти бештар арзёбӣ намуда, ба қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёрӣ бирасем ва барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми худро гузорем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чунин зикр намудаанд: «Соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва мо бояд ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои азимро ба анҷом расонем». Ин таъкид даъват ба он аст, ки бояд ҳар як шаҳрванди кишвар дар ободии Ватан ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманди худро гузорад.

Воқеан ҳам, ватансозӣ метавонад аз масъулиятшиносии як корманд, аз донишу заҳмати як омӯзгор, аз ихтирои як муҳаққиқ, аз меҳнати ҳалоли як деҳқон, аз ташаббуси як соҳибкор, аз эҷоди як ҳунарманд ва аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд дар ҳар як оила оғоз ёбад. Ҳар амали созандае, ки ба пешрафти ҷомеа ва ободии кишвар мусоидат мекунад, дар маҷмӯъ ба таҳкими Истиқлол хизмат менамояд.

Дар идомаи ин раванд, Тоҷикистон дар назди худ вазифаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологиро гузоштааст. Зеро дар ҷаҳони имрӯз соҳибистиқлолӣ фақат бо ҳифзи марзу буми кишвар ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд намешавад. Давлати соҳибистиқлол бояд иқтисоди қавӣ, истеҳсолоти рақобатпазир, технологияҳои муосир, захираи кадрии соҳибмаърифат ва фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ дошта бошад.

Дар ин замина, Пешвои миллат дар Паёми соли 2025 вазифаҳои муҳими рушди минбаъдаи кишварро таъкид намуда, аз ҷумла чунин изҳор доштаанд: «Моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем». Ҳамзамон, ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ин ҳадафҳо нишон медиҳанд, ки марҳалаи нави давлатсозӣ бо вазифаҳои нави замон пайванди ногусастанӣ дорад. Насли имрӯз бояд на танҳо дастовардҳои сию панҷ соли гузашта, балки имкониятҳои рушди сию панҷ соли ояндаро низ дар назар дошта бошад. Дар ин роҳ дониш, технология, навоварӣ, меҳнати содиқона ва рақобатпазирии миллӣ ба сармояи муҳими давлат табдил меёбанд.

Махсусан, масъулияти ҷавонон дар ин раванд бузург аст. Ҷавоне, ки мехонад, касб меомӯзад, технологияи навро аз худ мекунад, забонҳои хориҷиро медонад, қонунро эҳтиром мекунад ва нисбат ба тақдири Ватан бетараф нест, дар асл барои ояндаи Истиқлоли давлатӣ замина мегузорад. Тоҷикистон ба насли соҳибмаърифат, ташаббускор ва созанда ниёз дорад. Ба насле, ки Истиқлолро ҳамчун имкони бузурги худсозӣ ва давлатсозӣ бипазиранд.

Бигзор, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи созандагӣ, пешрафт ва давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон гом гузорад.

Фаррух САИДАҲМАДОВ,

мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ