КОНСТИТУТСИЯ АЗ НАЗАРИ МАН
Солҳои қабл, вақте ки калимаи «Конститутсия»-ро мешунидам, чунин тасаввур мекардам, ки ин китоби ғафси расмист, ки дар рафи утоқҳои кории ҳуқуқшиносон меистад. Аммо ҳоло, ки донишҷӯ шудаам, мебинам, ки чунин нест. Конститутсия ҳуҷҷатест, ки ба ҳаёти ҳар яки мо, аз кӯдак то пиронсол бевосита дахл дорад.
Барои ман Конститутсия ваъдаи давлат ба мардум ва ваъдаи мардум ба давлат аст. Давлат ваъда медиҳад, ки ҳуқуқу озодии инсонро ҳимоя мекунад, мардум бошад ваъда медиҳад, ки қонунро риоя мекунад. Моддаи 5 ҳамин ғояро кӯтоҳ ва равшан мегӯяд: инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ман ҳамеша аз таърихи ба вуҷуд омадани Конститутсия ҳайрон мешавам. Конститутсияи мо 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва ин дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки то соли 1997 давом кард. Яъне мардум дар замони хеле душвор ҳам ба ояндаи давлати худ боварӣ доштанд, ки ин аз бузургтарин нишонаҳои хиради мардуми мост.
Баъзан мепурсанд: Конститутсия ба ҷавони одӣ чӣ лозим аст? Ман ҷавобро дар ҳаёти одӣ мебинам. Дар як гурӯҳи донишҷӯён ҷавонон аз шаҳру деҳаҳои гуногун, аз оилаҳои гуногун ҷамъ омадаанд, вале ҳама дар як аудитория менишинанд ва ҳар кадом аз як ҳуқуқи таҳсил истифода мебарад. Ин манзараи одӣ ва зеборо Конститутсия ҳифз мекунад.
Конститутсия ба мо мефаҳмонад, ки Тоҷикистони чӣ гуна давлат аст: соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона. Ин калимаҳои мураккаб барои ман маънои одӣ доранд. Соҳибихтиёр, яъне мо худамон хоҷаи сарнавишти худем. Ҳуқуқбунёд, яъне қонун аз ҳама боло меистад. Дунявӣ, яъне дин аз давлат ҷудо аст ва ҳар кас дар интихоби эътиқоди худ озод аст.
Аммо Конститутсия танҳо аз ҳуқуқ иборат нест. Моддаи 42 мегӯяд, ки ҳар кас бояд Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад ва ҳуқуқу шарафи дигаронро эҳтиром намояд, яъне ҳуқуқ ва масъулият мисли ду бол ҳастанд, бе яке аз онҳо парвоз кардан имконнопазир аст.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои давлатро эҳтиром намояд, ҳуқуқи дигаронро риоя кунад ва дар ободии Ватани азиз саҳм гузорад..
Мо, ҷавонон бояд мазмуну муҳтавои Конститутсияро хуб омӯзем, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донем ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ кӯшиш намоем, зеро донистани қонун ва эҳтироми он нишонаи маърифати баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Абдуҳаким ҶАМОЛОВ,
донишҷӯи курси 1-уми факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng