ҚАДАМИ НАХУСТИН БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Донишҷӯи донишгоҳ шудан барои бофарҳанг, худогоҳ ва мутахассиси варзида гардидани ҷавонон мусоидат намуда, роҳи ояндаи онҳоро равшан месозад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимии бонуфуз буда, дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи муайянеро соҳиб гардида, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, мақоми чорумро устувор нигоҳ медорад.
Имсол низ довталабони муваффақи зиёде маҳз ДДМИТ-ро интихоб намуданд. Дар оғози соли нави хониши 2026-2027 мо, кормандони рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод» тасмим гирифтем бо донишҷӯёни соли аввал дар мавзуъҳои гуногун суҳбат намуда, андеша ва ҳадафҳои онҳоро пурсон шавем:
Фаришта Додарҷонова, донишҷӯи ихтисоси аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва омор:
- Ман хатмкунандаи гимназияи рақами 1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, хушбахтам, ки имсол дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори номи донишҷӯи ДДМИТ гардидам.
Мехоҳам ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи шахсӣ таҳсил намуда, чун бародарам - Мансур Додарҷонов, ки чанд сол пеш ҳамин донишгоҳро хатм кард, ҳамчун мутахассиси соҳаи молия ба халқу Ватани азиз хизмат намоям.
Сиёвуш Имомзода, донишҷӯи риштаи аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва омор:
- Ман аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, айни замон дар хобгоҳи рақами 2 зиндагӣ мекунам. Барои мо, донишҷӯён дар хобгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, бехатарӣ ва тартибот таъмин аст. Ман аз хурдӣ ихтисоси аудит ва ревизияро дӯст медоштам. Имрӯз хушбахтона ба орзуям расидам. Мақсади ман ҳоло фақат хондан ва ҷӯяндаи дониш будан аст.
Улфатмоҳ Дӯстмаҳмадова, донишҷӯи ихтисоси бухгалтерӣ ва омори факултети баҳисобгирӣ ва омор:
- Банда хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Шуғнон буда, айни ҳол дар хобгоҳи донишҷӯён иқомат менамоям. Аз хурдӣ дар дилам ҳаваси кор кардан дар бонк шуъла мезад. Аз ин ҷиҳат, тариқи Маркази миллии тестӣ ДДМИТ-ро интихоб намудам ва хушбахтона, соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардидам.
Барандаи ҷойи дуюм дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 дар ноҳияи Шуғнон ва ғолиби ҷойи сеюм дар даври дуюми озмун дар ВМКБ мебошам.
Роҳбарияти мамлакат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кумак мерасонад, аз натиҷаи хуби таълим барояшон идрорпулии махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат боз барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристад. Дар оянда мехоҳам дар озмунҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, обрӯи донишгоҳро боз ҳам баланд бардорам.
Алмамадова Амрия, донишҷӯи факултети фаъолияти гумрук ва амнияти иқтисодӣ:
- Банда фарзанди аввалини оила буда, соли 2026 литсей барои хонандагони болаёқатро дар ноҳияи Шуғнон бомуваффақият хатм намудаам. Айни замон бо ду забон - русӣ ва англисӣ озодона гап зада метавонам. Бояд қайд намоям, ки мисли табиати Шуғнон, ДДМИТ низ саросар гулу гулзор аст, ки бинанда аз тамошояш сер намешавад. Пешаи туризмро дӯст медорам. Шунидам, ки дар донишгоҳ ҳам ин пешаро меомӯзонанд, хеле хурсанд шудам.
Як чизи дигарро қайд намоям, ки ман ҳунари рақсидан ҳам дорам ва дар литсей дар баромадҳои фарҳангӣ рақс мекардам. Мехоҳам дар шуъбаи фарҳанги донишгоҳ аъзо шуда, бо ҳунари худ тамошобинонро хушнуд гардонам.
Сорбон Исмоилзода, донишҷӯи факултети молия ва қарз:
- Ман дар оила фарзанди чаҳорум буда, мактаби №124-и маҳаллаи Гулбуттаи шаҳрро ҳамин сол хатм намудаам. Бародарам маълумоти дуюмро низ аз ҳамин донишгоҳ гирифтааст. Ба риштаи ҷудо ва муҳорибаи бидуни қоида тамрин намуда, варзишро дӯст медорам. Ҳамчунин, дар озмунҳои забон ва математика иштирок намуда, борҳо сазовори ҷойҳои якум ва ифтихорӣ гардидаам. Пешаи молияро дӯст медорам.
Амрохонова Ҳамида, донишҷӯи факултети молия ва қарзи донишгоҳ:
- Аз хурдӣ орзу мекардам, ки мисли тағоям молиячӣ шавам. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаби рақами 7-и деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Маркази миллии тестӣ супорида, ин донишгоҳро интихоб намудам.
Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил карданам дар озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардидаам. Бар замми ин, дар баромадҳои фарҳангии мактаб барандагӣ карда, гоҳо суруд ҳам мехондам. Аз хурдӣ орзуи корманди бонк шуданро доштам.
Адиба Валиҷонзода, донишҷӯи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ:
- Муассисаи таҳсилоти умумии №46-и ноҳияи Шаҳринавро бо баҳои хубу аъло хатм намудаам. Соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи ифтихориро гирифтам. Дар ноҳия бошад, дар озмунҳои фаннӣ иштирок намудаам. Устоди аввалини ман дар ғолибиятҳоям модарам ҳастанд, ки дар ин мактаб омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошанд. Мехоҳам ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ дар озмунҳо баромад намуда, обрӯи донишгоҳро баланд бардорам. Ҳунари эҷод кардани шеър ва таронаро ҳам дорам.
Файзулло Бухориев, донишҷӯи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ:
- Ҳангоми дар мактаби рақами 14-и ноҳияи Фирдавсӣ таҳсил намуданам, дар озмунҳои фаннии математика ва информатика дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаам.
Дар олимпиадаҳои мактабӣ ва шаҳрӣ ҷойи аввалро гирифта, Академияи «SOFTCLUB»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо дар риштаи барномасозӣ хатм кардаам. Варзишро дар риштаи футбол дӯст медорам ва айни замон дар тими миллии ҷавонон бозӣ мекунам. То ҳол зиёда аз 30 дастовард дорам.
Абубакр Зарипов, донишҷӯи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ:
- Ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 54-и пойтахт дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаам. Мехоҳам дар донишгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар озмунҳо баромад кунам ва дар оянда ҳуқуқшинос шавам.
Шаҳзода Ҳамробоева, донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи давлатӣ:
- Банда баъди хатми мактаб донишҷӯи ДДМИТ гардидам. Дар мактаб пайваста дар барномаҳои фарҳангии мактаб баромад мекардам. Аз хурдӣ мехостам ҳуқуқшинос шавам ва ҳуҷҷатҳоямро ба Маркази миллии тестӣ супоридам, маро ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод роҳхат доданд. Хурсанд ҳастам, ки ин донишгоҳ дар байни 52 муассисаи олии кишвар ҷойи чорумро ишғол менамояд. Баъди хатми донишгоҳ мехоҳам ҳуқуқшинос шавам.
Сабрина Нуруллозода, донишҷӯи факултети иқтисод ва идораи давлатӣ:
- Зодаи ноҳияи Балҷувон ҳастам. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, то даври вилоятӣ расидам. Ман дар оила фарзанди аввалам. Рости гап, ман шеър эҷод мекунам. Барои дар озмунҳо иштирок кардан ва хуб хонданам гирандаи идрорпулии раиси ноҳияи Балҷувон будам. Бояд қайд намоям, ки дар пешравии фаъолияти ман саҳми падарам, ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик ҳастанд, хеле зиёд аст. Мехоҳам дар оянда мутахассиси соҳаи молия шавам.
Мустафо Шарипов, донишҷӯи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ:
- Зодаи ноҳияи Варзоб ҳастам. Акаам Ҳасан Шарипов ин донишгоҳро хатм намуда, дар яке аз идораҳои бонуфузи Вазорати молияи ҷумҳурӣ фаъолият мекунад. Баъди тавассути рӯзнома тарғиб шудани ДДМИТ дар мактаб, ба ман ин донишгоҳ маъқул шуд. Оянда орзу дорам, ки ДДМИТ-ро хатм карда, мутахассиси хуб шуда, ба Ватан хизмат кунам.
Дар мактаб дар олимпиадаҳои математика, информатика ва забони русӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ баромад намудаам. Дар риштаи волейбол дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, ҷойҳои якум, дуюм ва ифтихориро сазовор гардидаам.
Сабрина Самадзода, донишҷӯи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ:
- Тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод роҳ ёфта, айни ҳол дар хобгоҳ иқомат мекунам. Дар давраи таҳсил дар мактаби миёна дар озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, дар даврҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ гардида, гирандаи стипендияи Президентӣ мебошам. Дар оянда мехоҳам соҳибкасб шуда, дар ихтисоси худам кору фаъолият намоям.
Марҷона Нарзулоева, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ:
- Аз шаҳри бостонии Панҷакент ба шаҳри пургул ва зебои Душанбе омадам, то дониш омӯзам, соҳибкасб шавам ва баъд ба зодгоҳам баргашта, аз рӯйи ихтисоси азбаркардаам ба халқу Ватан хизмат намоям. Фикр мекунам, ки дар оянда бе донистани забонҳои хориҷӣ мутахассиси хуб шуда наметавонӣ.
Дар оила фарзанди аввал буда, ба забономӯзӣ шавқу ҳаваси зиёд дорам. Забони русиро хуб медонам ва мехоҳам дар оянда забонҳои англисӣ ва хитоиро низ дар сатҳи зарурӣ аз худ намоям.
Юсуф Раҷабов, донишҷӯи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ:
- Ҳангоми дар мактаби рақами 93 хонданам дар олимпиадаҳо аз фанни география баромад намуда, сазовори чандин ҷоиза гардидаам. Аз сабаби он ки ба факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дохил шудаам, мехоҳам ҳар қадаре ки бошад, забонҳои хориҷиро аз худ намоям. Аллакай, забонҳои русӣ ва англисиро дар сатҳи муошират медонам. Мехоҳам дар оянда пешаи гумрукро интихоб намоям, чунки хешонам дар ин ришта кор мекунанд ва ин касб ба ман маъқул аст.
Фармудаи «Илм дар хурдӣ нақш дар санг аст» беҳуда нест. Дар ҳақиқат, дар ДДМИТ имрӯз барои мутахассиси арзандаи соҳаи иқтисод ва молия шудан тамоми шароитҳо муҳайёст. Бояд ҳар лаҳзаи таҳсил дар донишгоҳро самаранок истифода барем, то давраи тиллоии умри хешро беҳуда сипарӣ накарда, пайи азхудкунии илмҳои замон ва техникаву технологияҳо шавем.
Мусоҳиб: Тағоймурод Эшзода
Тоҷ
Рус
Eng