6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ин рӯйдод барои давлати ҷавон аҳаммияти бузурги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дошт. Аз як тараф, асосҳои сохтори конститутсионӣ, тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ҳуқуқии инсон муайян гардиданд. Аз тарафи дигар, ҷомеа соҳиби санаде шуд, ки барои аз вазъи нооромӣ берун овардани кишвар ва ба маҷрои қонунӣ ворид намудани равандҳои сиёсӣ хизмат мекард. Қабули Қонуни асосӣ ба мардум нишон дод, ки ҳалли масъалаҳои муҳимми давлатӣ бояд бо роҳи ҳуқуқӣ, дар асоси иродаи умум ва бо эҳтиром ба манфиатҳои миллӣ амалӣ карда шавад.

Дар моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст. Ҳар яке аз ин хусусиятҳо мазмуни мустақил дошта, дар маҷмӯъ моҳияти давлатдории навини тоҷиконро ифода менамояд. Соҳибихтиёрӣ мустақилияти давлатро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ ва хориҷӣ нишон медиҳад. Демократӣ будани давлат иштироки мардумро дар ташкили ҳокимият ва идоракунии корҳои ҷамъиятӣ дар назар дорад. Ҳуқуқбунёдӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ба Конститутсия ва қонун тобеъ месозад. Дунявият озодии виҷдон ва ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат кафолат медиҳад. Ягонагӣ бошад, тамомияти ҳудудӣ ва фаъолияти низоми ягонаи мақомоти давлатиро таъмин менамояд.

Муҳимтарин хусусияти Конститутсия дар он зоҳир мешавад, ки он ҳокимиятро бо қонун маҳдуд карда, ҳифзи инсонро ба вазифаи асосии давлат табдил медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд мақомоти давлатӣ наметавонанд берун аз доираи ваколатҳои муқарраргардида амал намоянд. Ҳар қарор бояд асоси ҳуқуқӣ дошта, ба манфиатҳои ҷомеа ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон мутобиқ бошад. Ин муносибат моҳияти нави давлатдориро ифода мекунад: ҳокимият барои таъмини зиндагии осоишта, ҳифзи ҳуқуқ, татбиқи адолат ва хизмат ба мардум таъсис меёбад.

Қонуни асосӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд. Ин муқаррарот дар шароити солҳои аввали истиқлол аҳаммияти махсус дошт, зеро ҷомеа оқибатҳои вазнини низои дохилиро аз сар мегузаронд. Эътирофи арзиши олии инсон маънои онро дошт, ки минбаъд қонунгузорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сиёсати иҷтимоӣ бояд ба ҳифзи ҳаёт, шаъну шараф, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона карда шаванд. Давлат дар назди инсон масъулият пайдо кард ва шаҳрванд низ уҳдадор гардид, ки Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намояд.

Дар Конститутсия соҳибихтиёрии халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ин принсип нишон медиҳад, ки ҳокимият аз иродаи мардум сарчашма гирифта, тавассути интихобот, раъйпурсӣ ва фаъолияти мақомоти намояндагӣ амалӣ мешавад. Чунин муқаррарот барои ҷомеае, ки роҳи мустақили давлатдориро интихоб карда буд, аҳаммияти бунёдӣ дошт. Шаҳрвандон на танҳо сокинони мамлакат, балки иштирокчиёни ҳаёти сиёсӣ ва соҳибони воқеии давлат эътироф шуданд.

Ҳамзамон, Қонуни асосӣ тавозуни низоми ҳокимияти давлатиро муқаррар намуд. Принсипи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ барои пешгирӣ намудани тамаркузи аз ҳад зиёди ваколатҳо ва таъмини фаъолияти пурмасъули мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардид. Ҳар як шоха вазифа ва салоҳияти худро дошта, дар доираи Конститутсия амал мекунад. Ҳамкории онҳо бояд ба ҳалли масъалаҳои давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва нигоҳ доштани устувории ҷомеа равона гардад.

Қабули Конститутсия заминаи ҳуқуқии гузариш аз идоракунии давраи буҳронӣ ба фаъолияти муназзами давлатӣ гардид. Дар асоси меъёрҳои он сохтори мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият такмил ёфт, мақоми Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, суд ва дигар ниҳодҳо муайян карда шуд. Раванди қабули қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва санадҳои соҳавӣ оғоз ёфта, низоми ҳуқуқии миллӣ тадриҷан ташаккул пайдо кард. Бо ҳамин роҳ соҳибихтиёрии сиёсӣ бо механизмҳои мушаххаси ҳуқуқӣ таъмин гардид.

Қонуни асосӣ ҳамчунин барои идомаи раванди сулҳ шароити зарурӣ муҳайё намуд. Музокироти сиёсӣ, қабули қарорҳои муҳим ва ба низоми қонунӣ ворид намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мавҷудияти пояи устувори конститутсионӣ такя мекарданд. Роҳбарияти давлат таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои расидан ба ризоияти миллӣ истифода намуда, манфиати давлат ва оромии мардумро аз ихтилофоти гурӯҳӣ боло гузошт. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба давраи муқовимат хотима бахшида, барои оғози корҳои созандагӣ шароит фароҳам овард.

Дар солҳои минбаъда нақши Конститутсия бо пешрафти давлат боз ҳам равшантар шуд. Он барои ташаккули сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва боло бурдани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ асоси ҳуқуқӣ гузошт. Ҳадафҳои стратегии мамлакат дар доираи арзишҳои конститутсионӣ муайян гардида, фаъолияти давлат ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шуд.

Таҷрибаи солҳои истиқлол нишон медиҳад, ки давлатдории устувор танҳо бо таъсиси мақомоти ҳокимият таъмин намегардад. Барои фаъолияти дурусти онҳо меъёрҳои равшан, тақсими дақиқи салоҳият, масъулият дар назди ҷомеа ва эҳтироми қонун зарур аст. Конститутсия ҳамаи ин унсурҳоро дар низоми ягона муттаҳид карда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам овард. Аз ин рӯ, омӯзиши он бояд бо дарки шароити таърихии қабул, вазифаҳои давлатсозӣ ва нақши роҳбарияти сиёсии мамлакат дар ҳифзу татбиқи арзишҳои конститутсионӣ анҷом дода шавад.

Рушди минбаъдаи давлати ҳуқуқбунёд аз он тақозо менамояд, ки Конститутсия дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти давлатӣ ва зиндагии шаҳрвандон мавқеи воқеӣ дошта бошад. Эҳтироми он бояд на танҳо дар суханрониҳо ва чорабиниҳои идона, балки дар қабули қарор, муносибат бо инсон ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ зоҳир гардад. Танҳо дар ҳамин сурат арзишҳои Қонуни асосӣ ба меъёри устувори зиндагии ҷомеа табдил меёбанд.

Дар шароити таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Конститутсия ҳар яки мо бояд аҳаммияти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва масъулияти худро дар назди ояндаи Тоҷикистон амиқ дарк намоем. Сулҳ, истиқлол ва давлатдорӣ неъматҳое мебошанд, ки бо талошу фидокории зиёд ба даст омадаанд. Ҳифзи онҳо дониш, ваҳдат, меҳнати содиқона ва эҳтироми қонунро талаб мекунад.

Итминон дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати созандаи мардуми кишвар пояҳои давлатдории миллӣ боз ҳам устувор гардида, Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи одилона ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон ба дастовардҳои нав ноил хоҳад шуд.

Бигзор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддаси давлатдорӣ, кафили сулҳу субот ва роҳнамои рушди ҷомеа ҳамеша мавриди эҳтироми мардуми кишвар қарор дошта бошад.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз муборак бошад!

 

Шавкат ИСМОИЛОВ,

устоди ДДМИТ