Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, на танҳо санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, балки яке аз омилҳои асосии ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Қабули он барои муайян намудани самтҳои стратегии рушди давлат, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асоси устувор гузошт. Аз ҷумла, Конститутсия заминаи ҳуқуқиеро фароҳам овард, ки дар доираи он илм, аз ҷумла математика, физика, химия, биология ва илмҳои замин, метавонад рушду инкишоф ёбад.

Конститутсия ба ҳар шахс озодии фаъолияти илмӣ, техникӣ ва эҷодиро кафолат дода, моликияти зеҳниро таҳти ҳимояи қонун қарор медиҳад. Ин муқаррарот барои рушди фаъолияти илмӣ аҳамияти махсус дорад, зеро натиҷаи ҳар як таҳқиқот, кашфиёт ва ихтироъ маҳсули заҳмати зеҳнӣ, ҷустуҷӯҳои пайваста ва талошҳои тӯлонии муҳаққиқ мебошад. Мавҷудияти чунин кафолатҳои ҳуқуқӣ ба олимон имкон медиҳад, ки бо боварӣ ба ҳифзи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии худ ба таҳқиқоти илмӣ машғул шаванд. Зеро пешрафти илм на танҳо дониш ва истеъдод, балки эътимод ба ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва натиҷаҳои меҳнати фикриро низ талаб мекунад.

Конститутсия барои ташаккули фазои мусоиди эҳтиром ба дониш, меҳнат ва фаъолияти созанда замина мегузорад. Албатта, танҳо қабули санади ҳуқуқӣ барои рушди ҳамаҷонибаи илм кофӣ нест. Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас зарур аст, ки муқаррароти конститутсионӣ дар амал татбиқ гардида, фаъолияти муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ бо шароити зарурии моддиву техникӣ таъмин карда шавад. Ҳар кишваре, ки ҳадафи пешрафти илмию технологиро дорад, бояд ба олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи хос зоҳир намояд. Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия таҳия ва қабул гардида, барномаҳои давлатии рушди илму маориф низ ба принсипу меъёрҳои он такя мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкории судманди давлат, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи илмӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи маърифат, густариши таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб нақши муҳим бозад.

Конститутсия ва илм дар роҳи пешрафти ҷомеа робитаи ногусастанӣ доранд: аввалӣ заминаи ҳуқуқӣ, озодиҳо ва кафолатҳои заруриро фароҳам меорад, дуюмӣ бошад, ин имкониятҳоро ба дастовардҳои воқеии илмӣ ва технологӣ табдил медиҳад. Ин робитаи мутақобила барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад, зеро ҳалли бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори кишвар ба татбиқи дастовардҳои илмӣ вобаста мебошад.

Илмҳои табиатшиносӣ дар омӯзиши қонунҳои табиат, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва пешгирии хатарҳои экологӣ нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, дастгирии ин соҳаҳо, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти илмӣ ва ташаккули тафаккури илмӣ яке аз шартҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бори дигар таъкид намоем, ки ояндаи кишвар на танҳо ба захираҳои табиӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ, балки ба сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ, дастгирии навовариву ихтироъкорӣ ва муносибати масъулонаи мо ба табиат низ вобаста аст. Аз ҳамин лиҳоз, эҳтиром ба Конститутсия бояд ҳамқадами эҳтиром ба дониш, илм, маориф ва масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои оянда бошад. Зеро маҳз ҷомеаи донишмеҳвар метавонад заминаи боэътимоди рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро фароҳам оварад.

 

Рухшона ИБРАГИМОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ