Конститутсия дар низоми давлатдории ҳар як кишвар мақоми махсус дошта, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян менамояд. Маҳз тавассути Конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шуда, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, мавҷудияти давлати мустақил, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бидуни доштани Конститутсияи мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тасавур кардан ғайриимкон аст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, инчунин, рамзи соҳибистиқлолии давлатӣ, ваҳдати миллӣ, соҳибихтиёрии халқ ва оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ мебошад. Қабули он дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали Истиқлолият рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 зарурати ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ ва қабули Конститутсияе, ки ба воқеияти нави сиёсиву иҷтимоии кишвар мутобиқ бошад, ба миён омад. Зеро Конститутсияи пешин дигар наметавонист муносибатҳои ҷамиятӣ ва асосҳои давлатдории мустақили Тоҷикистонро пурра инъикос намояд.

Бо вуҷуди вазъи мураккаби сиёсӣ ва мушкилоти солҳои истиқлолият, масъалаи таҳияи Конститутсияи нав аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард. Дар ин раванд бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвони миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияи лоиҳаи санади мазкур вусъат дода шуда, он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Аҳамияти таърихии ин санад пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва асосҳои сохтори конститутсионии мамлакатро ба таври ҳуқуқӣ мустаҳкам намуд. Ҳамзамон, Тоҷикистони азизи мо ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ имконият пайдо кард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро дар асоси манфиятҳои миллӣ ва талаботи муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ созад.

Мутобиқи моддаи 1-и Конститутсияи мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин меъёр хусусияти сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатро муайян намуда, ҳамчун принсипи асосӣ барои фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ хизмат мекунад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Конститутсия ташаккул ва таҳкими низоми ҳуқуқии давлат мебошад. Конститутсия ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқ тамоми соҳаҳои қонунгузориро фаро гирифта, таҳия, қабул ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқиро муайян менамояд.

Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, этибори ҳуқуқӣ надоранд. Ин меъёр барои таъмини волоияти қонун, устувории низоми ҳуқуқӣ ва пешгирии қабули санадҳои мухолиф ба принсипҳои конститутсионӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳамзамон, тибқи қисми сеюми моддаи 10-и Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ин ҳолат ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хусусияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки тибқи он ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда мешавад. Ин принсип дар моддаи 5-и Конститутсия дарҷ гардида, тамоми фаъолияти давлатро ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон равона месозад.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо маҷмӯи имкониятҳои ҳуқуқии шахс, инчунин, асоси муносибатҳои демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳар як шахс новобаста аз миллат, нажот, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоии худ дорои ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 14-и Коститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. Ҳамчунин, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ гардида, фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд. Дар ин замина, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии шахс, дахлнопазирии манзил, озодии сухан, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳсил аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳими конститутсионии инсон ба ҳисоб мераванд.

Тибқи моддаи 41-и Конститутсия ҳар шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад ва давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Ин меъёр нишон медиҳад, ки Коститутсия на танҳо асосҳои сиёсию ҳуқуқии давлатро муайян мекунад, инчунин, барои рушди неруи зеҳнӣ, маърифатнокӣ ва тарбияи насли наврас низ заминаи муҳим мегузорад.

Мутобиқи моддаи 42-и Конститутсия дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя карда, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Ин талабот масъулияти ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҳар як шахсро дар назди ҷомеа муайян мекунад. Ҳамзамон, омӯзиши Конститутсия бояд аз муассисаҳои таълимӣ оғоз гардида, дар оила ва муҳити корӣ идома ёбад.

Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дошта, ҳамчун асоси ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди низоми қонунгузорӣ ва ташаккули ҷомеаи муосир хизмат менамояд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия на танҳо санади муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои имрӯзаи мост, инчунин, кафолати ҳуқуқии ояндаи давлату миллат ва роҳнамои наслҳои оянда мебошад.

 

Ҷаҳоноро ТАБАРОВА,

оператор-ҳуҷҷатгузори кафедраи

аудит ва назорати молиявии ДДМИТ