Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоссаи худ дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол рамзи бахту саодат, сарсабзиву хуррамӣ, сарбаландии миллат ва давлатдории тоҷикон буда, орзуву ормонҳо, мақсаду ҳадафҳои созандаи миллати тамаддунофари моро таҷассум менамояд. Он дар минбарҳо ва қасрҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ парафшонӣ карда, аз соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва нуфузи кишвари азизамон дарак медиҳад. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошанд.

Таърихи парчамдории мо — тоҷикон, реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номус ва шуҷоату ватандӯстии ниёгони мо парафшонӣ кардааст. Ин рамзи таърихӣ дар адабиёти оламшумули мо низ ҷойгоҳи хосса дорад. Беҳтарин намунаи тасвири онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ метавон мушоҳида кард. Фирдавсии бузург бо тасвири Дирафши Ковиёнӣ орзуву ормонҳои мардумро таҷассум намуда, наслҳои ояндаро ба ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги ниёгон ҳидоят кардааст.

Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро пайдо кардааст. Парчами давлатӣ садое аз таърихи пурифтихори миллати сарбаланди мост ва ба ҳар як шаҳрванд ёдрас менамояд, ки он рамзи Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон мебошад. Истиқлол бошад, самараи муборизаву талошҳо, ҷоннисориҳо ва ормонҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик аст.

Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик зери парафшонии ин парчами ваҳдатофар дар фазои сулҳу оромӣ, амнияту субот зиндагӣ намуда, бо иттиҳоду сарҷамъӣ барои ободиву пешрафти Ватани азизамон талош меварзанд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ мекунанд.

Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Он ҳамчун нишонаи давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва олимпиадаҳои байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар гоҳе ки варзишгарони тоҷик ба майдонҳои бузурги байналмилалӣ мебароянд, онҳо на танҳо маҳорати шахсии худро нишон медиҳанд, балки боиси муаррифии номи Тоҷикистони азиз низ мегарданд.

Ҳар як пирӯзии варзишгарони тоҷик ва ба ифтихори он баланд гардидани Парчами давлатӣ, садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон мухлиси варзиш дар қалби мардум эҳсоси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро боз ҳам қавитар мегардонад. Парчами давлатӣ на танҳо ба мо шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар қалбамон бедор намуда, меҳру муҳаббат ба Ватанро дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд фурӯзон нигоҳ медорад.

Пас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зеро Парчам рамзи ҳастии миллат, соҳибистиқлолии давлат, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва таҳти сояи он сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон пойдор бимонад!

 

Суҳроб НАБИЗОДА,

донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ