ҶОВИДОНУ ПАРАФШОН БИМОН, ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН!
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таъриху тамаддуни куҳан, фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои волои миллати тоҷик мебошад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ нишонаи садоқат ба давлату миллат ва муҳаббат ба Ватани маҳбуб аст. Аз ҷумла, бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ёд кардани савганд рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад.
Парчами миллии Тоҷикистон аз се ранг - сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази он тоҷи зарҳалин ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Рангҳои Парчам дар тафсирҳои рамзӣ маъниҳои гуногунро ифода мекунанд: ранги сурх рамзи муборизаву ҷоннисорӣ ва истиқлол, ранги сафед нишонаи покиву сулҳу оромӣ ва ранги сабз рамзи сарсабзиву шукуфоӣ мебошад. Тоҷ ва ҳафт ситора низ таҷассумгари соҳибдавлатӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон бо «Дирафши Ковиёнӣ» яке аз рамзҳои куҳани давлатдорӣ дар таърихи ниёгони мо, пайванди маънавӣ дорад. Ин робита аз эҳтироми миллати тоҷик ба таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва суннатҳои давлатдории миллӣ шаҳодат медиҳад.
Парчами давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла барои мо — омӯзгорони даврони соҳибистиқлолӣ, рамзи бақои миллат, пойдории давлату Ватан ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчун омӯзгори ҷавон бар он назарам, ки Парчами миллӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон ба шумор меравад.
Дар тӯли таърих Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шуҷоат ва сарбаландӣ нақши муҳим бозидааст. Дар замонҳои гузашта лашкарҳо зери Парчам муттаҳид гардида, онро нишонаи озодиву пирӯзӣ медонистанд. Парчамдорон, ки дар сафи пеши лашкар ҳаракат мекарданд, бо ҷасорату матонати худ рамзи садоқат ба сарзамин ва давлат буданд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлату миллати мо мебошад. Парафшон гардидани он дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар мегардад. Баланд гардидани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ на танҳо муаррифии давлат, балки таҷассуми обрӯю нуфуз ва дастовардҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ парафшон бошад, дар қалби ҳар як сокини кишвар эҳсоси ифтихору сарбаландиро бедор созад ва ҳамчун рамзи ҷовидонаи озодиву соҳибистиқлолӣ ҳамеша баланд афрохта бимонад!
Усмон УСМОНОВ,
офис-бақайдгирандаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng