ХАТАР БА ОСОИШИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН
"Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст."
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир, ки хусусияти глобалӣ касб кардааст, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Ин амалҳои номатлуб боиси нооромии ҷомеа гардида, дар дили мардум тарсу ваҳмро ба вуҷуд меоранд. Куштор, ғоратгарӣ ва дигар амалҳои зӯроварона аз ҷумлаи паёмадҳои фоҷиабори ин зуҳурот мебошанд.
Одатан, шахсоне, ки ба чунин гурӯҳҳо мепайванданд, аз муҳити солими иҷтимоӣ дур шуда, зери таъсири ғояҳои ифротӣ қарор мегиранд. Онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ҳатто арзишҳои муқаддаси динӣ ва эътиқоди мардумро суиистифода мекунанд. Маҳз камбуди маърифати ҳуқуқӣ ва динии баъзе қишрҳои ҷомеа заминаи мусоид барои паҳншавии чунин андешаҳои ифротиро фароҳам меорад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдиди умумиҷаҳонӣ эътироф гардида, мубориза бар зидди он танҳо бо ҳамкории зичи кишварҳои ҷаҳон имконпазир аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар кишварҳое чун Афғонистон, Ироқ ва Сурия, инчунин дар баъзе давлатҳои аврупоӣ фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ боиси вайрон гардидани суботи сиёсӣ ва осоиши мардум гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» қабул гардиданд. Ин санадҳо заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин амалҳои хатарнокро фароҳам оварданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳми назаррас мегузорад. Аз ҷумла, баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (шаҳри Душанбе, майи соли 2018) бо иштироки намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ далели равшани ин аст.
Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳисси баланди масъулият дошта бошад. Хусусан ҷавонон, ҳамчун неруи ояндасози ҷомеа бояд аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ канорагирӣ намуда, сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии худро баланд бардоранд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯсти тоҷик барои пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм тамоми неру ва имкониятҳои худро равона хоҳанд кард. Онҳо ҳамчун муҳофизони арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ дар таҳкими сулҳу оромӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Мо бояд ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва сулҳу оромиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намуда, барои наслҳои оянда муҳити осоишта ва устуворро таъмин намоем.
Самарддини ШОҲНАЗАР,
ассистенти кафедраи андзбани ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng