Шеър барои инсон инъикоси эҳсосот, андешаҳо, ормонҳо ва меҳру муҳаббатест, ки аз умқи қалб сарчашма мегирад. Шоир бо забони шеър он эҳсосеро баён мекунад, ки шояд дар қолаби суханони одӣ ғунҷоиш надошта бошад.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ лаҳзаҳое дорад, ки эҳсосоти ботинӣ ва андешаҳои ӯро ба эҷодкорӣ раҳнамоӣ мекунанд. Барои ман низ чунин лаҳза дар заминаи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе фаро расид.

Душанбе барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи давлатдорӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, рушди созандагӣ ва ифтихори миллист. Ин шаҳри зебо бо таърихи рангин, симои муосир, фарҳанги ғанӣ ва фазои дӯстонаи худ ҳамеша мояи ифтихори ҳар як тоҷики ватандӯст мебошад.

Маҳз ҳамин эҳсоси самимӣ маро водор сохт, ки бори нахуст қалам ба даст гирифта, дар васфи Душанбе шеър эҷод намоям. Ин нахустин қадами ман дар ҷаҳони шеър ва эҷодиёти бадеӣ буд.

Боиси хушнудист, ки бо нахустин эҷодиёт бо номи «Душанбе» дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» иштирок намуда, сазовори мақоми аввал гардам

Ин дастовард барои ман ангезаи бузург барои идомаи роҳи эҷодкорӣ, омӯзиши бештар ва такмили маҳорати суханварӣ мебошад. Зеро ҳар як қадами нахустин метавонад оғози роҳи бузурге бошад, агар бо меҳру муҳаббат, заҳмат ва ирода ҳамроҳ бошад.

Дар ин роҳи нахустини эҷодкорӣ наметавонам саҳму роҳнамоии устоди арҷмандам, шоир ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷумъа Махшулро нодида бигирам.

Бешубҳа, дар паси ҳар як қадами устувор роҳнамоӣ, насиҳат ва дастгирии инсонҳои соҳибтаҷриба меистад. Барои ман низ роҳнамоиву маслиҳатҳои устод дар ташаккули завқи адабӣ, бедор гардидани эҳсоси эҷодкорӣ ва ҷуръат пайдо кардан барои қадам гузоштан ба олами шеър нақши муҳим доранд.

Албатта, ин муваффақият масъулияти маро дар назди сухан, адабиёт ва ҷомеа бештар мегардонад. Бовар дорам, ки шеър метавонад василаи муассири ифодаи муҳаббат ба Ватан, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тарғиби зебоиҳои сарзамини маҳбубамон бошад.

Аз ин рӯ, нахустин эҷодиёти хешро, ки маҳсули эҳсоси самимӣ ва муҳаббати беандоза ба пойтахти кишвари азизамон аст, пешкаши хонандагон мегардонам.

 

ДУШАНБЕ

 

Ҷоно, Душанбе, зеби ҷаҳонӣ,

Зеби заминӣ, зеби замонӣ.

Дар оғуши ту сулҳу амонам,

Дорам ҷавонӣ, бо ту ҷавонам.

 

Дар сиккаҳоят тоби Каёнат,

Фотеҳи қисмат - разми забонат.

Чун Пешвоят қалбат мунаввар,

Шаъну тавонат шаҳболу шаҳпар.

 

Дороии ту дар Тоҷу Парчам,

Ваҳдаттаборӣ, эй нури олам.

Дори ба оҳанг пайғоми лабчанг,

Хиштат зи номус, қасри ту аз нанг.

 

Мират ба қудрат марди сиёсат,

Марди рафоқат, марди шуҷоат.

Илмаш физояд зеҳни замона,

Аз аҳди Ҷамшед дорад хизона.

 

Дар шиквазорон руҳат музаффар,

Тобат ба ишқи халқи диловар.

Дорӣ ба ҳикмат дунёи ибрат,

Дар ҳар канорат субҳи саодат.

 

Эй хиттаи ишқ, эй хоки Доро,

Субҳи Самарқанд, шоми Бухоро.

Лафзат чу Наврӯз сарбозу сафдар,

Дар нори таърих айни самандар.

 

Камзули сабзат сабзии дунё,

Пайки шукуҳат меҳри тавоно.

Мӯъҷизакорӣ чун менамоӣ,

Фардои миллат бо дилрабоӣ.

 

Шаҳдат ба ҳикмат меҳру муҳаббат,

Оини некат иқболи давлат.

Рахшанда ояд Ҷоми Ҷами ту,

Фарри Авасто дар Парчами ту.

 

Эй Тоҷикистон, ҷонат Душанбе,

Хонат Душанбе, шонат Душанбе.

Омад чу фарзанд, фарзанди дилбанд,

Дар ҳар нидояш овози Позанд.

 

Халқат баор аст, Рустамтабор аст,

Ҳам шаҳрдор аст, ҳам шаҳриёр аст.

Бо ту баҳорам, бе ту хазонам,

Дар резасанганат сахтии ҷонам.

 

Солиҳӣ Муборакшоҳ Мираҳмад,

донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон