Дар таърихи ҳар як давлат санаде ҳаст, ки ҳамчун асоси қонунгузорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пояи давлатдорӣ эътироф мешавад. Барои миллати тоҷик ин санад — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Конститутсия на танҳо як маҷмӯи қонунҳо, балки бахтномаи миллат, рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи устувор мебошад.  Дар тӯли таърихи пурпечутоби худ, халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба давлати мустақил ва низоми ҳуқуқбунёд муборизаҳои зиёд бурдааст. Қабули Конститутсия дар соли 1994 оғози марҳалаи нави давлатдорӣ ва заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ барои рушди ҷомеаи тоҷик гардид.

Нақши таърихии Конститутсия дар давлатдории миллӣ Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба як давраи душвори сиёсиву иҷтимоӣ ворид шуд. Маҳз қабули Конститутсия дар 6 ноябри соли 1994 имконият дод, ки давлат пояҳои ҳуқуқии худро устувор созад ва низоми демократиро дар асоси қонун ташаккул диҳад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эътироф намуд. Дар он муқаррар шудааст, ки манбаи ягонаи ҳокимият халқи Тоҷикистон аст ва тамоми амалҳои ҳокимият бояд ба нафъи мардум равона карда шаванд.

Бо қабули Конститутсия, Тоҷикистон роҳи худро ба сӯи давлатдории ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ интихоб кард. Дар он асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба таври равшан нишон дода шудаанд. Ин санад ба ташаккули мақомоти давлатӣ, танзими муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандон, ҳамчунин таҳкими истиқлолияти миллӣ мусоидат намуд.  Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд-ро арзиши олӣ мешуморад. Дар моддаҳои он ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодии сухан, виҷдон, таҳсил, меҳнат ва иштироки сиёсӣ кафолат дода шудааст.

Ин ҳама нишон медиҳад, ки Конститутсия танҳо як санади расмӣ нест, он асоси зиндагии осоишта ва адолати иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ба шарофати татбиқи Конститутсия, дар Тоҷикистон як ҷомеаи ором, муттаҳид ва рушдёбанда ташаккул ёфтааст. Дар доираи он қонунгузорӣ такмил ёфта, низоми маориф, тандурустӣ ва иқтисоди миллӣ бо суръат рушд мекунанд.

Конститутсия кафолати суботи давлат ва ваҳдати миллӣ
Конститутсия кафолати суботу оромӣ ва таҳкими давлатдорӣ мебошад. Ҳамаи қонунҳо ва қарорҳои давлатӣ дар асоси он қабул мешаванд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон тавонистааст пас аз солҳои мушкил давлати худро устувор ва мутамарказ созад. Сиёсати хирадмандона ва дурназаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои меъёрҳои Конститутсия такя дорад. Маҳз зери ин роҳбарӣ сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин гардиданд. Конститутсия ба давлат имкон дод, ки низоми устувори сиёсӣ ва иқтисодиро ташкил диҳад. Ҳамзамон, он ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз миллат, забон, дину мазҳаб ё ҷинс баробар эътироф кардааст.

Ифтихор аз Конститутсия ин ифтихор аз давлат ва миллат
Имрӯз ҳар як тоҷикистонӣ бояд аз доштани чунин Конститутсия ифтихор намояд. Зеро он на танҳо ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад, балки масъулияти шаҳрвандиро низ таъкид мекунад. Ҳар як шахс вазифадор аст, ки ба қонун итоат намояд, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром кунад ва ба ободии Ватан саҳм гузорад. Рӯзи 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн на танҳо рамзи эҳтиром ба қонуни асосӣ, балки нишони садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат мебошад. Конститутсия имрӯз барои ҳар як шаҳрванд рамзи ваҳдат, озодӣ, сулҳ ва пешрафт аст. Он мисли чароғе роҳи ҷомеаи тоҷикро ба сӯи ояндаи дурахшон равшан месозад.

Конститутсия - ин бахтномаи воқеии миллати тоҷик аст. Он ба кишвар сулҳ, субот ва имконияти рушди устувор овард. Ба шарофати он, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор гардонидааст. Конститутсия — рамзи ваҳдат, кафолати давлатдорӣ ва сарчашмаи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад. Он моро ба сӯи ояндаи ободу озод ва мутамаддин роҳнамоӣ мекунад.

 

Неъматуллои МИРЗОШО.

Бахтиёр АСЛАМЗОДА

- омӯзгорони  ДДМИТ